Ҳар ду бар асоси манофеъи стратегии Амрико амал хоҳанд кард.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Имрӯз интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико баргузор мешавад:
Теъдоде аз дӯстон пурсидаанд, ки агар Доналд Трамп дар интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико пирӯз шавад ё хонум Камала Ҳаррис ба назари Шумо сиёсатҳои онҳо дар мавриди Афғонистон чӣ хоҳад буд?
Ба бовари ман, дар сурати пирӯзии Доналд Трамп ё хонум Камала Ҳаррис дар интихоботи Амрико, сиёсатҳои онҳо дар мавриди Толибон ва Афғонистон мумкин аст тафовутҳое дошта бошад, аммо ҳар ду бар асоси манофеъи стратегии Амрико амал хоҳанд кард.
АВВАЛ - сиёсати эҳтимолии Доналд Трамп
Агар Трамп дар интихобот пирӯз шавад, эҳтимол дорад, ки сиёсати сахтгиронатаре нисбат ба Толибон иттихоз кунад. Трамп дар давраи аввали раёсатиҷумҳурии худ тавофуқеро тавассути Зулмай Халилзод бо Толибон имзо кард, ки бар асоси он нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд. Аммо ӯ ҳамвора нисбат ба Толибон беэътимод буд ва таъкид дошт, ки дар сурати адами риояти тавофуқнома, посухи сахте ба Толибон хоҳанд дод. Дар сурати бозгашти Доналд Трамп ба қудрат, мумкин аст рӯйкарди сахттаре дар қиболи Толибон иттихоз кунад ва фишорҳои дипломатӣ ва иқтисодии бештаре бар Толибон ворид намояд.
ДУВВУМ - сиёсати эҳтимолии Камала Ҳаррис
Агар хонум Ҳаррис пирӯз шавад, ба эҳтимоли зиёд сиёсатҳои Ҷо Байденро нисбат ба Афғонистон ва Толибон идома хоҳад дод. Ӯ низ ба хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар канори Ҷо Байден қарор дошт ва таъкид кард, ки ҷанги тӯлонимуддати дигар ба нафъи Амрико нест. Хонум Ҳаррис бештар тамоюл ба фишорҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ бар Толибон хоҳад дошт то ин гурӯҳро ба риояти ҳуқуқи башар, бавежа ҳуқуқи занону ақалиятҳо, тарғиб кунад. Эҳтимолан сиёсати хонум Ҳаррис ҳамчунон бар иҷтиноб аз мудохилаи низомии мустақим дар Афғонистон мутамаркиз хоҳад буд, дар ҳоле ки сиёсати Трамп чунин нест ва бештар ба думболи ёфтани роҳиҳалҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Дар кулл, ҳар ду эҳтимолан дар бархӯрд бо Толибон ба навъе фишори иқтисодӣ ва дипломатӣ мутавассил мешаванд, аммо тафовутҳои ҷузъие дар равишҳо ва лаҳни ин фишорҳо вуҷуд хоҳад дошт. Трамп ҷиддитар амал хоҳад кард ва хонум Ҳаррис агар комёб шавад, сиёсати нармтаре хоҳад дошт.