Хабари рӯз

“Сангар” назари ду таҳлилгари афғонистониро пешкаш мекунад.

 

МУҲИДДИН МАҲДӢ, СИЁСАТМАДОР ВА ПАЖӮҲИШГАР

Эътилофи ҷадид аҳдофи зерро дунбол мекунад:

Нахуст: Эрон, ки мутаваҷҷеҳи заволи ҳокимияти Толибон шуда, мекӯшад бо ворид кардани касоне аз ақвому аҳзоби мухталиф, дар ҳалқаи он ҳокимият, ки агар натавонад ҷилави суқути онро бигирад, аз доштани саҳм дар отияи Афғонистон бенасиб набошад.

Дувум: ин хости Эрон, ки мувофиқ бо манофеъи миллии он кишвари тарроҳӣ шуда, ба табъи касоне чун оқоён Ҳаниф Атмар ва Муҳаммад Умар Довудзай ва дигарон, сахт созгор аст; чун онон низ мехоҳанд аз “фурӯпошӣ”-и ҳокимияти толибонӣ, ки маънои он, афтодани иқтидор ба дасти ғайриафғонон аст (чунонки дар соли 2001 воқеъ гашт), ҷилавгирӣ шавад.

Сеюм: онон ва бисёрии дигар, ки дар ҷумҳурият (дувум) соҳиби ном ва ҷоҳ буданд, ба умеди ин ки дар “ҷумҳурияти сеюм” ( истилоҳе, ки Довудзай вазъ карда) низ ба навое бирасанд, дар ин эътилоф фароҳам омадаанд.

Чаҳорум: дар замоне, ки хатари суқути ҳокимияти Толибон тавассути Покистон, ки аз ҳокимияти якдасти афғонӣ, сархӯрда шудааст, вуҷуд дорад; ва дар замоне, ки шиори “ман афғон нестам” , дорад ба гуфтумони ғайриафғонон табдил мешавад (ки ин низ дар нафси хеш ба маънои суқути он ҳокимият аст), таъкид бар “гуфтугӯи байнулафғонӣ”, ба маънои ҷилавгирӣ аз шаклгирии ривояти ҷадиди давлатдорӣ аст, ки дар ҳастаи он ба ҷои “афғонят”, “ақлонияту адолат” гузошта шудааст.

Панҷум: Атмар, Довудзай ва бисёри дигар, аз бими “интихоботи шаффоф”, иқтидорро ба Толибон супурданд; инак, дар як ҳамоҳангӣ бо онон - бо васотати кишвари Эрон - онро пас мегиранд; то “ҳокимият бар мабнои афғоният” имтидод ёбад. Ва агар битавонанд, ин протсессро чунонки - Путин ва Медведев карданд - то абад идома диҳанд!

Шашум: иддае, дар охирин интихоботи давраи ҷумҳурият (дувум), шарики бозии оқои Атмар буданд; онон истидлол мекарданд, ки “Ғанӣ”-ро фақат тавассути Атмар метавонанд аз Арг берун кунанд. Лобуд, ин ки онон бори дигар ба ӯ иқтидо намудаанд, қасдашон берун кардани Толибон аз Афғонистон тавассути он “улгуи вафо ба аҳд” ва “васвасаи пайбандӣ ба қавл” будааст!

Ҳафтум: як бори дигар, ба дурустии ин мақула, ки қудамо гуфта буданд: “касе ки нон медиҳад, ҳаму фармон медиҳад” эътироф мекунам; агар чунин набуд, ҳузури баъзе аз ҷавононро дар ин ҳалқа, тавҷеҳ наметавонистам.

 

НУРУЛЛОҲ ВАЛИЗОДА, ТАҲЛИЛГАР

Роҳҳалҳо барои бунбастҳову буҳронҳои сиёсӣ дар Афғонистон дасти кам дар панҷоҳ соли ахир аз берун омадааст. Тафовути роҳҳали берунӣ бо роҳҳали дарунӣ ва бархеста аз иродаи сиёсии ҷамъии нухбагони ҷомеа, ин аст, ки роҳҳали берунӣ зиёд парвои пойдориро надорад. Бисёре аз роҳҳалҳои берунӣ мисдоқи мақулаи “кулӯхро ба об бигзору бигузар” будааст. Ин ба назарам то ҳадди зиёде табиӣ аст.

Ҳокимияти Толибон дар дохилу хориҷи кишвар бунбаст эҷод кардааст.

Бунбасти дохилӣ се шохиса дорад: нафйи мушорикати қавмӣ ба василаи ташкили ҳукумати инҳисории қавмӣ, нақзи сареҳи ҳаққи дарсу таҳсили духтарону нотавонии режими ҳоким дар эҷоди иштиғолу фароҳам кардани рифоҳи ҳаддиақалӣ. Барои рафъи ин бунбаст бояд дохилиҳо амал мекарданд. То кунун амали дохилиҳо барои шикасти бунбаст муассир набудааст. Амали низомии дохилиҳо маҳдуд буда ва амали сиёсӣ фоқиди инсиҷому халқи ривояти ҷадиду ҷаззоб.

Аммо бузургтарин бунбасти хориҷӣ, ки ҳокимияти Толибон эҷод кард, дар паноҳ додан ба гуруҳҳои террористӣ, бавижа Толибони Покистон намуд ёфтааст. Ин кори Толибон, дасти кам Покистонро бар он дошта, ки раванди ҷойгузинии Толибонро калид бизанад. Аммо ин кор наметавонад бо бетафовутӣ аз сӯи кишварҳои минтақа ҳамроҳ бошад. Кишварҳое дар минтақа ҳастанд, ки ҳифзи режими Толибонро то муддати муайян ба нафъи суботи минтақаӣ таъбир мекунанд. Ин кишварҳо лобуд дар ҷиҳати хилофи хости Покистон қарор мегиранд. Бино бар ин, роҳҳали берунӣ низ дар миёни кишварҳои минтақа ба мавзӯи холиқи низоъ мубаддал мешавад.

Дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки се тарҳи хориҷӣ барои рафъи бунбасти эҷодшуда ба василаи ҳокимияти Толибон вуҷуд дорад. Ду тарҳи минтақаӣ ва як тарҳи фароминтақаӣ (Амрикову Аврупо). Ба назар мерасад, ки Эрон соҳиби яке аз ин тарҳҳо асту Покистон тарҳи дигаре дорад. Эрон низ иҷрои тарҳи худро вобаста ба ҷалби ризояти нисбии Русияву Чин ва Ҳинд медонад. Чун Ҳинд дар ин авохир ҳузураш дар муодилоти Афғонистон пурранг шудааст.

Ҷузъиёти зиёде дар мавриди тарҳҳои кишварҳои минтақа дар даст нест, аммо ҳар гоҳ ҳаракати ахири шуморе аз аҳзобу ҷараёнҳои сиёсии мухолифи Толибонро ибтикори Эрон дар назар бигирем, метавон ин гумонаро матраҳ кард, ки тарҳи Эрон, тарҳест, ки дар меҳвари ҳифзи ҳокимияти Толибон.

Ба назар мерасад, ки Эрон хоҳони тағироти андаке дар равишу маниши Толибон асту фишори корро бар рӯи мухолифон мутамарказ кардааст. Дарвоқеъ Эрон аз мухолифони мунъатифтари Толибон мехоҳад, ки омодаи мушорикат дар як сохтори толибонӣ шаванд. Чунон менамояд, ки чунин тарҳи зиёде ҳам барои амрикоиҳову аврупоиҳо (ба рағми робитаи хасмонаи онон бо Эрон) нохушоянд набошад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки чеҳраҳои ҳозир дар ҳамоиши сиёсии дирӯз, таркибӣ аз сиёсиюни шарқӣ ва ғарбӣ аст.

Аммо Покистон баъид аст, ки рӯи тарҳе мувофиқат кунад, ки дар меҳвари ҳифзи Толибон ба унвони нерӯи аслии гардонанда тавофуқ кунанд. Покистониҳо агар рӯи тарҳи мушорикатӣ тавофуқ кунанд, эҳтимолан хосташон ин хоҳад буд, ки Толибон дар ояндаи Афғонистон агар ҳазф намешаванд, таъйинкунанда ҳам набошанд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!