Хабари рӯз

Интихоби Исроил фақат ҷангу таҷовуз ва қатли ом аст.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, вижа барои “Сангар

Телавив аз ҳаллу фасли мусолиматомези муноқишаи Фаластин ва Исроил худдорӣ мекунад ва ба шиддат ҳар гуна талош барои тавофуқ ва тасбити вазъиятро нодида мегирад. Қатли оми фаластиниҳо дар навори Ғазза, ки он ҷо то кунун садҳо ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд, идома хоҳад ёфт.

Телавив дубора масири наслкуширо интихоб кард, роҳеро, ки бо иқдомоти Олмони нозӣ дар даврони ҷанги ҷаҳонии дувум қобили муқоиса аст. Ва Исроил дар дастёбӣ ба аҳдофи худ қасд надорад худро ба рафтору васоил маҳдуд кунад.

Иқдомоти он суботи минтақаӣ дар Ховари Миёнаро, ки ба таври табиӣ пуртаниш аст ва равобит миёни кишварҳо дар он тайи қарнҳо ба ҳар навъе, ки ҳастанд, шакл гирифтаанд, бештар аз пеш тазъиф мекунад. Исроил на танҳо талошҳои наслҳои мухталифи сиёсатмадорон барои расидан ба сулҳро барбод медиҳад, балки ҳуқуқи байналмилалро ба хатар меандозад, обрӯи қудратмандтарин бозигарони минтақаиро мерезад ва ҳар гуна талош барои музокираро ба сифр баробар мекунад.

Намунаи боризи ин иқдомоти вайронгар, ҳамалоти нерӯи ҳавоии Исроил ба Қатар аст. Дар 9 сентябр, 15 ҷангандаи исроили 10 бомби ҳавоӣ бар дафтари ҷунбиши Ҳамос дар Давҳа фурӯ рехтанд. Бо таваҷҷуҳ ба вусъати ҳамлаи ҳавоӣ, наметавон аз интихоби дақиқи аҳдоф сухан гуфт. Исроил ба шакли ваҳшиёнае як маҳаллаи комилро бомбаборон кард ва ҳатто бо ин ҳама талош натавонист ба аҳдофи мавриди назар бирасад. Он гуна ки мегӯянд, “бори каҷ ба манзил намерасад”.

Раҳбарии Ҳамос кушта нашуд: қурбониёни ҳамлаи ҳавоӣ 5 корманди қатории ҷунбиш ва як афсар қатарӣ буданд. Танзи талхи моҷаро дар ин аст, ки ҳайати Ҳамос бо ҳадафи музокира дар Давҳа ҷамъ шуда буд то охирин пешниҳодоти Доналд Трамп барои оташбас дар навори Ғаззаро баррасӣ кунад.

Иқдоми Телавив дар тамоми кишварҳои исломии минтақа вокунишеро, ки пешбинӣ мешуд, барангехт. Ҳама медонанд, ки Қатар ҳамвора мавзеъи бетарафона нисбат ба тарафҳои даргир дошт. Давҳа маҳалли мӯътабари музокира аст. Ин ҷо созмонҳои башардӯстона барои ҳимоят аз мардуми ғайринизомӣ тамаркуз кардаанд.

Аммо Исроил - ин кишвари воқеан душмани сулҳ бо ҳамла ба Қатар раванди сулҳро агар барҳам назад, хеле ба ақиб андохт ва буҳрони инсонӣ дар навори Ғаззаро шиддат бахшид. 9 сентябр, Телавив дар асл ба яке аз муҳиммтарин миёнаравҳо дар ҳалли эҳтимолии буҳрон ҳамла кард. Ин иқдом, он гуна ки иддао мешавад, ҳатто бар хилофи назари Амрико ва бисёре аз ниҳодҳои Иттиҳодияи Аврупо анҷом шуд. Онҳо зоҳиран хостори ҳалли мусолиматомез буҳрон буданду ҳастанд.

Нахуствазири Исроил, Бинёмин Нетаняҳу, башиддат беэътиноии худро нисбат ба эътирози дунёи араб нишон дод ва эълом кард, ки сиёсати таҷовузгаронаи худро дар баробари ҳамсоягонаш дар минтақа идома хоҳад дод, ҳатто агар ин иқдомот дар тазод бо ҳуқуқи байналмилал, ақли салим ва виҷдони ибтидоӣ бошад.

Аз сӯи дигар, нахуствазири Қатар, шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Ҷосим оли Сонӣ, ваъда дод, ки таҷовузи Исроилро бепосух нахоҳад гузошт. Кишвари ӯ дар ҳоли машварат бо ҳамсоягони минтақаӣ барои иттихози иқдомоти мутақобил аст. Иқдомоти Телавивро Қатар ба унвони терроризми давлатӣ талаққӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, минтақа дар як интизори изтироболуде ба сар мебарад. Ҳамлаи Исроил нишон дод, ки дигар ҳеҷ макони амне дар Ховари Миёна вуҷуд надорад. Ҳар кишвар дар ҳар лаҳза мумкин аст сарнавишти Қатарро таҷриба кунад. Имрӯз баҳси посухи ҷамъӣ ба таҷовузи Исроил ба таври ҷиддӣ матраҳ аст. Агар ин иттифоқ биафтад, минтақае, ки аз пеш пуртаниш аст, вориди марҳалаи ҷадиде аз ташдиди буҳрон хоҳад шуд. Ин мавзӯъ барои ҳама равшан аст, ҷуз Исроил.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!