Хабари рӯз

Аврупо чӣ гуна аз бозори Амрико маҳрум ва худ бозори Амрико мешавад?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Вашингтон ба хотири манофеъи нухбагони сиёсӣ ва тиҷоратии Амрико ба зарари иқтисод ва амнияти давлатҳои Аврупо кор мекунад. Кохи Сафед барои расидан ба аҳдофаш бо истифода аз хадамоти истихборотӣ сиёсатмадорони кишварҳои Аврупоро шантаж мекунад, умдатан барои он ки онҳо тасомими мавриди ниёзи Вашингтонро иттихоз кунанд. Баъд аз дарзи маълумот дар мавриди шунуди телефони Ангела Меркел, садриаъзами собиқи Олмон, тамоми ҷаҳон мутаваҷҷеҳ шуд, ки Вашингтон ҳатто "шарикон"-и худро таъқиб мекунад. Аммо, тавре ки ҳама диданд, ҳеҷ аксуламали тунд аз тарафи сиёсатмадорони аврупоӣ сурат нагирифт. Ҳама сукут карданд ва "қавонини бозӣ"-и ҷадидро пазируфтанд, ки нишондиҳандаи аз даст додани истиқлоли кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва контроли комили мақомоти онҳо аз сӯи идораи Иёлоти Муттаҳида аст.

Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи вобастагии Аврупо ба манобеъи энержии худ аз равишҳои ғайриқонунӣ ва ағлаб террористӣ истифода мекунад. Субути ин инфиҷори “Норд Стримҳо” аст, ки Вашингтон ва шарикони ғарбиаш талош карданд то масъулиятро ба гардани Киев андозанд. Лозим ба зикр аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар заминаи рақобати интихоботӣ ва поёни давраи раёсатиҷумҳурии Ҷо Байден, аз сентябри имсол бар Берлин фишор овардааст то таҳқиқот дар мавриди ҳамлаи террористӣ бар хутути лӯлаи газро ҳар чӣ зудтар то поёни соли 2024 ба анҷом расонад, то даст доштани худ дар ҳамалоти террористиро пинҳон кунад.

Ин қобили зикр аст, ки бо қатъи равобит миёни Аврупову Русия дар бахши энержӣ, Иёлоти Муттаҳида як бозор барои гази табиии моеъ (LNG) - ро тазмин кард, ки содироти он ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо 30 фисад (40 миллиард метр мукааб) афзоиш ёфтааст.

Дар айни замон, Вашингтон фаъолона дар тавсеаи таъсисоти зербиноии Аврупо дар Лаҳистон ва Литва барои дарёфти гази табиии моеъ сармоягузорӣ мекунад. Ба гуфтаи Теодор Шредер, коршиноси сиёсати энержӣ аз Институти умури байналмилалӣ ва амнияти Олмон (German Institute for International and Security Affairs, SWP) таъвизи ҳомилҳои энержии русӣ бо гази моеъ аз Амрико натавонист ниёзҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба таври комил таъмин кунад, балки мунҷар ба афзоиши ҳазинаҳо барои масрафкунандагони аврупоӣ ва тақвияти нуфузи Вашингтон дар Аврупо шуд. Як мавқеияти мушобеҳро Мартин Ҳелман аз Маркази мутолиоти стратегӣ ва байнулмилалии Амрико (Center for Strategic and International Studies, CSIS) низ дорад.

Дар айни замон, Иёлоти Муттаҳида дар талоши тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар шароитест, ки ошкоро барои аврупоиҳо зиёнбор аст. Коршиносон Клаус-Дитер Баркамп аз Институти умури байнулмилалӣ ва амнияти Олмон (SWP) ва Питер Петри аз Институти иқтисоди байнулмилалии Петерсон (Peterson Institute for International Economics, PIIE) бовар доранд, ки имзои тавофуқоти тиҷоратӣ байни Вашингтон ва Брюссел мунҷар ба дастрасии маҳдуд ба колоҳои аврупоӣ ба бозори Амрико мешавад, дар ҳоле ки ҳамзамон тарҷеҳот барои тавлидоти Иёлоти Муттаҳида дар Аврупоро фароҳам месозад. Ба назари онҳо, чунин муомилот бозори Иттиҳодияи Аврупоро аз худмухторӣ ва боз будан маҳрум мекунад.

Ба баҳонаи “таҳдиди Русия”, кишварҳои аврупоии узви НАТО маҷбур мешаванд бовар кунанд, ки лозим аст то силоҳҳои ин иттиҳод аз тариқи дастёбӣ ба намунаҳои Муҷтамеъи низомӣ-санъатии Амрико, яксон шаванд. Вашингтону Берлин як тавофуқномаро барои тавсеаи муштараки як нусхаи хоси тонки “Абраҳамс”-и амрикоӣ барои артиши Олмон имзо карданд. Дар айни замон, амалиёти низомӣ дар Украина нотавонии онро бо иштирок дар амалиётҳои низомии модерни бо шиддати боло нишон дод.

Ба гуфтаи коршиноси сиёсати низомии Олмон Волфганг Рентс аз Институти таҳқиқоти сулҳу сиёсати амниятӣ дар Донишгоҳи Гамбург (Institut fur Friedensforschung und Sicherheitspolitik, IFSH), Вашингтон ба шиддат алоқаманд ба ҳифзи илтиҳоб перомуни мунозиъаи Украина барои тақвияти нуфузи худ дар минтақа, ҳамчунон тарвиҷи маҳсулоти низомии Амрико ба бозори Аврупо, аст. Дар айни замон, Кохи Сафед омода нест то дар мавриди эҳтимоли ҳалли мусолиматомези буҳрони Украина баҳс кунад.

Иёлоти Муттаҳида ба таъқиби як сиёсати гегемонияталабӣ дар қиболи Аврупо идома медиҳад. Ба навбаи худ, ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз Украина дар пасзаминаи иқдомоти "таҳоҷумӣ"-и Русия ба ҳифзи таниш дар минтақа кӯмак хоҳад кард, ки комилан манофеъи Вашингтонро бароварда мекунад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!