Хабари рӯз

Тасвире торик аз ояндаи ҷаҳону минтақа ва Афғонистон дар рӯёрӯии қудратҳои бузург

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

- Ҳамон туре, ки дар сӯҳбатҳое гуфта будам, Украина дер ё зуд миёни Русия, Полша ва Венгрия тақсим хоҳад шуд ва Молдавия миёни Русия ва Руминия.

- Ҷаҳони пасоҷанги Украина барои ҳамеша ҷаҳони дигар бо бозигарон ва қутбҳои ҷадид хоҳад буд.

- Сайтараи мутлақи 30-солаи низомӣ ва ҳафтодсолаи доллари амрикоӣ ба чолиш кашида шудааст.

- Ҷаҳон дарвоқеъ бо як “шӯрише” мувоҷеҳ гардида, ки тезии аслии он алайҳи назми 400-солаи ҷаҳонӣ, умдатан Аврупомеҳвар ва пас аз суқути Шӯравӣ Амрикомеҳвар, қарор дорад.

- Русия, Чин ва Ҳинд дар сутуҳи мухталиф мехоҳанд ҷаҳонро чандқутбӣ бисозанд. Ин гурӯҳро бозигарони пурқудрати минтақаии осиёӣ, ба мисли Ветнам, Индонезия ва то ҳадде Филиппин дар Шарқи Дур; Эрон, Туркия ва Арабистони Саудӣ дар Ховари Миёнаи Бузург; Миср, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ дар қораи Африқо; Мексика, Бразилия, Аргентина ва Чили дар қораи Амрико ҳимоят мекунанд.

- Рӯёрӯии чандсавия нишонаи хастагии аксарияти ҷаҳон аз султаи Ғарб аст, ки зери номи демократия ва озодӣ талоши фаровон намуд, то натанҳо арзишҳои хешро бар давлатҳо ва мардумони соири кишварҳо таҳмил намояд, балки ҳамзамон омили шигофи бузург миёни фақр дар кишварҳои “ҷануб” ва рифоҳу сарватҳои бузург дар “шимол” гардидаанд.

- Кишварҳои собиқ муттаҳиди Амрико дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин ба гунаи тадриҷӣ мехоҳанд нигоҳашонро аз бохтар ба сӯи ховар ба ҳайси маркази ояндаи қудрати сиёсӣ ва иқтисодӣ тағйир диҳанд.

- Дар ин матн ҷанги Украина мавзӯъи “ҳастӣ ва нестӣ”-и ҳарду сӯ аст, ки ҳамзамон бо буҳрони бузурги сохтори сармоядорӣ ҳамгом шуд ва хатари эҳтимоли ҷанги вайронгари ҳастаиро хеле баланд бурдааст.

- Нишонаҳои ин ҷанг натанҳо дар гуфтору кирдори ду ҷониб бозтоб меёбад, балки авомили дигар аз буҳрони энергетикӣ то маводи ғизоӣ ва аз инфлятися то эҷоди натсионализми ситезаҷуёна низ болои он таъсир мегузорад.

- Омили аксари ҷангҳои асри сармоядорӣ маълули буҳронҳои иқтисодӣ будааст.

- Ҷаҳони даврони гузор ё ба сӯи нобудӣ ва ё ҳам тағйири бузург дар равобити байналмилалиро шоҳид аст.

- Минтақаи мо яке аз майдонҳои рақобатҳои бузург аст.

- Аввалин занги тағйир алайҳи қудрати Чин, дар Покистон ба садо даромад. Кудитои “нарм” алайҳи Имронхон, оғози барномаест барои буҳронсозӣ дар минтақа.

- Тағйири ҳукумат дар Покистон ва бомбаборони манотиқи Хӯсту Кунар дар ҷуғрофияи Афғонистон, паёми равшан дошт: посухи мусбат ба хости Иёлоти Муттаҳида дар ростои эҷоди фишор болои толибони* таҳти ҳимояти Имронхон ва Чин.

- Аз сӯи дигар ҷабҳаҳои машкук аз миёни низомиёни собиқи вобаста ба Амрико дар Афғонистон дар ҳоли зуҳур аст.

- Бахши бузурге аз раҳбарони муҷоҳидони собиқ омода барои “ба кироя гирифтан” мешаванд.

- Ҳузури гурӯҳи вобаста ба MI6 (МИ6) ва CIA (СРУ) ба номи ДОИШ-и Хуросон* дар Шимол (и Афғонистон) барҷастатар мешавад.

- Дар дарун вазъияти буҳронсоз, доме ҳам барои дар ҳоли паҳн шудан аст.

- Талош мешавад то Чин ба сӯи ҷанг бо Тайван кашонда шавад.

- Фазои муташанниҷи байналмилал таъсири мустақим болои вазъияти мардуми минтақа дорад.

- Барномаи оянда иборат аз доман задан ба ҷангҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар минтақа аст, ки оғози он аз ҷуғрофияе ба номи Афғонистон бояд бошад (воқеан, куштори ҳазораи шиа ва аҳли тариқати суннимазҳаб аз сӯи такфириҳои салафиву ваҳҳобӣ, ки рӯзҳои ахир дар Афғонистон шоҳидаш ҳастем, далели барҷастаи ин гуфтаҳост - Сангар).

- Дар ояндаи наздик Афғонистон метавонад ҳамчу бомба минтақаро мунфаҷир шавад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!