Хабари рӯз

НАТО чӣ гуна мардуми Аврупоро бо “силоҳи саратонӣ” мекушад?

Нависанда: Николай Плотников, доктори улуми сиёсӣ, раиси Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия

ДАР АКС: нақшаи расмии НАТО: 6 апрел то 11 июни 1999 аз муҳиммоти ҳомили ураниуми заифшуда дар ин ҷойҳо истифода шудааст

Дар ҳошияи конфронси байналмилалие, ки дар пойтахти Босния ва Ҳерзговин баргузор шуд, ҳайати Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия бо Марко Вукович ва Славко Ждрале мулоқот кард. Ҳар ду узви Академияи улум ва ҳунари Ҷумҳурии Сербска (тибқи тавофуқнома Дейтон, яке аз қаламравҳои Босния ва Ҳерзговин) ҳастанд, ки ба далели дастовардҳои худ дар пизишкӣ шинохта шудаанд. Вукович ҷарроҳи ортопед, Ждрале ҷарроҳи низомӣ ҳастанд. Дар тӯли ҷанги дохилӣ дар Босния ва Ҳерзговин, ҳазорон низомӣ ва ғайринизомиро наҷот додаанд.

Пас аз поёни ҷангҳо, ҳар ду бо густариши бесобиқаи саратони инсон ва ҳайвоноти хонагӣ дар Ҷумҳурии Сербска мувоҷиҳ шуданд. Далели он истифодаи НАТО аз муҳиммоти ураниуми заифшуда алайҳи Югославия собиқ аст. Он шомили 99% ураниуми 238 аст.

Ҳини инфиҷори муҳиммот то 70 дарсад аз ураниуми заифшуда ба аэрозол табдил мешавад. Таъсири химиёвии ураниуми заифшуда миллионҳо баробар бештар ба бадани инсон садамаҳои генетикӣ мерасонад ва ин бештар аз таъсири ташаъшуъот (радиатсия) аст. Ҳар чӣ заррот кӯчактар бошанд, хатарноктар ҳастанд. Онҳо дар восилаҳои зиёде пахш мешаванд, ба роҳатӣ дар шушҳо нуфуз ва хоку гиёҳҳо, обу ғизоро олуда мекунанд.

Академикҳо маводи воқеии азимеро ҷамъоварӣ кардаанд. Соли гузашта китоби “Зиёнҳои ураниуми заифшуда” - и Вукович, ки ба кӯмак Ждрале навишта шуда буд, ба нашр расид.

Он гуна, ки академик Вукович ишора кард, Бритониё қасд дорад пӯстаҳое бо ҳастаҳои ураниуми заифшуда ба режими Киев арза кунад. Истифода аз онҳо тавассути НАТО дар Ҷумҳурии Сербска боиси густариши бемориҳои саратонии гурдаҳо, аъзои ҳазми ғизо ва гардиши хун, шушҳо, гулӯ, бинӣ, ҳалқ, тухмдонҳо мешавад.

Худи Вукович қурбонии авоқиби истифода аз ураниуми заифшуда шуд. Ӯ дар соли 1995 муддати зиёдеро дар манотиқе гузаронд, ки ҳавопаймоҳои НАТО бо бомбҳои ураниуми заифшуда ҳамла карданд. Пас аз 15 сол ташхис дода шуд, ки ӯ ба варами гурдаи чап мубтало аст. Барои наҷот академик, ҳамкорон маҷбур шуданд онро ҳазф кунанд. Бисёре аз аъзои хонаводаи ӯ бар асари саратон ҷони худро аз даст доданд.

Вукович мегӯяд, ураниуми заифшуда як қотили хамӯш аст. Он ҳамаро беравия мекушад, аммо на билофосила, балки пас аз гузаштани замоне. Барои таъйиди ин мавзӯъ, академикҳо як сарбози собиқро ба ҷаласае бо ҳайатҳои Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия даъват карданд. Ба далоили ахлоқӣ номи ӯро зикр намекунем. Гуруҳе, ки ин сарбоз узваш буд (14 нафар), аз маҳалли инфиҷори муҳиммот бо ураниуми заифшуда ду километр дур буд. То кунун ҳафт нафар аз ин гурӯҳ бар асари саратон фавтидаанд. Ӯ худ барои аввалин бор се сол пас аз анҷоми маъмрияти низомиаш ба саратони руда мубтало шуд. Сипас дар ӯ варами мағзи сар ва саратони гулӯро кашф карданд. Баъд аз амалиёт ӯ ҳарф зада наметавонад ва фақат садо медиҳад.

НАТО аз муҳиммоти ураниуми заифшуда ба таври густурда дар Ҷумҳурии Сербска ва Сербистон, ба вежа дар Косово ва Метохияву Воеводина истифода кард. Бар асоси иттилооти расмӣ, НАТО танҳо дар Сербистон ҳудуди 15 тон ураниуми заифшуда андохтааст. Аммо ҳеҷ кас намедонад, ки рақами воқеӣ чӣ қадар аст.

Теъдоди беморони саратонӣ дар Ҷумҳурии Сербска байни солҳои 1996 то 2002 чаҳор баробар ва мизони маргу мир дар муқоиса бо давраи қабл аз бомбаборонҳо 2,2 баробар афзуд. Дар Сербистон, байни солҳои 2000 то 2010, теъдоди беморон саратонӣ ҳар сол 2 дарсад рушд доштааст (барои муқоиса, дар Иёлоти Муттаҳида, ин рақам дар давраи мушобеҳ солона 0,6 дарсад коҳиш ёфтааст), ва теъдоди маргумирҳо 2,5 дарсад аст.

Аз соли 1999 то 2019 дар Ҷумҳурии Сербска теъдоди варами саратон 700 ҳазор сабт шудааст. Дар ин миён 400 ҳазор нафар бар асари саратон дар он ҷо ҷон бохтанд. Акнун Сербистон яке аз пештозон дар теъдоди маргумири ношӣ аз саратон дар Аврупо аст.

Мақомоти НАТО мегӯянд, ки зоҳиран ураниуми заифшуда хатари қобили таваҷҷуҳе барои саломатии инсон надорад. Сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Белград, Кайл Скот, бо тарки симмати худ ин иддаоро пеш овард, ки ураниуми заифшуда як омили саратонзо нест ва афзоиши саратон дар миёни сербҳо дар коди генетикии онҳо аст.

Аммо дар мавриди афзоиши теъдоди беморони саратонӣ дар миёни нерӯҳои низомии собиқ нерӯҳои байналмилалии KFOR, ки дар қаламрав Косово таҳти раҳбарии НАТО хидмат мекарданд, чӣ мешавад гуфт? Оё онҳо ҳамон коди генетикии сербҳоро доранд?

Ба гуфтаи муҳаққиқони италияӣ, беш аз 370 сарбози собиқи Италия, ки дар Косово ва Метиохия хидмат кардаанд, бар асари саратон ҷони худро аз даст доданд. Аввалин қурбонӣ Салваторе Вакаи 23-сола буд, ки чанд моҳ пас аз бозгашт ба хона бар асари саратони хун даргузашт.

Сарбозони бемори италияӣ ва хонаводаҳояшон садҳо шикоят алайҳи давлат танзим кардаанд ва хостори ғаромати пулӣ шудаанд. Фармондеҳӣ аз авоқиби манфии истифода аз муҳиммоти ураниуми заифшуда огоҳ буд, аммо низомиёнро аз иқдомоти ҳифозатие, ки бояд аъмол шавад, мутталеъ накарданд.

Беморони мубтало ба варамҳои бадсифат дар миёни низомиёни Испания, Дания, Португалия, Фаронса, Норвегия ва Олмон низ ошкор шуданд. Илова бар ин, давлати Олмон иддаои ҷуброни хисорати сарбозони олмониро, ки аз ураниуми заифшуда ранҷ мебурданд, рад кард.

Ин савол матраҳ мешавад: чаро ҳеҷ як аз ҳукуматҳои Сербистон ва Ҷумҳурии Сербска то кунун алайҳи НАТО ба далели истифода аз силоҳҳои мамнуъа ба додгоҳи Гаага шикоят накарданд? Сербҳо ҳамеша мардуми шуҷоъ ва озодихоҳ будаанд. Онҳо аз чӣ чизе метарсанд? Аз ин ки онҳо дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО пазируфта нахоҳанд шуд?

Нимаи умри ураниуми 238 4,5 миллиард сол аст. Ва ин бад-он маънӣ аст, ки ҳарсола теъдоди бештаре аз беморони саратонӣ дар Балкан зоҳир мешаванд. Вукович мӯътақид аст, ки истифода аз партовҳои радиоактив дар муҳиммот, навиддиҳандаи асри ҷадид ва ваҳшатноке дар ҷангҳои оянда аст, ҷое, ки марз байни силоҳҳои мутаориф ва ғайримутаориф дар ниҳоят аз байн меравад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!