Хабари рӯз

Халифа соҳиб бояд вақте дам аз дӯстӣ бо Амрико мезанад, мутаваҷҷеҳи ҳазинаи он низ бошад, ки камаршикан буда ва мумкин хашму ғазаби фурӯхӯрдаи миллатро мунфаҷир кунад.

Манбаъ: “Иттилооти рӯз”

Амрико кишварест, ки ду даҳа Афғонистонро ишғол кард ва то тавонист бар сари ин мардум бомба рехт, боздошт кард, шиканҷа намуд, зиндонӣ кард, кушт ва саранҷом низ кишвар ва миллати моро дар як ҳолати ҳарҷу марҷ ва бидуни давлату бидуни суботи сиёсӣ раҳо карду рафт.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар як ривоят, солона дар бист соли гузашта ҳазорон миллиард доллар маодини литиум ва дигар фулузоти гиронбаҳои Афғонистонро истихроҷ карду бо худ бурд ва тамоми ҳазинаи ду даҳаи ҷангро аз ин манбаъ таъмин кард ва балки суд ҳам гирифт.

Ин кишвар дар ду даҳаи гузашта Афғонистонро амдан ноамну ҷангзада нигоҳ кард, то пас аз хурӯҷ ҳарҷу марҷ идома ёбад ва ҳеҷ давлату марҷаъи масъуле набошад, ки ҷиноёти Амрикоро рӯ кунад ва Вашингтонро масъул бидонад.

Ин кишвар замоне ба Афғонистон лашкаркашӣ кард, ки як ё ду гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон лона карда буд, аммо замоне, ки хориҷ шуд, беш аз 20 гурӯҳи террористиро дар ин обу хок ҷосозӣ карда ва сипас бо хаёли роҳат рафт.

ДОЪИШ* яке аз падидаҳое аст, ки ба гуфтаи мақомоти рус, бо парвозҳои машкук ба нуқоти мухталифи Афғонистон интиқол ёфт ва ҳастагузорӣ шуд, дар ҳоле, ки ихтиёри ҳарими ҳавоии Афғонистон дар ду даҳаи гузошта комилан дар дасти амрикоиҳо ва НАТО буд.

Ин маворид шаммае аз корномаи сиёҳу нангини Амрико дар Афғонистон аст, ки абъоди аслии он зери об буда ва фақат мо нӯги кӯҳи яхро мебинем.

Аммо аз ин тараф, халифа соҳиб Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон, ки зоҳиран дар ду даҳаи гузашта душмани Амрико буд ва дар як сенарияи драматик ҳамин акнун низ таҳти таъқиби пулиси федерали Амрико аст ва барои сараш ҷоизаи 10-миллиондолларӣ гузошта шуда, дам аз дӯстӣ бо Амрико мезанад ва орзу дорад, ки ду кишвар равобити хуб дошта бошанд.

Ӯ сароҳатан мегӯяд, ки Толибон дигар Амрикоро душмани худ намепиндоранд ва орзу меравад, ки Амрико ба зудӣ сафорати худро дар Кобул боз кунад ва равобити миёни Вашингтону Кобул ҳасанаву хуб шавад.

Аммо ин ҳадиси халифа соҳиб нишондиҳандаи ду масъала аст: ё бояд дар ду даҳаи душмании ӯ бо Амрико шак кард, ё ин, ки ӯ аслан намедонад миёни Амрикову Афғонистон дар ду даҳаи гузашта чӣ рух дода ва дӯстӣ бо Амрико чӣ ҳазинае дорад.

Оморҳо нишон медиҳад, ки дар ду даҳаи гузашта танҳо 66 ҳазор сарбози Афғонистон дар ҷанг кушта шудааст. 46 ҳазор ғайринизомӣ ҷон бохта, наздик ба 100 ҳазор толиб кушта шуда ва бар ин омор биафзоед шумо маълулону оворагон ва захмиёнро, ки сар ба фалак ҳафтум мекашад.

Пас халифа соҳиб бояд вақте дам аз дӯстӣ бо Амрико мезанад, мутаваҷҷеҳи ҳазинаи он низ бошад, ки камаршикан буда ва мумкин хашму ғазаби фурӯхӯрдаи миллатро мунфаҷир кунад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!