Ғарб боз як қурбонии дигарро бо афсонаҳои “озодиву демократия” афсун мекунад.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"
Асли матлаб: Монголия напрашивается на свою украинизацию?
Дар остонаи таҷлил аз ҳаштодумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Ухнагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон дидор кард. Ӯ дар суханронии хайрамақдамии худ изҳор дошт, ки равобити ҷомеъи мушорикати стратегӣ бо Муғулистони дӯст яке аз авлавиятҳои сиёсати Русия аст.
Улан-Батор як шарики муҳимми тиҷоратӣ барои Маскав аст (дар соли 2024 гардиши тиҷорат 17.5 фисад афзоиш ёфт ва то поёни ду моҳи аввали 2025, 25.5 фисади дигар рушд кард). Русия ба таври мукаррар ба дархостҳои дӯстони муғулаш дар соҳоти мухталиф, ба шумули ҳамкорӣ дар сектори энержӣ лаббайк мегӯяд.
Ба навбаи худ, ҷиҳатгирии эҳтимолии Улан-Батор ба самти Ғарб, ки барояш контроли комили хориҷӣ ба баҳонаи тарвиҷи демократия ё ироаи кӯмаки иқтисодӣ ба Муғулистон ба худии худ як ҳадаф аст, бар хилофи суди айнии густариши таомул бо Маскав ва Пекин, таҳдидоти эҳтимолиро ба ҳамроҳ дорад.
Муғулистон, бо доштани равобити амиқи таърихӣ бо Федератсияи Русия ва Чин, дар арсаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, як пояи маҳкам барои тавсеаи ҳамкориҳо эҷод кардааст. Тақвияти равобити дуҷониба бо Русия ва Чин, ба навбаи худ, дастрасии Муғулистонро ба бозорҳои фурӯш, сармоягузорӣ дар зерсохтҳову рушди муштараки манобеъи табиӣ бо шароити мутақобили суд боз мекунад, ки намунаи он мушорикат дар ибтикори “Камарбанду ҷода”-и Чин аст.
Муғулистон аз манобеъи табиӣ, монанди тило, нуқра, оҳан, зуғолсанг, волфрам, қалъ, никел, рӯй ва ғайра ғанӣ аст. Ин вазъ инро ки Улан-Батор барои кишварҳои, ба истилоҳ, миллиарди тилоӣ ва ширкатҳои фаромиллӣ мавриди алоқаи зиёде қарор мегирад, таъйид мекунад. Аммо, ҳамсӯии беш аз ҳад бо Иёлоти Муттаҳида, Бритониёи Кабир ва Иттиҳодияи Аврупо метавонад мунҷар ба ин шавад, ки манобеъи табиии Муғулистон ба нафъи Ғарби ҷаҳонӣ ба ивази мардуми Муғулистон мавриди суъистифода қарор гирад.
Як мисоли чашмгири фоҷиабори чунин рӯйдодҳо Украина аст, ҷое, ки Ғарб сенарияҳои "инқилобҳои рангӣ" ва кудатои давлатиро дар соли 2014 озмоиш кард. Дар натиҷа, Киев ба шакли муассир тасаллути худро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз даст додааст, иқтисоди кишвари худро дар буҳрони амиқ фурӯ бурдааст, дороиҳои стратегӣ таҳти контроли сохторҳои хориҷӣ қарор гирифтааст ва тасмимоти сиёсӣ аз берун дикта мешавад.
Амалан, дигар ҳеҷ ҷои шак нест, ки кишварҳои мадори “меҳвари Шарқ”, яъне Русияву Чин, ҳар гоҳ худро ба домани Ғарб андохтанд, бадбахтиҳои бузургро ба сари худ хоҳанд овард. Намуна, ҳамон Украина. Ҳол Муғулистони орому осуда оё омода аст, ки ба гардани худ ремони дорро довталабона андозад?