Поксозии қавмӣ дар Афғонистон Русияро маҷбур ба дур шудан аз Украина мекунад
Андрей Серенко, хабарнигори “Независимая газета”
Раҳбарии Толибони Афғонистон (созмон мамнуъа дар Русия) дар назар дорад як "мамнуъгоҳи терроризм" - ро дар вилояти шимолии Панҷшер эҷод кунад, ки дар он тамоми гурӯҳҳои ҷиҳодии хориҷии ҳозир дар Афғонистон мутамаркиз шаванд. Татбиқи ин проект шомили поксозии қавмӣ дар миқёси васеъ аст, ки бояд манзараи қавмии минтақаи Панҷшерро комилан тағйир диҳад. “Панҷшери ҷиҳодӣ” – тарҳи ҷадиди Толибон ба таҳдиди амниятии дигаре барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва манофеъи Русия дар минтақа табдил хоҳад шуд.
Дар моҳҳои оянда, раҳбарии Толибон дар назар дорад то як амалиёти вежаро дар минтақаи Панҷшер рӯи даст гирад. Манобеъи наздик ба сервиси иттилоотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) ба “Независимая газета” гуфтанд, ки ҳадафи он ихроҷи густурдаи ҷамъияти маҳаллии тоҷик хоҳад буд. Ба гуфтаи онҳо, истихбороти ҷабҳа ба лутфи авомили худ дар суфуфи толибони Панҷшер, додаҳои мувассақе дар мавриди нақшаҳои террористҳо дорад: “Дар бахше аз амалиёти барномарезишуда тавассути Толибон, интизор меравад ихроҷи тадриҷии иҷбории мардуми бумии Панҷшер анҷом шавад. Бо чунин иқдомоти муҷозотӣ, Толибон умедвор аст, ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди Толибон, ки дар дараи Панҷшер мустақар аст ва аз ҳимояти тоҷикҳои маҳаллӣ бархурдор аст, поён диҳад. Ҳамзамон бо поксозии қавмӣ, мардуми Вазиристони Покистон ва хонаводаҳои ҷангҷӯёни ҷиҳодии хориҷие, ки акнун дар вилоёти мухталифи Афғонистон ба сар мебаранд, дар хонаҳои панҷшериҳо ускон дода мешаванд”. Интизор меравад амалиёти тағйири асоси манзараи қавмӣ ва ҷамъиятии дараи Панҷшер дар нимаи аввали соли 2023 анҷом шавад.
Тамоюли Толибон ба анҷоми як поксозии қавмии родикол дар Панҷшер дар дараҷаи аввал ба далели нотавонии "муллоҳои хашин" дар нобудии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст. Бо вуҷуди тамоми талошҳо, дар соли 2022 Толибон натавонист зерсохтҳои ҶММ-ро дар Панҷшер, Андароб (вилояти Бағлон), Тахор ва дигар вилоёт аз байн бибарад: дар натиҷа, ҳатто бо вуҷуди коҳиши табиии фаъолиятҳои ҷангӣ дар давраи поизу замистон, ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимат ҳамчунон ҳамалоти мусаллаҳона бар намояндагони Толибонро идома медиҳанд.
Нотавонии Толибон дар поён додан ба муқовимати мусаллаҳона дар шимоли кишвар таъсири манфӣ бар шӯҳрати сиёсии режими "муллоҳои хашин" дорад ва ба мухотибони дохилӣ ва хориҷӣ далеле барои тардид дар қудрат ва машрӯъияти ҳукумати Толибон медиҳад. Аз ин рӯ, Толибон шурӯъ ба такя бар иқдомоти танбеҳӣ алайҳи мардуми ғайринизомӣ кардааст, ки ба навъе аз ҷунбиши муқовимат ҳимоят мекунанд. Ва дар ин ҷо панҷшериҳо аввалин касоне ҳастанд, ки зери зарбаи террористҳо қарор мегиранд.
Ба гуфтаи манобеъи “Независимая газета”, дар миёни ҷангҷуёни хориҷие, ки қарор аст дар Панҷшер ускон дода шаванд, на танҳо покистониҳо, балки мардуме аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, чечениҳо ва арабҳо низ ҳузур доранд: "Онҳо ҷонибдорони Толибон, Алқоида (созмонҳои дар Русия мамнуъ) ва соири гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд. Дар воқеъ, мо дар мавриди талоши Толибон барои эҷоди навъе "мамнуъгоҳи терроризм" сӯҳбат мекунем, ҷое, ки ҷангҷуёни хориҷӣ барои иқомати доим сокин шаванд. Аз ин рӯ, раҳбарони Толибон умедворанд, ки чандин мушкилро ба таври ҳамзамон ҳал кунанд. Муҳиммтарини онҳо аз байн бурдани тавозуни қавмии суннатӣ дар Панҷшер ва дар кулли шимол Афғонистон аз тариқи саркӯби тоҷикҳо, аз байн бурдани пойгоҳи иҷтимоии муқовимати зидди Толибон ва эҷоди маркази тамаркуз барои бахши умдаи ҷиҳодгарони хориҷӣ аст, ки ҳозир дар ин кишвар ҳастанд ва ҳам мумкин аст дар соли 2023 вориди Афғонистон шаванд".
Ба гуфтаи теъдоде аз коршиносони афғон, Толибон умедвор аст, ки контроли худро бар ҷангҷуёни хориҷие, ки ба думболи ускони муҷаддад дар Афғонистон аз кишварҳои дигар ҳастанд, тақвият кунад: “Бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин муҳоҷирон ошкор ё пинҳон ба Давлати исломӣ (ДОЪИШ, созмони мамнӯъа дар Русия) мухлисӣ мекунанд. Бархе аз ҷонибдорони ДОИШ ба таври суннатӣ тавассути раҳбарони Толибон аз тариқи "Шабакаи Ҳаққонӣ" (мамнуъ дар Русия) контрол мешаванд. Бо ин ҳол, наметавон ҳама тарафдорони “хилофат”-ро ба ин тариқ контрол кард. Дар соли 2023, мушкили контроли ҷангҷуёни хориҷӣ мумкин аст ба вежа барои Толибон ҷиддӣ шавад.
Тарҳҳои саркӯбгаронаи Толибон алайҳи Панҷшер мустақиман амнияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва манофеъи Русия дар минтақаро таҳдид мекунад. Ин хатар вуҷуд дорад, ки пас аз ихроҷи иҷбории тоҷикҳои Панҷшер, равишҳои мушобеҳе аз сӯи раҳбарони Толибон алайҳи тоҷикҳо ва ӯзбекҳои Афғонистон дар соири вилоёти шимолии кишвар ба кор гирифта шавад. Илова бар ин, поксозии қавмии шаҳрвандони ғайрипаштуни Афғонистон қаблан дар вилоёти Тахор, Бағлон, Ҷузҷон, Форёб ва ғайра сурат гирифтааст.
Шикастани тавозуни қавмии суннатӣ дар шимоли Афғонистон тавассути Толибон ногузир ба ташдиди даргириҳои байниқавмие мерасонад, ки дар шароити Афғонистон ба эҳтимоли зиёд боиси даргириҳои мусаллаҳона хоҳад шуд. Натиҷаи ин амр мумкин аст фирори ҳазорон паноҳанда аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ташдиди даргириҳо дар имтидоди марзҳо бо ҷумҳуриҳои пас аз Шӯравӣ, талоши ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои интиқоли "ҷиҳод" ба сарзамини таърихии онҳо бошад.
“Бадеҳист, ки ташдиди якбораи вазъияти низомӣ-сиёсӣ дар шимоли Афғонистон ва афзоиши таҳдидот алайҳи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Маскавро маҷбур ба мудохила дар авзоъ хоҳад кард. Ин амр ногузир таваҷҷуҳ ва неруҳои Русияро аз ҷиҳати ғарбӣ ва украинӣ ба самти ҷануб мунҳариф хоҳад кард. Шояд кушоиши ҷабҳаи дувум алайҳи Русия дар ҷануб яке аз аҳдофи амалиётии Толибон барои аз байн бурдани тавозуни қавмӣ дар шимоли Афғонистон ва дар воқеъ дар марзҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бошад”, - гуфт Султон Аҳмад Шуъайб, таҳлилгари сиёсӣ ба “Независимая газета”.