Хабари рӯз

Ишора: Афғонистон дигарбора ба охири садаи 20 ва ибтидои 21 баргашта, ба “биҳишти амн”-и созмонҳои террористӣ табдил ёфтааст. Аммо як 09/11 – и дигар кай иттифоқ меафтад?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия

Онҳо дар роҳ ба сӯи шумо ҳастанд.

Шохаи афғонистонии ДОИШ барои созмондеҳии ҳамалоти террористь дар хориҷ аз минтақа омода мешавад. Дастгирии ду ҷангии шохаи афғонистонии ДОИШ ("Вилояти Хуросон"), ки 31 декабр 2022 дар Истамбул ба иттиҳоми барномарезии амалиёти террористӣ тавассути хадамоти махсуси Туркия иттифоқ афтод, гувоҳи ин амр аст.

Ин дастгирии қабл аз Соли Нав ин воқеиятро таъйид мекунад, ки шохаи афғонистони ДОИШ қасд дорад барномаи густариши фаъолиятҳои худро на танҳо дар хориҷ аз марзҳои Афғонистон, балки дар хориҷ аз минтақа низ дорад.

Дар соли 2022 ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон” чандин ҳамлаи террористии муваффақро дар Кобул анҷом доданд ва дарвоқеъ ба таври қонеъкунандае собит карданд, ки Толибон дигар контроли авзоъи амниятӣ дар пойтахти кишварро дар даст надоранд.

Чаҳор ҳамла бо ракетаандоз ба манотиқи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соли 2022, тавоноии ҷангиёни вилояти Хуросонро дар созмондеҳии ҳамалоти фаромарзӣ ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон собит кард.

Саранҷом, тадоруки як ҳамлаи террористӣ дар Туркия масири ҷадидеро дар фаъолияти террористии шохаи афғонии ДОИШ рақам зад. “Вилояти Хуросон” ошкоро ба думболи фаротар рафтан аз марзҳои минтақаи наздики Афғонистон аст ва қасд дорад ба аҳдофе дар ҳазоронкилометрии Кобул ҳамла кунад.

Метавон чунин фарз кард, ки шаҳрҳои Туркия танҳо як бистари таблиғотиву омӯзишӣ ва гузаргоҳе дар масири экспансияи навини “Вилояти Хуросон” ҳастанд. Шохаи афғонистонии ДОИШ ошкоро ба думболи табдил шудан ба "хатти муқаддами истеҳсолоти террористӣ" дар ҷомеаи шохаҳо (вилоятҳо)-и "Давлати исломӣ" аст. Ва барои ин, "афғонҳо" бояд тавоноии анҷоми ҳамалотро на танҳо дар хориҷ аз Афғонистон, балки дар кишварҳои муҳимми намодин - дар Иттиҳодияи Аврупо (Фаронса, Италия, Олмон ва ғайра), Бритониёи Кабир, Русия, дар ҳолати бартар - Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Исроил (барои ин ниҳодҳои дипломатии исроилӣ ва амрикоӣ дар кишварҳои аврупоӣ ё пасошӯравӣ комилан муносиб аст) нишон диҳанд. Зоҳиран истихбороти ин давлатҳо бояд аз соли 2023 барои пазироӣ аз “меҳмонон”-и “Вилояти Хуросон” омода шаванд.

Бо қазоват бар асоси мавриди Туркия, омилони ҳамалоти террористӣ ба намояндагӣ аз шохаи афғонии ДОИШ мумкин аст афроде аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (ва на лузуман аз Афғонистон) бошанд, аз ҷумла касоне, ки қаблан дар қаламрави кишварҳои мавриди ҳамла зиндагӣ мекарданд (бинобарин танҳо бо тақвият марзҳо ва контроли гузарномаву виза дар фурудгоҳҳо имкони халос шудан нест).

Авомили зиёде бар пӯёии густариши “Вилояти Хуросон” ба кишварҳои дурдасти Афғонистон таъсир мегузорад. Яке рақобати дохилӣ миёни гурӯҳҳои вобаста ба “Давлат исломӣ” аст. Зоҳиран ҳеҷ таҳдиди мушаххасе аз ҳавзаҳои нуфуз дар "квартираи коммуналӣ"-и ДОИШ вуҷуд надорад - "сокинон"-и мухталифи он ба худ иҷоза медиҳанд рӯи "метрҳои мураббаъ"-и ҳамсоягони худ биафтанд.

Ҳодисаи Туркия дар 31 декабр низ гувоҳи ин мавзӯъ аст: ҳамла ба хоҷагии раисҷумҳур Эрдуғон на аз сӯи "вилоёт"-и Сурия ё Ироқ, балки тавассути шохаи Афғонистони ин гурӯҳи террористӣ омода шуда буд. Ин як навъ ғофилгирии зерсохтӣ ва луҷистикӣ аст. Аммо кунун ба далели ҳирфаӣ будан ва бахти хадамоти вежаи Туркия шикаст хӯрдааст.

Аммо ба назар мерасад, ки ғофилгириҳои ҷадид аз сӯи ДОИШ-и Афғонистон чандон дур нест.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!