Ҷангҳо дар Ветнам ва Украина чӣ умумиятҳое доранд?
Нависандагон: Николай Плотников, раиси Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ; Александр Бутко, мутахассиси барҷастаи муассиса Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, манбаъ: “Независимая газета”
30 апрел мардуми Ветнам чиҳилу ҳаштумин солгарди пирӯзии муқовимат дар баробари таҷовузи Амрикоро ҷашн мегиранд, ки соли 1975 бо озодсозии Сайгон ба поён расид. Асноди бойгонии Шӯравӣ ва Ветнам, ки ахиран аз табақабандӣ хориҷ ё ошкор карда шуд, имкони ёфтани шабоҳатҳоеро байни ҳаводиси Ветнам ва Украина фароҳам мекунад.
Аввал аз ҳама, пеш аз ҳар ду даргирӣ нақзи тавофуқот (Женева ва Минск) ва рехтани силоҳу пули амрикоӣ ба яке аз тарафайн (мақомоти Сайгон ва Киев) сурат гирифт.
Дар соли 1954, пас аз пирӯзии Артиши халқии Ветнам бар истеъморгарони фаронсавӣ, бо мушорикати раҳбарони идороти умури хориҷаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглистон ва Фаронса, тавофуқномаи Женева имзо шуд, ки ба таври муваққат Ветнамро дар имтидоди мувозӣ (паралел)-и 17 ва ба думболи он баргузории интихоботи умумӣ дар июли 1956 ва то замони иттиҳоди кишвар тақсим карданд. Ин қарордодҳо вуруди нерӯҳо ва низомиёни хориҷӣ ба Ветнам, таъмини силоҳ ва эҷоди пойгоҳҳои низомиро мамнуъ мекард. Иёлоти Муттаҳида аз имзои баёнияи ниҳоӣ даст кашид ва гуфт, ки "аз таҳдид ё истифода аз зӯр барои нақзи ин тавофуқномаҳо худдорӣ хоҳад кард." Мутаоқибан, мақомоти Сайгон музокиротро барои баргузории интихобот рад карданд ва Вашингтон шурӯъ ба пуштибонии низомии онҳо намуд.
Бар асоси додаҳои бойгонӣ, аз соли 1954 то 1964, ҳазинаҳои Иёлоти Муттаҳида барои, ба истилоҳ, кӯмак ба Ветнами Ҷанубӣ болиғ бар 3.5 миллиард доллар будааст. Аксарияти қариби ин кӯмак барои таҳияи силоҳ, муҳиммот, сохти зерсохтҳои низомӣ, нигаҳдории артишу пулиси маҳаллӣ харҷ шуд. Таҳти раҳбарии мушовирони низомии амрикоӣ, нерӯҳои мусаллаҳи муназзам дар Ветнами Ҷанубӣ, муташаккил аз нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ эҷод шуд. Сипоҳи артиш ба болотарин воҳиди созмонӣ дар нерӯҳои заминӣ табдил шуд (пеш аз он, Сайгон фақат ташкилоти парокандае дошт, ки бузургтар аз як баталён набуд), ки ба силоҳҳои амрикоӣ муҷаҳҳаз ва мутобиқ бо стандартҳои амрикоӣ омӯзиш дида буданд. Қабл аз як иқдоми таҳрикомез дар халиҷи Тонкин дар августи 1964, ки баҳонаи таҷовузи густурдаи Амрико шуд, 16 ҳазор сарбози амрикоӣ дар ин кишвар ҳузур доштанд.
Тақрибан ҳамин иттифоқи мушобеҳ бо бархе тафовутҳои зариф дар Украина такрор шуд. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар НАТО аз як сӯ Киевро ташвиқ карданд, то ба тавофуқоти Минск амал накунад, аз сӯи дигар, нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро бо аслиҳа таъмин карданд ва онҳоро барои ҳаллу фасли сарнавишти Донбас тибқи сенарияи амалиёти “Тӯфон” -и артиши Хорватия, ки Краинои Сербистонро нобуд карда буд, омода намуданд. Ин амрро ду кафили қарордодҳои Минск - Ангела Меркел, садриаъзами вақти Олмон ва Франсуа Оланд, раисҷумҳури Фаронса – расман эътироф карданд.
Вашингтон ҳамон тур, ки замоне бо режими Сайгон кард, “кӯмакҳои амниятӣ”-и азиме ба Киев ироа намуд. Ҳатто агар ба додаҳои расмии вазорати умури хориҷаи Амрико бовар кунем, ин кӯмакҳо аз соли 2014 то феврали 2022 ба 2.7 миллиард доллар расидааст. Дар соли 2018, амрикоиҳо шурӯъ ба таъмини режими Киев бо силоҳ (системҳои мушаки зидди тонк, норинҷакандоз, силоҳҳои кӯчаки вежа ва ғайра) карданд. Бо шурӯъи ироаи "кӯмакҳои ғайрикушанда" (паҳподҳо, истгоҳҳои радар, дастгоҳҳои диди шаб, тасвиргарҳои ҳароратӣ, таҷҳизот ва ғайра) дар соли 2018, амрикоиҳо ба таъмини режими Киев бо силоҳ (системҳои мушакии зидди тонк, норинҷакандозҳо, силоҳҳои кӯчаки вежа ва ғайра) иқдом намуданд.
Дуруст монанди Ветнам, теъдоди низомиёни ғарбӣ дар Украина аз соли 2014 дар ҳоли афзоиш будааст. Дар декабри 2021 аз қабл 10 ҳазор мурабби низомии хориҷӣ дар он ҷо ҳузур доштанд, ки 4 ҳазор нафар аз Иёлоти Муттаҳида буданд.
Чӣ дар Ветнам ва чӣ дар Украина, амрикоиҳо нисбат ба сарнавишти мардуми дигар бетафовутии комил нишон доданд. Дар тӯли солҳои ҷанг, Иёлоти Муттаҳида беш аз 7.7 миллион тон бомба дар нимҷазираи Ҳиндучин афканд, ки се баробар бештар аз ҳазинае аст, ки дар ҷанги ҷаҳонии дувум анҷом дода буд. Нерӯҳои ҳавоии Амрико аз 400 ҳазор тон напалм (сӯзишворӣ барои силоҳҳои оташандоз) дар Ветнам истифода кард ва 70 миллион литр баргзудо (дефолиант) ва алафкуш (гербитсид)-ро дар ин қаламрав, аз ҷумла беш аз 40 миллион литр омили норинҷӣ (Agent Orange)-ро, ки боиси саратон ва ҷаҳишҳо (мутатсия)-и генетикӣ мешавад, пошид. Илова бар ин, артиши Иёлоти Муттаҳида ба таври фаъол аз газҳои монанди CS, CN, DM ва ғайра истифода мекард, ки дар ғилзат (консентратсия)-ҳои кӯчак таъсири асабикунанда дошт ва дар ғилзатҳои зиёд ағлаб мунҷар ба марг мешуд.
Дар Украина амрикоиҳо ҷанги кимиёвиро ба таҳқиқоти биологии, ба истилоҳ, “сулҳомез” тарҷеҳ доданд, ки то ба ҳол бо маводи биологии хатарнок кор мекунад. Ин воқеиятро, ки онҳо ҳанӯз кор мекунанд, намояндаи Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Кирбӣ, таъйид кард.
Суан Тхюи, раиси ҳайати ветнамӣ дар музокироти Париж дар соли 1973, дар мавриди парвардаҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ветнами Ҷанубӣ гуфт: "Онҳо фақат як бандаи хоин ҳастанд, ки кишварро мефурӯшанд ва ба мардум зулм мекунанд, фақат абзоре барои империалистҳои амрикоӣ ҳастанд... Иқдомоти барбаронаи онҳо ҳар рӯз рузгори мардум ва кишварро талх кардааст ва фарҳанги миллии ҳазорсолаи онро хароб мекунад. Ҳатто як ватанпараст вуҷуд надорад, ки аз онҳо мутанаффир набошад."
Теъдоде аз шаҳрвандони Украина ҳамин гуна дар мавриди режими Зеленски фикр доранд, аммо ба далели саркӯбҳои густурда ва террори бандерӣ, ҳанӯз теъдоди каме метавонанд ошкоро садо баланд кунанд. Озору шиканҷаи ортодокси мутаориф ва муъминони ортодокс мумкин аст теъдоди онҳоро афзоиш диҳад. Ҷабҳаи мазҳабие, ки тавассути Зеленски ва касоне, ки аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, яке аз маъдуд мавориде аст, ки байни вақоеъи Украина ва ҷанги Ветнам фарқ мегузорад.
Дар ин ҷо мавриди он аст, ки як бори дигар аз дарзҳои зоҳиран сенсатсионии истихбороти Амрико ёдоварӣ кунем. Ҳамон тур, ки бисёре аз шарикони хориҷии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия мӯътақиданд, онҳо таркибе аз асноди воқеии махлут бо асноди хоси ҷаълӣ ҳастанд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки кадом як аз онҳо қобили эътимод аст. Бадеҳист, ҳадафе, ки дар Вашингтон думбол мешавад, анҷоми як корзори стратегӣ барои расондани иттилои ғалат на танҳо барои Русия, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Зоҳиран, давлати Ҷозеф Байден дар ҳоли ҳамвор кардани роҳ барои тавзеҳи далоили қобили қабул дар сурати вуқӯъи шикасти эҳтимолӣ дар Украина дар остонаи интихоботи раёсатиҷумҳурии 2024 аст. Оё таҷрибаи фирор аз Ветнам, ки дар Афғонистон такрор шуд, ба касе дар Амрико чизе ёд надод?