Хабари рӯз

Кӣ ба Украина сулҳу субот хоҳад овард?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Давраи панҷсолаи раёсатиҷумҳурии Владимир Зеленский дар моҳи майи 2024 ба поён расид. Ӯ дар мусоҳибае бо нашрияи амрикоии Axios дар таърихи 25 сентябри 2025 изҳор дошт, ки омода аст пас аз поёни ҷанг бо Русия мақоми худро тарк кунад ва ҳамчунин дар сурати барқарории оташбас, баргузории интихобот дар Украинаро оғоз хоҳад кард.

Бо ин ҳол, шанси ӯ барои ҳифзи қудрат аз тариқи раъйгирии умумӣ, дар шароити афзоиши потенсиали эътирозии мардум дар пайи шикастҳои густурдаи низомӣ, хатоҳои фоҳиши Киев дар сиёсати хориҷиву низомӣ, талафоти сангин дар ҷабҳаҳо, “басиҷи саросарӣ”, фурӯпошии иқтисод ва фақри умумӣ бисёр андак аст.

Ҳамзамон, Зеленский ба эҳтимоли зиёд зери зарбаи нерӯҳои рости ифротӣ ва мухолифони низомии миллигаро қарор хоҳад гирифт, ки ҳар гуна тавофуқи сулҳ бо Русияро хиёнат ба манофеъи миллӣ талаққӣ хоҳанд кард.

Дар талош барои ҳифзи қудрати дар ҳоли завол ба ҳар қимате, Киев ҳатто иқдомоти “инсондӯстона”-е ҳамчун озодии мутақобили асирон ва табодули аҷсоди низомиёнро ба абзори бозиҳои сиёсии касиф табдил кардааст. Ибтикорҳои Федератсияи Русия барои табодули асирон ҳамвора бо иқдомоти таҳрикомези режими Украина ҳамроҳ мешавад, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ ё ба таъхир андохтани музокироти сулҳ аст.

Дар айни ҳол, лағви чунин иқдомоте ба баҳонаҳои воҳӣ ба Киев ин имконро медиҳад, ки раванди музокиротро “тахриб” кунад, хусумат бо Русияро афзоиш диҳад, мавҷи тозае аз русситезӣ дар хориҷ эҷод кунад ва барои афзоиши кӯмакҳои ғарбӣ тавҷеҳ битарошад.

Нигаронии режими Киев ҳамчунин ношӣ аз афзоиши ҳимояти интихоботӣ аз шахсиятҳои бонуфузе аст, ки дар дохилу хориҷ ба унвони ҷойгузини Зеленский талаққӣ мешаванд. Муҳиммтарин рақиби раиси феълии режим ба таври суннатӣ Валерий Залужний, фармондеҳи кулли пешини нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст. Шавоҳиди ин амр натоиҷи таҳқиқоти ширкати ҷомеашиносии украинии “Рейтинг” (21-23 августи 2025) аст, ки нишон медиҳад сатҳи эътимоди умумӣ ба фармондеҳи кулли собиқ 74 дарсад дар баробари 68 дарсад барои Владимир Зеленский аст.

Бадбинӣ ва бозии сиёсии раҳбарии Украина , ки ба ҷои ҷустуҷӯи роҳиҳалли созишомез барои сулҳ, бар тадовуми даргирии мусаллаҳона ва коршиканӣ дар ибтикорҳои инсондӯстонаи Русия исрор мекунад, намунаи равшанест, ки нишон медиҳад барои Зеленский, дастёбӣ ба сулҳ мутародиф бо худкушии сиёсӣ аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!