Хабари рӯз

Такя бар як бозигар — Толибон — мавқеъи Русия дар Афғонистонро заиф мекунад.

Нависанда: Олег Акулиничев, шарқшинос, дипломати пешин, дар сафоратҳои Русия дар Эрон, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳои Шарқ кор кардааст

Манбаъ: "Коммерсант" (Русия)

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) аз ташдиди шадиди равобити миёни Афғонистон ва Покистон, ки ба даргириҳои мусаллаҳона мунҷар шудааст, нигарон аст. Ин мавзӯъро дар таърихи 20 апрел дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Талъатбек Масодиқов, эълом кард.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳамчунон дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои узви ин блок қарор дорад, зеро ҳанӯз ҳам “манбаи билқувваи чолишҳо ва таҳдидҳои фаромарзӣ барои Осиёи Марказӣ” маҳсуб мешавад.

Кишваре, ки пас аз хуруҷи эътилофи ғарбӣ дар соли 2021 бархе коршиносон бо шитоб онро дар зумраи “вазъияти одии нав” қарор доданд, дарвоқеъ ҳамчунон дучори бесуботӣ аст, он ҳам бо шиддати дучандон. Апрел 2026 ҳеҷ гуна тавоҳҳуме боқӣ дар ин боб намегузорад: на пирӯзии низомии Толибон ва на талошҳои алании онҳо барои таъмини назм, натавониста вазъиятро тасбит кунад.

Дар атрофи Афғонистони имрӯз на танҳо як буҳрони тӯлонимуддати инсонӣ дар ҷараён аст, балки як мунозиаъи комили минтақаӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки метавонад нақшаи Осиёи Марказиро дигаргун созад. Ва бо камоли таъассуф, пружаҳои роҳбурдии Русия, ки бар онҳо ҳисоб боз шуда буд, гаравгони ин бесуботӣ шудаанд.

Хабари аслӣ, ки расонаҳои ғарбӣ онро ба унвони як мунозиаъи маҳаллии марзӣ ироа мекунанд, дарвоқеъ решаҳои бисёр амиқтаре дорад. Аз авохири феврали соли 2026, Афғонистон ва Покистон дар вазъияти “ҷанги боз”, истилоҳе, ки ҳам дипломатҳо ва ҳам низомиён аз он истифода мекунанд, қарор доранд. Сухан аз даргириҳои тасодуфӣ нест, балки аз ҳамалоти ҳавоии систематик ва гулулаборонҳои ҳовон аз ҳар ду тараф аст.

Бар асоси додаҳои Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид, танҳо аз феврал то авоили апрел дасткам 97 ғайринизомӣ кушта шудаанд ва наздик ба 100 ҳазор нафар беҷо шудаанд. Мақомоти афғон арқомро даҳ баробар бештар медонанд.

Решаи мушкил — “Толибони покистонӣ” аст, гурӯҳе, ки муддатҳост дар вилоятҳои марзии Афғонистон мустақар шудааст. Исломобод аз раҳбарии Кобул мехоҳад, ки паноҳгоҳҳои ин гурӯҳро аз байн барад. Кобул ё даст боло мекунад ё ба ваъдаҳои куллӣ басанда мекунад.

Гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии Чин дар Урумчи дар авоили апрел танҳо далели расмӣ барои хушбинӣ дод: тарафҳо тавофуқ карданд, ки “аз ташдид ҷилавгирӣ кунанд”, аммо чанд рӯз баъд дар Покистон дар натиҷаи гулулаборон аз сӯи Афғонистон дубора занону кӯдакон кушта шуданд. Ин ҳамон мавридест, ки дар он дипломатия ба кундӣ пеш меравад ва силоҳ баландтар сухан мегӯяд.

Барои Маскав ин даргирӣ боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст. Намояндаи вижаи мо, Замир Кабулов — дипломат ва шарқшиноси бисёр ботачриба, касе, ки беҳтар аз дигарон вазъият ва бозигарони маҳаллиро мешиносад — таъкид мекунад, ки таниш миёни Кобул ва Исломобод мустақиман ичрои пружаҳои зербиноии Русияро кунд месозад. Сухан аз сохти роҳи оҳани Трансафғон (пружаи “Тирмиз—Мазори Шариф—Кобул—Пешовар”) ва эҳтимолан як корхонаи тасфияи нафт меравад. То замоне, ки гулӯлаҳо дар марз инфиҷор мекунанд, ҳеҷ кас роҳи оҳан намегузорад ва лӯла намекашад.

Маскав масири амалгароёнаро интихоб кардааст. Дар январи 2026, раисҷумҳур Владимир Путин эътимодномаҳои сафири мансуб аз сӯи ҳукумати Толибонро пазируфт. Дар апрел Додгоҳи олии Федератсияи Русия мамнуъияти фаъолияти ҷунбиши “Толибон”-ро ба ҳолати таълиқ даровард ва амалан онро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард. Ин як жести дипломатии муҳим аст, ки роҳро барои ҳамкории комили иқтисодӣ боз мекунад.

Ва дарвоқеъ, музокирот дар бораи интиқоли 2 миллион тон сӯхти русӣ дар сол дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад. Ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар ҳамакнун ба 538 миллион доллар расидааст.

Ба назар мерасад, ки ин ҳамон пешрафти мавриди интизор аст. Аммо мутаассифона, бидуни субот дар марзҳо ва дар худи Афғонистон, ин арқом танҳо билқувва боқӣ хоҳанд монд. Даргирӣ бо Покистон шиканандагии ҳар гуна тавофуқоти иқтисодиро нишон дод: то замоне, ки Кобул натавонад амнияти коридорҳои транспортиро тазмин кунад, сармоягузории миллиардҳо доллар дар зерсохтҳо бемаъно аст.

Чин дар ин замина муҳтоттар, аммо ҳамзамон хашинтар амал мекунад: Пекин аз қабл 3,5 миллиард доллар дар кони миси Айнак ва 500 миллион доллар дар энержии хуршедӣ сармоягузорӣ кардааст. Аммо пружаҳои чинӣ низ аз бесуботии Афғонистон масун нестанд.

Аммо агар бозииҳои сиёсӣ ҳанӯз фазое барои манёвр боқӣ мегузоранд, арқоми фоҷиаи башардӯстона ҳеҷ ҷое барои таъбироти нарм боқӣ намегузоранд.

Бар асоси пешбиниҳои Созмони Милали Муттаҳид барои соли 2026, 21٫9 миллион афғонистонӣ, тақрибан ними ҷамъияти кишвар, ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд. Беш аз 17 миллион нафар дар остонаи гуруснагии шадид қарор гирифтаанд. Фақат тасаввур кунед: кишваре, ки замоне худро таъмин мекард, имрӯз ҳатто қодир ба таъмини ғизои яксевуми шаҳрвандони худ нест.

Бӯҳрон бо бозгашти густурдаи муҳоҷирин ташдид мешавад. Танҳо дар соли 2026, садҳо ҳазор афғонистонӣ аз Эрону Покистон бозгаштаанд: онҳоро сахттар шудани сиёсатҳои муҳоҷиратии кишварҳои ҳамсоя маҷбур ба бозгашт кардааст. Ин афрод на сарпаноҳ доранд, на кор ва на чашмандоз. Онҳо ба сафи фуқаро мепайванданд ва, аз он ҳам хатарноктар, ба ҳадафи осон барои ҷазбкунандагони гурӯҳҳои ифротӣ табдил мешаванд.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд: Афғонистон бори дигар дар маърази табдил шудан ба инкубатори тероризми байналмилалӣ қарор дорад. Ва ин дигар пешбинӣ нест, балки баёни воқеият аст: бар асоси додаҳои вазорати умури хориҷаи Русия, дар қаламрави ин кишвар то 23 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои мухталиф — аз «Алқоида» то “ДОИШ-Хуросон” (дар Федератсияи Русия ба ҳайси созмонҳои терористӣ шинохта шуда ва мамнуъ мебошанд) - фаъолият доранд.

Пешбиниҳо умедбахш нестанд. Тақобули Афғонистон ва Покистон вориди марҳалаи як мунозиаъи доимӣ шудааст, ҳеҷ яке аз тарафҳо омодаи имтиёздиҳӣ нестанд ва механизмҳои фишори хориҷӣ тақрибан аз байн рафтаанд.

Бо ин ҳол, содалавҳӣ хоҳад буд агар тасаввур кунем, ки Вашингтон, ки бист солро сарфи ишғоли Афғонистон кардааст ва танҳо дар соли 2021 нерӯҳои худро хориҷ намуд, комилан алоқаи худро ба минтақа аз даст додааст. Дар паси сари ҳангомаи таблиғотӣ ва ошуфтагии зоҳирии дипломатӣ перомуни буҳрони кунунии Ховари Миёна (таҷовуз алайҳи Эрон), наметавон нуктаи аслиро нодида гирифт: Иёлоти Муттаҳида ба таври пайгирона стратегияи дарозмуддати худро пеш мебарад, ки на алайҳи иддаои “доштанِи силоҳи ҳастаӣ”, балки барои бозсозии минтақа, рақобат барои манобеъ, муқобила бо Чин ва маҳдуд кардани Русия равона шудааст.

Пас аз бист соли ишғол, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, бар хилофи ҳамаи пешбиниҳо, имкониятҳои таъсиррасонӣ ба ҷараёни рӯйдодҳоро нигоҳ доштаанд. Ва набояд ба ин хаёл дода шавем: ҳанӯз ҳам моро сюрпризҳо интизоранд, онҳо мисли ҳамеша ғайримунтазира хоҳанд буд.

Барои Маскав, ин ба маънои зарурати бознигарӣ дар стратегияи худ аст. Такя бар як бозигар — Толибон — дар канори нодида гирифтани воқеиятҳои минтақаӣ метавонад мунҷар ба аз даст рафтани ҳатто ҳамон мавқеъҳои хоксорона шавад.

Мо ба сиёсати чандиртаре ниёз дорем: гуфтугӯ дар бораи масоили минтақаӣ ҳам бо Кобул, ҳам бо Исломобод, ҳам бо Теҳрон ва ҳам бо Душанбе. Ҳамчунин ба механизмҳои воқеӣ, на танҳо эъломӣ, барои назорати амният дар марзҳо ниёз аст.

Афғонистон дар ояндаи қобили пешбинӣ ба субот нахоҳад расид. Аммо мо метавонем ва бояд манофеъи иқтисодии худро ҳифз кунем ва, муҳимтар аз он, иҷоза надиҳем, ки бесуботӣ дар марзҳои ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ сироят кунад. Замони тавоҳҳумот гузаштааст. Акнун замони амалгароии сахт ва ҳисобу китоби дақиқ фаро расидааст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!