Антонов сафири Русия ва Халилзод дипломати амрикоӣ дар Cafe Milano - и Вашингтон шом хӯрданд
Нависанда: Андрей Серенко, директори Марказ таҳлилии сиёсатшиносони Русия
Манбаъ: телеграм - канали "Андрей Серенко"
Залмай Халилзод, дипломати амрикоии афғониюласл, бо дархост аз Анатолий Антонов, сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳида барои сарфи шом бо ҳамтои украинии ӯ, талош мекунад нақши миёнҷӣ байни Вашингтон ва Маскавро ифо кунад. Чӣ замоне Толибон дар дасиса зоҳир мешаванд?
Politico интригаи ҷадидеро ворид фазои расонае кард - сафири Русия Антонов, дипломати амрикоӣ Халилзод ва донишманди сиёсии рустабори Амрико Дмитрий Саймз дар Cafe Milano дар Вашингтон шом хӯрданд. Мавзӯъи гуфтугӯ - ҷустуҷӯи формула барои эҳёи равобити Русияву Амрико ва ҳамчунин поён додан ба ҷанг дар Украина аст.
Чӣ чизе ин ҷо барои мо ҷолиб аст? Албатта, аввал аз ҳама, миёнҷигарии Халилзод, марде, ки муомилаи Америка бо Толибонро дар Доҳа дар соли 2021 танзим кард, ки мунҷар ба интиқоли Афғонистон ба контроли Толибон шуд.
Зоҳир шудани чеҳраи Халилзод дар "Бозии бузург" – и Украина мумкин аст илова бар бархе нукоти зарифи дигар (тавзеҳи далоили "ғарқ нашудани" Замир Кобулов бошад, ки дар ҷиҳати Афғонистон сиёсати хориҷии Русия шикаст хӯрд, аммо ҳамчунон дар як вазифа дар вазорати умури хориҷаи Русия боқӣ мондааст, шояд на танҳо ба далели ҳимояти бархе аз чеҳраҳои ҷолиб дар мақомоти аршади Русия (ва ин Путин нест), балки ба далели робитаи вежа бо Залмай Халилзод), имкони рӯ ба рӯ шудан дар "Бозии бузург" дар Афғонистон фароҳам шудааст.
Клани Халилзод дорои манофеъи тиҷорӣ ва сиёсии хусусӣ дар Афғонистон аст. Агар Залмай Халилзод фақат як бор барои ғизо хӯрдан бо оқои Антонов наомадааст, балки ба таври ҷиддӣ ва тӯлонӣ вориди бозӣ шудааст, пас метавон фарз кард, ки дар дасисаи "ҳусули сулҳ дар Украина" ва "бозгардондани тафоҳуми мутақобил" байни Вашингтон ва Маскав, мавзӯъи “бозгашт ба ҳамкорӣ” ба зудӣ дар самти Афғонистон зоҳир хоҳад шуд.
Бахусус, ки суннатҳои тасбитшудае дар ин ҷо вуҷуд дорад. Ва гап танҳо дар ин нест, ки Русия барои ҳудуди як даҳа комилан фаъолона ба амалиёти Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон кӯмак кард ва имконоти ҳавоиву заминии худ (як маркази луҷистик дар Уляновск) - ро барои зерсохтҳои тадорукотии гурӯҳи афғонии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО фароҳам сохт.
Дипломатияи Русия дар кӯмак ба Иёлоти Муттаҳида барои дастёбӣ ба аввалин тавофуқ бо Толибон, ки яку ним сол пеш дар пойтахти Қатар ҳосил шуд, кӯмак намуд. Дар чорчӯби ин ҳамкорӣ, равобити шахсӣ байни Залмай Халилзод ва Замир Кобулов, фиристодаи вежаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон шакл гирифт ва тақвият шуд. Агар бозии дипломатии Русия дар ҷиҳати Афғонистон, ки аз хатти Вашингтон ҳимоят мекунад, набуд, ҳанӯз маълум нест, ки чӣ қадар тӯл мекашид, то амрикоиҳо Толибонро маҷбур ба имзои сулҳ бо Иёлоти Муттаҳида кунанд.
Ростӣ, наметавон гуфт, ки Русия дар натиҷаи ин бозии муштараки дурахшон байни тими Халилзод ва тими Кобулов чӣ хайре насиби худ кард. Аммо баёни чунин саволоте дар дастгоҳ ва фарҳанги сиёсие, ки дар Русия эҷод шудааст, расм нест. Бино ба шоъеоти афғонӣ, ширкаткунандагони аслӣ дар дасисаи муштараки Русия ва Амрико зарар надиданд. Ва муҳиммтар аз ҳама, тамосҳои шахсӣ ҳифз шудааст, ки ба назар мерасад, акнун метавон онҳоро низ фаъол кард. Ва натанҳо ба хотири сулҳ дар Украина.
Имрӯз Иёлоти Муттаҳида дар талош аст то дувумин муомилаи сиёсӣ бо режими Толибонро дар Афғонистон анҷом диҳад. Ба роҳатӣ метавон алоқаи Залмай Халилзодро ба ин бозӣ фарз кард, ки ба далоили шахсӣ ба шиддат алоқаманд ба тақвияти режими Толибон (бигзор ба қимати бархе аз тағйироти он бошад) аст. Дигаргунии режими Толибон низ тавассути Вашингтон расмӣ тарвиҷ мешавад, ки ба думболи як модели беҳинаи ҷадид барои нуфуз бар Афғонистон аст. Дар айни ҳол, тарафи амрикоӣ бар алоқаи худ ба ҳифзи режими Толибон дар қудрат таъкид менамояд ва дар айни ҳол сигналеро ба муқовамати зидди Толибони Афғонистон дар мавриди ғайри қобили қабул будани муборизаи мусаллаҳона алайҳи диктатураи Толибон дар Кобул ирсол мекунад.
Ба ҳар ҳол, ба роҳатӣ метавон дарёфт, ки мавзеъи вазорати хориҷаи Русия, ки Замир Кобулов ҳанӯз дар ҷиҳати Афғонистон тадвин мекунад, амалан бо мавзеъи Амрико тафовуте надорад.
Агар тамоми ин шиорҳои таблиғотии зиддомрикоиро, ки иқдомоти воқеии масъули умури Афғонистонро аз майдони Смоленская мубҳам мекунад, ҳазф кунед, он гоҳ як тафовути асосӣ дар рӯйкарди Русияву Амрико дар қиболи режими Толибон дар Кобулро нахоҳед ёфт. Ва ин эҳтимолан тасодуфӣ нест.
Ин ҳама ба хотири чӣ? Ин воқеият, ки муҳим нест Залмай Халилзод чӣ коре анҷом диҳад, сарфи назар аз ин ки дар мавриди ҳар сафире дар марокизи ғизохӯрии Вашингтон дар мавриди чӣ чизе сӯҳбат мекунад, ӯ ҳамеша манфиати шахсии худро дар назар хоҳад дошт. Ва ин манфиат Афғонистон аст.
Дар ин росто метавон чунин фарз кард, ки агар иқдомоти дипломатияи ғизо бо ҳузури намояндагони Русия ва Залмай Халилзод идома ёбад, бояд мунтазири зуҳури як проекти ҷадиди ҳамкорӣ байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар ростои Афғонистон бошем, ки афзудае ба интрига дар Украина хоҳад буд. Барои мисол, Кохи Сафед дар ивази дарёфти ҳимояти Русия барои дастёбӣ ба тавофуқи дувум бо Толибон, шурӯъ ба таъдили хатти зиддирусии худ дар масири Украина кардааст. Бо имтиёзи изофӣ, масалан, ҳузури каму тақрибан ғайринизомӣ дар яке аз ҷумҳуриҳои зебои Осиёи Марказӣ.
Бар асоси шоеъот, Маскав пеш аз ин ба Вашингтон пешниҳод дода буд, ки Афғонистонро бо Украина “мубодила” кунад. Аммо пас аз он ин пешниҳод дар Кохи Сафед тақозое пайдо накард. На ин воқеият, ки акнун ҳама чиз рушан пеш хоҳад рафт. Бо ин ҳол, ба назар мерасад талоше аз сӯи бархе бозигарон дар ҳар ду пойтахт барои пайванд додани парвандаи Украина ва Афғонистон (Толибон) дар як проект дар ҳоли анҷом аст.