Хабари рӯз

 Ашраф Ғанӣ ва доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз соя берун хоҳанд омад: Амрико мехоҳад тавофуқномаи амниятии 10-сола бо Афғонистонро тамдид кунад.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Ба назар мерасад, дасисаи дигаре дар атрофи Афғонистон дар ҳоли рух додан аст, ки на танҳо охирин раисҷумҳури Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, балки охирин раиси иҷроияи ҳукумати ҷумҳурӣ, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ мумкин аст дар он ширкат дошта бошад.

Ҳамон тур, ки чандин манбаъ гузориш доданд, намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Покистон, Туркия, Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Қатар зоҳиран дар трибунҳои ғайрирасмӣ дар мавриди идеяи тамдиди созишномаи амниятии мунъақидшуда дар поёни сентябри 2014 байни Иёлоти Муттаҳида ва давлати Ҷумҳурии Исломи Афғонистонро баҳс мекунанд.

Ин созишнома ба муддати 10 сол бо имкони тамдиди минбаъда тарроҳӣ шудааст. Он мабнои қонунии ҳузури доимии низомии Амрико дар Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз ин кишварро танзим мекунад.

Мо дар мавриди тақрибан 10 ҳазор сарбози амрикоӣ сӯҳбат мекунем, ки мутобиқи созишномаи амниятии моҳи сентябр ҳақ доранд дар Афғонистон ба ҳадафи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ мустақар шаванд.

Агарчи режими ҷумҳурӣ дар августи 2021 фурӯ пошид ва нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаву НАТО Афғонистонро тарк карданд, созишномаи амниятӣ маҳкум нашуд ва ҳанӯз ба қуввати худ боқӣ аст.

Ин бад-он маъност, ки усулан ҳар лаҳза як гурӯҳи 10-ҳазорнафарии амрикоӣ метавонад ба хоки Афғонистон мунтақил шавад, ки бар асоси мабонии ҳуқуқии комил дар ин кишвар хоҳад буд.

Ба гуфтаи манобеъ, дар Вашингтон ва теъдоде аз кишварҳои минтақа алоқа ба ҳифзи як чорчӯби қонунии коромад барои идомаи ҳузури Амрико дар Афғонистон вуҷуд дорад (агар рӯзе ба кор биёяд чӣ?). Ва аз ин рӯ, ниёз ба тамдиди созишномаи амниятӣ барои 10 соли дигар вуҷуд дорад, ки ба таври расмӣ то се моҳи дигар ба охир мерасад.

Гӯё дар ҳамин росто дар сентябри 2024 дар Покистон ин гуна барномарезӣ шудааст, ки як давлати тақрибан комили ҷумҳурихоҳи Афғонистон ба раҳбарии раисҷумҳур Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ташкил шавад. Ва зоҳиран аъзои ин давлат дар маросими тамдиди созишномаи амниятии 30 сентябри 2014 ширкат хоҳанд кард.

Толибон, ки ба расмият шинохта нашудаанд, наметавонанд аз ин маросим ҷилавгирӣ кунанд. Илова бар ин, адами пойбандии Толибон ба теъдоде аз мафоди қарордоди Доҳа бо Иёлоти Муттаҳида дар феврали 2020, фуқдони дастовардҳои воқеии давлати Толибон дар мубориза бо ДОИШ ва тавлиди маводи мухаддир, мумкин аст далеле барои тамдиди Созишномаи амниятӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Амрико шавад, ки эҳтимолан дар сентябри соли ҷорӣ дар Покистон сурат гирад.

Ба сахтӣ метавон гуфт, ки ин сенария дар амал чӣ қадар имконпазир хоҳад буд. Бо ин ҳол, далоили хубе барои ин бовар вуҷуд дорад, ки талош барои тамдиди созишномаи амниятии 2014 мумкин аст дарвоқеъ анҷом шавад.

Албатта, ин бад-он маъно нест, ки ба зудӣ як гурӯҳи 10-ҳазорнафарӣ аз нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон пайдо мешавад. Бо ин ҳол, дар сурати лузум, дар оянда, Вашингтон заминаҳои қонунӣ барои чунин демарше хоҳад дошт, ки бо он метавонем ба Русия, Чин, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа “табрик” бигӯем.

“Бозии бузург”-ро пайгирӣ мекунем.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!