Хабари рӯз

Чаро сафари вазири хориҷаи Эрон ба Афғонистон шикаст хӯрд?

Нависанда: Шуайб Солеҳ, "Садои Афғонистон"

Сафари якрӯзаи Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ба Афғонистон бо ҳавошии мухталифе ҳамроҳ буд, ки нишон аз печидагиҳои равобити дипломатии Эрону Толибон дошт. Ин сафар, ки нахустин ҳузури як мақоми баландпояи эронӣ пас аз ба қудрат расидани Толибон ба Афғонистон маҳсуб мешуд, аз сӯи Толибон “оғозгари фасли ҷадид” дар равобити ду кишвар эълом шуд, аммо адами дидори Ироқчӣ бо мақомоти аршади Толибон ва ҳузури ҷанҷолиаш дар ресторане дар Кобул, саволоти зиёдеро дар мавриди дастовардҳои ин сафар ва ояндаи таомулоти дипломатии Эрону Афғонистон барангехт.

Аммо бо вуҷуди изҳорот ва таблиғоти фаровон перомуни ин сафар, истиқболи сард аз Ироқчӣ, ки аз сӯи мақомоти миёнпояи Толибон анҷом шуд, саволоти зиёдеро ба вуҷуд овард. Акси Ироқчӣ бо раисулвузарои Толибон дар ҳоле ки бо вуҷуди парчами гурӯҳи Толибон хабаре аз парчами давлат ва кишвари Эрон нест, ҳам аз сӯи бисёре аз мунтақидон хиффатбор ва тавҳиномез талаққӣ шудааст. Бавежа он ки ҷаноби раисузвузаро тарҷеҳ дод аз тариқи мутарҷим бо Ироқчӣ гап бизанад. Ин як тамасхур ва ришханди исрор бар таърих ва фарҳанги муштарак аз сӯи тарафи эронӣ буд. Гуфта шуда, бахши умдаи баданаи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва бархе аз давлатмардону соҳибназарони ҳавзаи Афғонистон дар ин кишвар мухолифи ин сафар будаанд.

Дар ҳоле ки ба иддаои тарафайн тавсеаи равобити иқтисодии байни ду кишвар дар шумори муҳиммтарин аҳдофи ин сафар баршумурда шудааст, аммо яке аз нукоти қобили таваҷҷуҳ, адами дидори Ироқчӣ бо Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири Толибон буд! Ин мавзӯъи муҳим, ки расонаҳои ҳар ду тараф аз канори он убур карданд, мӯҷиби нигарониҳое дар хусуси сатҳи таомулоти дипломатӣ байни Эрону Толибон шуд.

Аз сӯи дигар, дар камоли ҳайрат расонаҳои Толибон, ки барномарезӣ ва контроли комил бар пӯшиши ин сафарро дар даст доштанд, иҷоза надоданд то Ироқчӣ дар канори ҳамтои толиби худ бо хабарнигорон сӯҳбат кунад! Вай танҳо ва ба танҳоӣ дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд, ки бо вуҷуди исрори тарафайн бар иттиҳоду бародарӣ ва шиорҳои дипломатии мушобеҳ, худ нишонае аз вазъияти печидаи равобити сиёсӣ байни ду тараф буд.

Ҳузури Ироқчӣ дар ресторане дар Кобул низ бозтоби зиёде дар миёни корбарони Афғонистони дошт ва ба мавзӯи ҳошияие дар расонаҳо табдил шуд. Ин иқдом бавежа замоне қобили таваҷҷуҳ шуд, ки бо ҳамин рафтор вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафари вай ба пойтахти Сурия ва мутаоқиби он сарнагунии Башшор Асад ва суқути Димишқ муқоиса шуд. Ҳамчунин ин ресторангардӣ ҳамзамон бо интишори гузоришҳое аз вазъияти буҳронии иқтисодӣ ва фақри сиёҳи ҷорӣ дар Афғонистон, аз ҷумла суқути арзиши пули афғонӣ, ин амалкард намоишӣ ва сафари ин ҳайати дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон ба ин кишвар бештар ба чашм омад.

Сафари Аббос Ироқчӣ ба Кобул, ба рағми таъкидоти Толибон бар аҳамияти он, нишондиҳандаи навъе дипломатияи мӯҳтотона ва бидуни дастовардҳои малмус буд. Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки Эрон дар ин сафар ҳамчунон дар талош барои ҳифзи равобит бо Толибон аст, вале аз сӯи дигар, адами имкони таомул бо мақомоти болотари Толибон, монанди Абдулғанӣ Бародар, нишондиҳандаи рафтори сарди Толибон ва бозии таҳқиромези ин гурӯҳ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Бар хилофи изҳороти таблиғотии тарафайн ин гузораҳо нишон дод, ки маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар ин равобит аст.

Илова бар ин, нақдҳое дар хусуси сиёсатҳои Эрон дар қиболи Толибон матраҳ шудааст. Бавежа дар шароите, ки бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Русияву Чин низ дар таомулоти худ бо Толибон бознигарӣ кардаанд, ба назар мерасад, ки Эрон ҳамчунон сиёсати инфиолии худро дар қиболи ин гурӯҳ думбол мекунад. Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки агар Эрон ба ислоҳи сиёсатҳои худ дар Афғонистон ва истифода аз фурсатҳои дипломатӣ напардозад, мумкин аст дар баробари руқабо ва душманони минтақаӣ ва байналмилалии худ, дар мавқеияти заифтаре қарор гирад.

Дар ин миён, нигарониҳое низ дар хусуси адами тавоноии Эрон дар барқарории таомулоти дипломатии муассир бо Толибон вуҷуд дорад, ба вежа бо таваҷҷуҳ ба вазъияти буҳронии амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон. Бархе нозирон ҳушдор додаанд идомаи ин навъ равобит, ки аз сӯи бархе ба унвони як “сиёсати шикастхӯрда” тавсиф мешавад, метавонад боиси инзивои бештари Эрон дар минтақа ва тазъифи мавқеияти ин кишвар дар мувоҷиҳа бо чолишҳои амниятӣ ва иқтисодӣ шавад.

Ба таври куллӣ, сафари Ироқчӣ ба Кобул бештар ба унвони як ҳаракати намодин дар сиёсати хориҷии Эрон талаққӣ мешавад, ки ҳанӯз натавонистааст ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе мунҷар шавад. Ояндаи равобити Эрону Толибон ҳамчунон комилан мубҳам аст ва бастагӣ ба тағйироти сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон ва таҳаввулот минтақаӣ пеши рӯ дорад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!