Хабари рӯз

Созмони Милали Муттаҳид намояндаи Покистонро раиси Кумитаи таҳримҳо алайҳи Толибони Афғонистон таъйин кард.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Асли матлаб: مرغ پاکستان تخم طلایی داد

Дар акс: Осим Ифтихор Аҳмад, намояндаи доимии Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ба унвони раиси Кумитаи таҳримҳои 1988-и Шӯрои амнияти СММ мансуб шудааст, ки бар асоси як рӯйхати ҷадидан мунташиршуда аз нақшҳои раҳбарии кумита барои соли 2025, таҳримҳои ҳадафманди Толибонро назорат мекунад.

Тасмими Созмони Милали Муттаҳид мабнӣ бар интихоби намояндаи Покистон ба унвони раиси Кумитаи таҳримҳо алайҳи Толибони Афғонистон (бар асоси қатъномаи 1988) ва ҳамчунин вогузарии симмати муовинати раёсати Кумитаи мубориза бо терроризми Шӯрои амният ба ин кишвар, як таҳаввули муҳимми дипломатӣ ба шумор меравад; Таҳаввуле, ки метавонад паёмадҳои чандҷонибае барои Толибон, Афғонистон, Покистон ва ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳамроҳ дошта бошад.

Бо раёсати Покистон бар Кумитаи таҳримҳо, ба эҳтимоли зиёд назорат бар фаъолиятҳои толибони афғонистонӣ ташдид хоҳад шуд. Ин назорат метавонад шомили эъмоли маҳдудиятҳои бештар дар заминаи сафар, масдудсозии дороиҳо ва эъмоли таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи гурӯҳи Толибон бошад; Чаро ки дар ҳоли ҳозир, муносибот миёни толибони афғонистонӣ ва Покистон чандон матлуб ба назар намерасад ва эҳтимоли истифодаи Покистон аз ин мавқеияти тоза, вуҷуд дорад.

Ин интихоб мумкин аст толибони Афғонистонро тарғиб кунад, ки дар сиёсатҳои худ бознигарӣ кунанд ва ба хостаҳои ҷомеаи байналмилалӣ, бавежа дар заминаи ҳуқуқи башар ва мубориза бо терроризм, таваҷҷуҳи бештаре нишон диҳанд.

Ин интихобот аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони таъйиде бар нақши фаъоли Покистон дар мубориза бо терроризм ва тааҳҳуди он ба амнияти минтақае талаққӣ мешавад; Покистон бо дар ихтиёр доштани нақшҳои калидӣ дар кумитаҳои Шӯрои амният, метавонад бар таҳаввулоти Афғонистон ва сиёсатҳои Толибон таъсиргузор бошад; бавежа дар муқобила бо гурӯҳҳои шибҳинизомӣ, монанди Таҳрики Толибони Покистон (TTP), ки аз хоки Афғонистон фаъолият мекунанд.

Бархе кишварҳо ва ниҳодҳо мумкин аст нигарон бошанд, ки Покистон аз мавқеияти ҷадиди худ барои пешбурди манофеъи миллиаш истифода кунад, бавежа бо таваҷҷуҳ ба равобити таърихиаш бо Толибони Афғонистон.

Барои баҳрабардории муассир аз ин мавқеият, Покистон бояд шаффофият ва бетарафии худро дар иҷрои таҳримҳо ва сиёсатҳои зиддитерористӣ нишон диҳад то эътимоди ҷомеаи байналмилалиро ҷалб кунад.

 

Паёмад

Интихоби Покистон ба ин маносиби калидӣ дар Созмони Милали Муттаҳид фурсате барои афзоиши фишор бар Толибон ва тақвияти мубориза бо терроризм дар минтақа аст. Бо ин ҳол, муваффақияти ин рӯйкард бастагӣ ба тааҳҳуди Покистон ба иҷрои бетарафонаи таҳримҳо ва ҳамкории муассир бо соири кишварҳо дорад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!