Хабари рӯз

Оё Зулмай Халилзод ба “полиз”-и афғонистонии худ бармегардад?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Ба зудӣ интихоботи раёсатиҷумҳурии баъдӣ дар Иёлоти Муттаҳида баргузор хоҳад шуд, ки мумкин аст дар он Доналд Трампи ҷумҳуриятхоҳ баранда шавад.

Дар ин росто, раванди ҳадс задан дар гурӯҳҳои мухталифи сиёсии Афғонистон шиддат ёфтааст – оё дар чунин ҳол сиёсати афғонистонии Вашингтон чӣ гуна тағйир хоҳад кард (агар тағйир кунад), чӣ касоне онро дар амал пиёда хоҳанд кард?

Ва ин ҷо ҳадди ақал як интригаи ҷолиб ба вуҷуд меояд: оё мо бояд интизор дошта бошем, ки Зулмай Халилзод, собиқ намояндаи вежаи вазорати хориҷаи Амрико, ба мақоми меъмори аршад ва сарпарасти сиёсати афғонистонии Иёлоти Муттаҳида баргардад?

Оре, оқои Халилзод ҷавон нест; То чаҳор моҳи дигар 74-сола мешавад. Хуб, Доналд Трамп ҳам як бача нест – имрӯз, дар кул, абарқудратҳо тавассути нафақахӯрон раҳбарӣ мешаванд. Аз ин хотир, син, шояд истидлоли аслӣ дар муқобили бозгашти Зулмай Халилзод ба сиёсати фаъоли Афғонистон набошад.

Илова бар ин, ӯ фақат се сол пеш, яъне дар октябри 2021, ба унвони бузи қурбонӣ дар идораи демократии Ҷозеф Байден барои хурӯҷи шармовари нерӯҳои амрикоӣ аз Кобул, ки қаблан ба тасарруфи Толибон даромада буд, мақоми намояндаи вежаи вазорати хориҷаро тарк кард.

Бозгашти Халилзодро нақши ӯ дар таҳияи тавофуқномаи Давҳа бо Толибон таъйид хоҳад кард, ки ҳанӯз ҳам сиёсати Амрикоро дар қиболи Толибон ва Афғонистоне, ки онҳо тасарруф карданд, таъйин мекунад.

Дарвоқеъ, бозгашти Толибон ба қудрат дар Кобул умдатан хидмати Зулмай Халилзод ва дасисаҳои чандинсолаи ӯ алайҳи давлати ҷумҳурии Афғонистон аст. Ва ҳама ин корнамоиҳоро ба ёд доранд, аз ҷумла Толибон, ки хоби ба расмияти байналмилалӣ шинохта шудани режими худро мебинанд. Илова бар ин, ин Халилзод буд, ки ба онҳо кӯмак кард то нахустин қадамро, аз тариқи ҳамон муомила дар Давҳа, дар ин масир бардоранд.

Ин воқеият, ки Доналд Трамп фаъолона тими Байденро ба хотири нокомӣ дар сиёсати Афғонистон интиқод мекунад, набояд касеро гумроҳ кунад: Байден фақат маҷбур шуд он чиро, ки гурӯҳи дугонаи Трамп-Халилзод барномарезӣ ва шурӯъ ба иҷрои он карда буданд, такмил кунад.

Ва баид аст, ки дар тими “Трамп 2.0” шахсияти печидатар ва ботаҷрибатар дар фитнаҳои афғонӣ ба монанди Зулмай Халилзод вуҷуд дошта бошад.

Ба назари мо бозгашти Халилзод ба сиёсати фаъоли Вашингтон дар Афғонистон дар сурати пирӯзии Трамп дар интихобот риёсатҷмҳурӣ комилан мумкин аст. Ҳатто агар барои муддати тӯлонӣ ҳам набошад, ва ҳатто агар ба унвони як бозикуни соя, бидуни салоҳиятҳо ва вазифаҳои расмӣ ҳам бошад.

Ҳузури Трамп дар Кохи Сафед ин бо эҳтимоли зиёд ҳузури Халилзод дар Кобул аст. Ба ҳар ҳол, ӯ чанде қабл аз он ҷо дидан кард.

Ба назар мерасад, ки Халилзоди нафақахӯр аз ҳамин акнун омодаи баргашт ба "полиз"-и афғонии мавриди алоқаи худ аст.

Ва ин хабари баде барои сиёсатмадорони афғонистонӣ дар табъид аст, ки ба умеди тағйири масири Вашингтон нисбат ба режими Толибон дар соли 2025 нишастаанд.

Ҳамчунон хабари баде барои кишварҳои минтақа аст, ки талош карданд контроли Толибонро аз амрикоиҳо бигиранд. То ин лаҳза муваффақ набудаанд. Агар Халилзод ба “Бозии Бузург” баргардад, қатъан муваффақ нахоҳанд шуд.

Магар ин ҳама ҳамоно фақат фарзияҳо ҳастанд. Мо мунтазири натоиҷи интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико ҳастем. Агар Трамп баранда нашавад чӣ?


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!