Абу Умар яке аз ду раҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шуд.
Кундуз, 6 январ - Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Бар хилофи таблиғоти расонаҳои ғарбие, ки аз Маҳдӣ Арсалон чеҳрасозӣ мекунанд, Абу Умар раҳбари асосии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Бадахшон, яке аз ду пойгоҳи аслии ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон буд.
Дар аввалин иттилооте, ки дар расонаҳои Афғонистон мунташир шуд, ӯ ба унвони яке аз ботаҷрибатарин минасозони Толибон дар Бадахшон муаррифӣ шуд.
Дар хабар омадааст: “Ҷасади вай имрӯз (чаҳоршанбе, 4 январ) соати 18:00 дар рустои Кӯки Дашти Фарохи шаҳристони Баҳорак пайдо шуд”.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи “Сангар” аз миёни Толибони Бадахшон мегӯянд, Абу Умар дар шароите мармуз тавассути як гурӯҳи ношинос кушта шуд, ки эҳтимолан бо қочоқчиён ё гурӯҳҳои террористии хориҷӣ муртабит аст.
Як манбаъи Сангар дар Баҳорак, ки аз бархе ҷузъиёти қатли Абу Умар иттилоъ дорад, мегӯяд, дар шаби кушта шудан ӯ ба танҳоӣ бо як “пикап” ба Баҳорак ҳаракат буд, ки дар масири минтақаи Кӯҳаки байни Дашти Фироқ ва Апчидара баллони мошинаш кафид.
“Дар ин минтақа хонаҳо ин ҷову он ҷо пароканда аст. Мошинаш пушти яке аз хонаҳо панчар шуда буд. Соҳиби он хона дид, ки як нафар дар атрофи худрав мепалмосад ва сипас худрави дигаре бо афроди мусаллаҳ ҳозир шуданд ва ба суръат худравро таъмир карданду Абу Умарро бо худ бурданд”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи вай, чӯпоне ҷасади Абу Умарро дар яке аз дараҳои хилвати ин минтақа пайдо кард ва ба мардуми маҳалл аз он хабар дод.
“Ҷасадаш тавре зери мошинаш буд, ки ангор мошини худаш ӯро задааст. Ҳеҷ аслиҳа ва чизҳои дигар дар мошин вуҷуд надошт. Зоҳиран, ӯро афроде, ки мешинохт ба он ҷо овардаанд ва маълум нест, ки гуфтугӯ дар бораи чӣ буда ва чаро кушта шудааст”, - гуфт манбаъ.
Баъдан Толибон ба минтақа расиданд ва ба сари ҳамон соҳибхона, ки баллони мошини Абу Умар пушти хонаи ӯ кафида буд, халта кашида, ӯро бурданд.
“Ӯ як марди фақир аст ва фарзандони зиёде дорад. Ӯро бурданд ва баъд мавриди шиканҷаи шадид қарор доданд фақат ба ин далел, ки гуфта буд, баллони мошини Абу Умар, ки ҳатто ӯро намешинохт, кафида ва худи ӯ тавассути афроди мусаллаҳ бурда шуд”, - гуфт манбаъ.
Бархе аз забтҳои савтии Абу Умар ва аксҳои террористҳои хориҷие, ки манобеъ дар ихтиёри Сангар қарор додаанд (ва ба мулоҳизаҳои амниятӣ аз нашри онҳо худдорӣ мешавад), нишон медиҳад, ки вай машғули хариди силоҳу муҳиммот, бавежа, мусалсали M4 ва туфангчаи амрикоӣ буда, террористҳои хориҷӣ дар шаҳристонҳои Вардуҷ, Баҳорак, Ҷурм ва шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон анборҳои силоҳ доранд.
“Абу Умар” лақаби фармондеҳи аслии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Бадахшон буд. Вай бо ҳамкории Қорӣ Форуқ Ӯйғурӣ (фармондеҳи Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ), Шайх Зокир (фармондеҳи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон) ва Қорӣ Зоҳир Ӯйғурӣ (фармондеҳи Алқоида дар Бадахшон) ба қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир машғул буд”, - гуфт манбаъи “Сангар” аз миёни Толибони Бадахшон.
Ба гуфтаи вай, Абу Умар ва дигар фармондеҳони ҷангҷуёни хориҷӣ бо қочоқчиёни бузург ва мутавассити Бадахшон ва паштунҳои Ҷалолобод, Ҳилманд ва Қандаҳор дар тамос ҳастанд ва бавежа, тарёк ва борутро дар вилояти Бадахшон мехаранд ва ба қочоқчиёни паштун мефурӯшанд.
“Онҳо ин корро бо ҳамкории фармондеҳони мухталифи маҳаллии Толибон, аз ҷумла Мулло Ҳофиз (фармондеҳи фирқаи “Умари солис”-и вазорати дифоъи Толибон, яке аз афроди Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди артиши Толибон), Мулло Амонуддин (волии Бадахшон), Мулло Ҷамил (яке аз фармондеҳони бонуфузи толибони тоҷик дар Бадахшон) ва Мулло Маҳбуб Хӯстакӣ (раиси ситоди фирқаи “Умари солис”) анҷом медиҳанд", - гуфт манбаъ.
Ба иттилоъи манобеъ, Абу Умар Тоҷик тақрибан 90 тан аз аъзои гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро фармондеҳӣ мекард, ки дар атрофи майдони ҳавоӣ ва Шаҳри Ҷадиди шаҳри Файзобод, шаҳристонҳои Вардуҷ, Баҳорак ва Ҷурми вилояти Бадахшон ҳузур доранд.
“Баъд аз суқути ҷумҳурӣ, Абу Умар ибтидо дар маркази шаҳристони Баҳорак сокин шуд. Ў ва 14 хонаводаи дигар аз террористҳои тоҷик дар хонаи яке аз фармондеҳони неруҳои зидди Толибон зиндагӣ мекарданд. Чанд моҳ пеш ба ҳамроҳи хонаводааш ба Шаҳри Нав дар шаҳри Файзобод нақли макон кард. Ў дар ин ҷо хонаеро иҷора гирифта, ҳамроҳ бо як чеченӣ, ба Толибон ва ҷангҷӯёни хориҷиро сохту истифодаи минаро омӯзиш медоданд”, - гуфт манбаъ.
Бар асоси охирин гузоришҳои манобеъ, фармондеҳони Толибон ва созмонҳои террористии хориҷӣ пас аз террори Абу Умар дар Файзобод ҷаласае баргузор карданд ва хостори таҳқиқи густурдаи қатли ӯ шуданд. Дар ин ҷаласа ду нафар аз гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба номҳои мустаори “Умар” ва “Салмон” ҳузур доштанд, ки эҳтимол меравад, яке аз онҳо ҷойгузини “Абу Умар” шавад.
Бар асоси иттилооти то ба имрӯз ба даст омада, ҷангиёни гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” умдатан дар вилоёти Бадахшон ва Кундузи Афғонистон ҳузур доранд ва теъдоди онҳо аз 500 нафар фаротар намеравад.
Манобеъ мегӯянд, “Маҳдӣ Арсалон” , ки аз сӯи истихбороти Толибон ва бо таҳрики он расонаҳои ғарбӣ ба унвони раҳбари “Таҳрики Толибони Тоҷикистон” муаррифӣ мешавад, нақши муҳимме дар ин гурӯҳ ифо намекунад ва акнун дар Кобул ба сар мебарад ва як ҳалқаи иртиботие байни қочоқчиёни созмонҳои террористии Бадахшон ва қочоқчиёни паштун дар ҷануб аст. Яке аз охирин сафарҳои ӯ ба Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар моҳи сентябр анҷом шуд, ки ҷузиёти он агарчи бисёр кам аст, аммо бисёр ҷолиб аст. Гоҳе ӯро дар шаҳристони Нусайи Бадахшон, ҷое, ки бастагони ҳамсараш зиндагӣ мекунанд, дучор меоянд. Бар хилофи Абу Умар ва бо вуҷуди мамнуъиятҳои Толибон, оҳангҳои овозхонони тоҷик ҳамеша дар мошини ӯ шунида мешавад.