Нависанда: Адҳам Шарқовӣ, нависандаи фаластинӣ
Тарҷума: Абдулбосит Доӣ
1 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон омӯхтӣ, ки Шӯрои амният як банда аст, ҳуқуқи байналмилалӣ фақат хаттест бар рӯи авроқ ва Маншури ҳуқуқи башар шӯхиву афсона аст.
2 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон фаҳмондӣ, ки ин ҷаҳон кӯр аст, чашми бинояшро ба ҳар ҷое, ки бихоҳад, мечархонад ва чашми курашро ба ҳар куҷое, ки бихоҳад мечархонад. Кӯдакони Ғазза монанди кӯдакони Украина нестанд, зеро онон шабеҳи худашон румианд, вале мо арабем.
3 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон ёд додӣ, ки ҳақиқат дури дур афканда мешавад ва касе суроғашро намегирад. Ҳаргиз касе суроғат намеояд, ки бигӯяд, ту хуб ҳастӣ ва ҳар чӣ, ки бихоҳӣ бароят медиҳам. Агар чизе мехоҳӣ, бар хилофи майли ҷаҳон дастатро дароз кун ва онро бигир.
4 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон омӯхтӣ, ки озодсозии Фаластин аз баҳр то наҳри он мумкин аст ва мавориде, ки ин бор иттифоқ афтод, фақат як тадбир ва таҷрибаи кӯчак буд барои чизе, ки хоҳад омад.
5 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон омӯхтӣ касе, ки бихоҳад, метавонад ва мавзӯъ ҳаргиз ба имконот бастагӣ надошта, балки бастагӣ ба ирода дорад. Чӣ касе тасаввур мекард, ки Ғаззае, ки дар муҳосира аст, метавонад, ки силоҳ бисозад ва бо он силоҳҳо биҷангад ва дӯстонашро қабл аз душманонаш шигифтзада кунад.
6 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон омӯхтӣ, ки неъматҳоро гиромӣ бидорем, тавре, ки дар он ҷо нӯшидани оби пок, табдил ба рӯъё мешавад. Ба даст овардани нони тоза дастоварде мешавад. Душ гирифтани дуруст шабеҳи дароз кашидан дар канори савоҳили Молдив мешавад. Хонаи бисёр кӯчак боарзиштар аз қасрҳои дунё мешавад, то ҳангоме, ки бар болои сари сокинонашон фурӯ науфтодааст.
7 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон ёд додӣ, ки монанди саҳобаҳо дар миёнамон мезиянд ва вуҷуд доранд, наводагони Холид ибни Валид, суфуфи душманонро бо айёрӣ ва ҷиддияти тамом, нобуд мекунанд. Наводагони Саъд ибни Абуваққос бо диққати тамом тирҳоро ба сӯи душманон партоб мекунанд. Наводагони Акрама то кунун бар марг байъат мекунанд. Садои наводагони Қаъқаъо дар лашкар қалбҳоро аз ҷояшон бармеканад, тавре, ки аз онон шунидем, ки мегуфтанд: ба номи Аллоҳи ғолиб!
8 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза зеро бароямон омӯхтӣ, ки "Хансоъ" намурдааст ва даҳҳо ҳазор зан чун Хансоъ, то кунун дар миёнамон мезиянд ва фарзандоншонро дар роҳи Аллоҳ –азза ва ҷал - тақдим мекунанд, сабр пеша менамоянд, умед подош доранд ва забони ҳолашон чунин мегӯяд: Бор илоҳӣ! Аз хунҳои фарзандонамон бигир то хушнуд ва розӣ шавӣ.
9 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон омӯхтӣ ҳангоме, ки кӯдакон дар шароити сахт тарбият шаванд, қабл аз бузург шуданашон бузург мешаванд ва қабл аз мард шудан ба сатҳи мардон мерасанд ва ангор, ки онон шабеҳи кӯдаки достони Ахдуд мешаванд, ки хунаш қавми муъминро зинда менамояд, ки ба сурати зинда ба оташ кашида мешаванд ва аз дин барнамегарданд. Ин динро, хун зинда менамояд ва ашкҳо мемирондаш. Пас ашкҳоятонро пок намоед ва ҷавонмардону шаҳидони фардоро тарбият намоед.
10 - Як сол гузашт, ташаккур Ғазза, зеро бароямон омӯхтӣ, ки ақида - сулук ва рафтор аст, на хатту варақ. Ҳеҷ аҳадеро надидем, ки ба хотири ақидаи муртабит ба қазои илоҳӣ хашмгин ва нохушнуд шуда бошад, тавре, ки аъзо ва андоми тикка-тиккаи ёрону асҳобашонро ҷамъ менамоянд ва парвардгорашонро сипос мегузоранд, бо як дасташон ашкҳояшонро пок мекунанд ва бо дасти дигарашон ба ҷамъ намудан идома медиҳанд. Ақидаашон, дилҳояшонро пур намуда ва дар ҷавориҳашон лабрез гардидааст.
7 октябри 2024