Чӣ гуна Украина дар ҳоли табдил шудан ба маркази қочоқи силоҳи ҷадидтарин дар ҷаҳон аст?
Нависанда: Толиб Алиев, Сангар
Ҷанги байни Русияву Украина он қадар, ки дар нигоҳи аввал ба назар мерасад, содда нест. Муддатҳост, ки дар он на танҳо ду тараф - Русияву Украина - даргир шудаанд. Кишварҳои ғарбӣ (Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Фаронса ва ғайра) мушорикати фаъоле доранд, ки ба шиддат Киевро бо силоҳ мусаллаҳ мекунанд ва саъй мекунанд дасту пои Русияро аз назари иқтисодӣ бо таҳримҳо бубанданд. Маскав дар ҳоли посух додан ба амалкардҳои Ғарб аст. Тамоми кишварҳо, манотиқ ва ҳатто кулли қораҳо ба ин гирдоби рӯйдодҳо кашида мешаванд. Дар кишварҳои арзакунандаи силоҳ ба Украина, мушкилоти иқтисодӣ ба шакли афзоиши қимат энержӣ, ғизо ва колоҳои рӯзмарра оғоз шудааст. Кишварҳои бузурги ғарбӣ Русияро тарк мекунанд ва талошҳое барои ҷойгузинии онҳо ва ироаи хадамот барои як зиндагии маъмулӣ ба мардум як зарурат шудааст. Гуруснагӣ дар Африқо ба далели гоҳ-гоҳ қатъ шудани арзаи маводи ғизоӣ дар ҳоли афзоиш аст. Таваррум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ афзоиш ёфтааст, арзҳои миллии давлатҳо аз назари арзиш рекорд мезананд ва билофосила арзон мешаванд, ки ба нафъи иқтисод нест ва ҳамчунин боиси афзоиши қиматҳо мешавад.
Ба назар мерасад, ки ҳамаи ин мушкилот КОВИД-2019 – и ахирро ҳам таҳти шуоъ қарор додааст ва ҳеҷ чиз бадтар аз ин наметавонад бошад. Аммо агар фарз кунем, ки бархе аз силоҳҳои ғарбии арзашуда ба Украина дар гардиши ғайриқонунӣ қарор мегиранд, мумкин аст тасвири он чӣ дар ҳоли вуқӯъ аст, комилан мутафовит шавад. Ба гуфтаи Юрген Шток, дабири кулли Интерпол, ӯ шакке надорад, ки дар пасзаминаи ҷанги Украина, қочоқи аслиҳа афзоиш хоҳад ёфт. Дабири кулли Интерпол тавзеҳ дод: “Ҳам дар минтақаи Балкан ва ҳам дар саҳнаи амалиёти Африқо, шоҳид будем, ки ҷиноёти созмонёфта талош мекунад аз ҳарҷу марҷ, дастрас будани силоҳҳо, ҳатто силоҳҳое, ки тавассути артиш истифода мешавад, истифода кунанд”.
Аз ибтидои соли ҷории мелодӣ, Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ғарбӣ арзаи силоҳ ва муҳиммот ба Украинаро афзоиш додаанд, ки ин раванд пас аз оғози амалиёти вежаи Русия идома ёфт. Илова бар худравҳои низомӣ, ҳукумати Киев миқдори зиёди сомонаи мушаки зиддиҳавоии қобили ҳамл (ПЗРК) Стингер (Stinger) ва Старзстрик (Starstreak), сомонаи мушакии зидди тонк (ПТРК) Ҷавелин (Javelin) ва NLAW (Next Generation Light Anti-tank Weapon - Силоҳи зиддитонки сабки насли баъдӣ), аслиҳаҳои зиддитонки сабук ва ҳвитзар (гаубитса), паҳподҳои камикадзе, ва ҳамчунин силоҳҳои сабук, кулоҳи эминӣ (шлем) ва зиреҳи бадан (бронижилет)-ро дарёфт мекунад. Ин кор ҳатто бо вуҷуди шумораи сериали силоҳҳое, монанди сомонаи мушакии зиддитонки Ҷавелин осон намешавад. Мақомоти Пентагон гузориш медиҳанд, ки наметавонанд дақиқан бигӯянд, ки ин силоҳҳо дар куҷои Украина қарор доранд ва оё украиниҳо дар ҳоли ҳозир аз онҳо истифода мекунанд ё хайр. Артиши Украина дар мавриди ҳар снаряди шилликшуда ва ин ки чӣ касе ва чӣ замоне шиллик кардааст, ба таъминкунандагони худ иттилоъ намедиҳад. Амалан ҳеҷ контроли таслиҳотӣ вуҷуд надорад.
Дар сурате, ки таслиҳот (силоҳҳо)-и пешрафта ба дасти унсурҳои радикал биафтанд, фаъолиятҳои террористӣ ва ҷинояткорона миқёсҳои комилан мутафовите пайдо хоҳанд кард. Дар он сурат ҳамаи мо шоҳиди дунёе комилан дигар хоҳем буд, ки дар он зиндагии инсон ҳеҷ арзише надорад. Агар Стингер ва Ҷавелин қаблан ба дасти террористҳо афтода бошанд, дар ин сурат таҳдиде барои фазои ҳавоӣ, фурудгоҳҳо ва сохтимонҳои давлатӣ эҷод мешавад. Қочоқи аслиҳа аз Украина мумкин аст хеле зуд ба мушкили шумораи яки ҳама табдил шавад, ин силоҳҳо дар саросари ҷаҳон густариш меёбад ва ба эҳтимоли зиёд бештарин ҳаҷми ин қочоқ ба кишварҳои ИДМ ирсол мешавад. Дар бархе аз ин давлатҳо, қаблан "тамринот" барои талошҳои ҷавонони хунгарм барои иқдом алайҳи намояндагони мақомоти қонунӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон баргузор шудааст. Дар Қафқоз низ оромӣ вуҷуд надорад - Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон. Ҳамчунин, зарродхонаи низомии боқимонда аз Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро фаромӯш накунед. Ин силоҳҳо низ контрол намешаванд ва ба роҳатӣ ба дасти созмонҳои террористии байналамилалӣ афтодаанд.
Ба унвони мисол, борҳо собит шудааст, ки силоҳҳои амрикоӣ тавассути созмонҳои террористӣ, монанди Алқоида, ДОЪИШ, Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Лашкари тайиба, Таҳрики Толибони Покистон ва ғайра истифода мешавад. Ин созмонҳо имрӯз озодона фаъолият мекунанд ва пойгоҳҳои худро дар Афғонистон доранд. Худи Толибон ҳанӯз як созмони террористӣ маҳсуб мешаванд ва ба маънои воқеии калима ба 85 миллиард доллар аз Амрико силоҳ дарёфт кардаанд. Ва Толибон ба навбаи худ ин таслиҳотро дар ихтиёри созмонҳои террористии дар Афғонистон фаъоли таҳти ҳимояти худ қарор дод. Ин созмонҳо ба таври мустақим кишварҳои ҳамсояро таҳдид мекунанд. Кофӣ аст ҳамалоти мушакӣ аз Афғонистон ба Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳаводиси марзҳои Эронро ёдоварӣ кунем.
Ҳоло танҳо бояд ба ин фикр кунем, ки агар арзаи беравияи силоҳҳо аз сӯи Иёлоти Муттаҳида идома ёбад, дар оянда чӣ чизе дар интизори мо хоҳад буд.