Хабари рӯз

Ман ҳеҷ алоқа ба навиштани қилу қоли шикаст надорам, зеро ватан аз мост ва рӯзе аз дасти ин гурӯҳи ниёбатӣ, ситамгар бегона бо фарҳангу таърихи мо озодаш мекунем. 

Муаллиф: АМРУЛЛОҲИ СОЛЕҲ, сарпарасти раёсатиҷумҳурии Афғонистон

Рӯзи шанбе таърихи 14 августи соли 2021 оқои Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва доктар Фазлӣ соати даҳ баҷа дар Кохи садорот ба диданам омаданд. Ин вақте буд, ки ман аз адами эълони муқовимат миллӣ хашмгин ва нороз будам, чун рӯзи панҷшанбе қарор шуда буд, ки муқовимати миллӣ эълон гардад.

Онҳо далоили худро доштанд. Аз ман дар иртибот ба барномаҳоям пурсиданд. Машвараташон ин буд, ки бояд бо хунсардӣ ва ба дарозмуддат фикр шавад. Бояд коре шавад, ки толибро аз доштани машрӯъият маҳрум созем, чун чизе ба номи прусаи сулҳ дигар вуҷуд надорад. Ин ки прусаи сулҳ фурӯ пошида буд, як воқеият аст.

Дар ин нуқта ман бо онҳо ҳамназар будам. Ман каме тафсил хостам. Аз лобалои муколима ва сӯҳбат дарёфтам, ки мехоҳанд раисҷумҳур ба хориҷ биравад. Ман гуфтам, ки ман ба ҳеҷ сурат кишварамро тарк намекунам. То ҳар миқдоре, ки битавонам муқовимат мекунам. Агар дар ҳеҷ ҷой натавонам, коре кунам боми хонаамро дар Тайманӣ сангар месозам.

Оқои Фазлӣ бо касе дар тилфун дар тамос шуд ва аз дафтарам баромад ва дақоиқе баъд омад ва гуфт, бисёр хуб, пас дар тамос мебошем ва машварат хоҳем кард. Оқои Муҳиб гуфт, покистониҳо тасмим гирифтаанд, ки чанд нафарро бо шанеътарин равиш бикушанд ва ҳатто қабл аз куштан нимкаш карда, дар шаҳр бигардонанд ва яке аз он нафарҳо худат астӣ. Ман гуфтам, тасаввур карда метавонам ва шояд ҳаққашон бошад. Аз душман кадом таваққӯъи дигар набояд дошта бошем.

Шаби шанбе то субҳгоҳи якшанбе таърихи 15 августи 2021 ман бедор будам, то аз вазъият бохабар бошам ва бағовати зиндониёни толиб дар Пуличархиро маҳор намоем. Дар он шаб танҳо касе, ки то охир ба тилфунҳоям посух дод, қумондони амнияи Кобул генерал Тутохел буд. Ман каси дигар аз мақомоти амниятӣ ва дифоъиро пайдо карда натавонистам. Охирин паём ба оқои Муҳиб соати ду баҷаи шаб буд, ки навиштам, Сурубӣ зери фишор аст ва бояд оҷил даст ба кор шавем. Посухе наёфтам.

Рӯзи якшанбе таърихи 15 август соат нӯҳу понздаҳ дақиқа аз манзилам дар Тайманӣ ба тарафи вилояти Панҷшер ҳаракат кардам ва дар он ҷо дар шаклдиҳии муқовимат саҳм гирифтам ва нагузоштем лаккаи таслимӣ ва тазаррӯъ бар ҷабини пойгоҳи муқовимат ва миллати мо ҳак гардад.

Ривояти муқовимат бо муқовиматгарон ва хуни поки шуморе аз ин покбозон рақам хӯрд ва идома дорад. Вақте тасовири инҳидом ду арода ренҷери толибро, ки ба ҳиммати мудофеъини муқовимат дар қарияи Руха анҷом шуда буд, медидам, бароям фахр аҷиб даст медод.

Чӣ сарбаланд миллате, ки хоки роҳашон бувад шарофати ҷабини ман.

Ман ҳеҷ алоқа ба навиштани қилу қоли шикаст надорам, зеро ватан аз мост ва рӯзе аз дасти ин гурӯҳи ниёбатӣ, ситамгар бегона бо фарҳангу таърихи мо озодаш мекунем. Барои ман ривояти муқовимат – тазъиф ва шикасти толиб аҳамияти бештар аз носталгиянависӣ дорад.

 

 


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!