Хабари рӯз

Инглис бар ин аст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ ҳазф ва низоми подшоҳӣ эҳё шавад.

Манбаъ: Хабаргузории Ҷумҳур

Яъне, ки чаро Бритониё бар хилофи Амрико аз сиёсати таъсиси салтанати садоратӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад, баҳс равшан аст. Бритониё аз даҳшатгароиҳои Амрико хаста шуда,ки...

Бар пояи иттилооти мувассақ, Ҳомид Карзай дар мулоқотҳои хос бо масъулини МАй6 ва СиАйЭй дар қиболи таъйини сарнавишти Афғонистон ба онон гӯшзад карда, ки ҳоло вақти канор гузоштани Мулло Ҳайбатуллоҳи мавҳум аз саркардагии Толибон фаро расидааст.

Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ мувофиқи баргашти Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба арикаи қудрати козиб дар Афғонистон нест.

Бритониё бо вуҷуди дилхурӣ аз Ҳомид Карзай, хоҳони фурсат додан ба Мустафо Зоҳир ба унвони подшоҳ ва доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба сифати нахуствазири низоми пасотолибон дар Афғонистон аст. Бритониё аз пуштибонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳинд бархурдор аст. Аммо Толибон ба гурӯҳҳои мутааддид тақсим мешаванд. Ҳоло бо дарзи ин иттилоот ҳаёт Ҳомид Карзай, доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Муҳаммад Мустафо Зоҳир ба маърази хатари нобудӣ қарор гирифтааст.

Муҷтамеи ҷомеаи мадании Афғонистон (МҶМА) ба иттилооте даст ёфта, ки нашри он аз лиҳози манофеъи миллии Афғонистон муҷоз нест. Аммо ҳамин қадар бояд иттилоърасонӣ кард, ки бо ҳазфи Мулло Ҳайбатуллоҳи мавҳум бояд сарони гурӯҳи ғилҷоиҳо таҳти саркардагии ҳаққониҳо ҳам куллан нобуд гарданд, то беш аз гузашта мухилли амнияту омили хатари таҷзияи Афғонистон ба нафъи Покистон нагарданд.

 Гурӯҳҳои мусаллаҳи Муҳози миллии исломии Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ ба нафъи тарҳи Бритониё дар вилоёти Пактиё, Пактико, Хуст, Нангарҳор, Кунар ва Лағмон ҳастанд. Ҳатто пайравони марҳум Сайид Аҳмад Гелонӣ дар вилоёти Самангон, Қундуз, Ҷузҷон, Сарипул ва Форёб бо аъзои Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, Толибони ғайрпаштун, бозмондагони Ҳаракати инқилоби исломии Афғонистон ва Ҷабҳаи наҷоти миллии Афғонистон дар ҳоли ройзанӣ ҳастанд. Покистон бисёр мушаввашу дудила аст, ки бо Русия ё бо Бритониё ҳаммаслаки сиёсати сарнавиштсоз барои Афғонистон шавад.

Муҳаммад Мустафо Зоҳир 59 сол умр дорад. Ӯ ҷавон буд, ки мавриди ғаври марҳум Муҳаммад Зоҳиршоҳ қарор гирифт. Охирин подшоҳи Афғонистон Мустафо Зоҳирро муносиби ҷойгузини худ мешумурд. Аммо Мустафо Зоҳир то ҳол дар сукути роҳбурдӣ ба сар мебарад. Мустафо Зоҳир чеҳраи ҳама муддаиёни раҳбарии калони Афғонистонро дар амал мешиносад. Ӯ бо ҷидият дар бахши ҳифзи Афғонистони воҳиду якпорча ва таъсиси як низоми салтанатии садоратӣ мутааҳҳид аст. Муҳаммад Мустафо Зоҳир дар хафо мавриди таъйиди подшоҳии Арабистони Саудӣ, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ аст.

Чапиҳову аҳзоби исломӣ ва ростгарои ҷумҳурихоҳи Афғонистон сад дар сад мухолифи баргашти Афғонистон ба сӯи низоми подшоҳӣ ҳастанд. Аммо аксар ҷавонони Афғонистон, ки таҷрибаи низомҳо, режимҳо ва шибҳирежимҳои панҷоҳ соли гузашта дар Афғонистонро доранд, зери номи поёни ҷанг, тафриқаи табориву қавмӣ ва ҳифзи ҳаёти сиёсии Афғонистон ба баргашти низоми шоҳӣ бо подшоҳии Мустафо Зоҳир мувофиқ ҳастанд.

Аксар авоми мусулмони куҳансоли Афғонистон аз таъсиси салтанат бо ҳузури садри аъзам дар Афғонистон истиқбол мекунанд. Бо подшоҳ шудани Мустафо Зоҳир ҷанги қабилавӣ байни дуррониҳо ва ғилзоиҳо ҳам поён меёбад. Аммо МҶМА дарёфта, ки Мулло Ҳайбатуллоҳи мавҳум дурӯғ мегӯяд ва ӯ барои фиреби Амрико ва касби ҳимояти молӣ бештари дували ғарбӣ иддаои тавоноии Толибон дар бахши азлаш аз тариқи иттиҳоди байни худи даҳшатафганон суханпароканӣ кардааст.

Он чӣ Бритониёву Амрикоро дар бахши таъйини сарнавишти Афғонистон мушавваш сохта, ҳамоно ифшои сиёсати понздаҳсолаи Русия дар бораи кишвари ишғолшуда мо тавассути лашкари ниёбатии даҳшатафганони  АйЭсАй аст.

 МҶМА дарёфта, ки подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳозир ба ҳимояти молӣ ва низомии подшоҳии Афғонистон мебошад ва ҷолиб аст, ки ҳам Мустафо Зоҳир ва ҳам доктар Абдуллоҳ ба иллати адами ихвонӣ будан мавриди ҳимояти ҷаҳони Ғарб ва ҷаҳони араб қарор доранд.

Ҳомид Карзай, Залмай Халилзод, Анварулҳақ Аҳадӣ, Алиаҳмад Ҷалолӣ, Ҳаниф Атмар, Ҷалил Шамс, Сайид Муҳаммад Гулобзуй, Карим Халилӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, Устод Сайёф, устод Ато Муҳаммад Нур ва ... мухолифи баргашти подшоҳӣ дар Афғонистон ҳастанд, аммо мавқифи Амир Муҳаммад Исмоилхон ва Салоҳуддин Раббонӣ дар ин маврид комилан номаълум аст.

Ҳамакнун дар байни раҳбарони аҳзоб ва ҷабаҳоти зидди ишғоли Афғонистон тавофуқ болои таъсиси ташкилоти воҳид барои оғози ҷанги таркибии истиқлол алайҳи ишғолгарони кишвар ҳосил нашудааст, чун Амир Муҳаммад Исмоилхон ва Салоҳуддин Раббонӣ мухолифи ҳузури чеҳраҳои машкук ва таборгаро дар раъси ташкилоти мавриди назар ҳастанд. Бештар аъзои Шӯрои олии муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар хафо ҳам бо Толибон дар иртибот ҳастанд ва ҳам бо Ҳомид Карзай ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар хатти сиёсӣ парсазанӣ доранд.

Аммо матраҳ шудани номи Мустафо Зоҳир ба сифати подшоҳ ва доктар Абдуллоҳ ба сифати нахуствазир барои хелеҳо умеду нерӯи тоза додааст. Чолиши аслӣ ғайримусаллаҳ сохтани Толибон ва таъсиси як урдуи миллии ғайрҳизбӣ ва ғайрисиёсӣ ҳирфаӣ барои низоми шоҳии Афғонистон аст. Аксари афсарону низомиёни Афғонистон ҳанӯз бар меҳвари таъсиси як урдуи миллии ғайриҳизбӣ ва ғайрисиёсӣ таҷаммӯъ накардаанд ва муттаҳидона эълон нанамудаанд, ки ҳозир ба хидмати низоми вазифаи таҳти подшоҳии содиротӣ дар кишвар ҳастанд!

Камари таъсиси подшоҳии садоратиро фақат низомиёни миллигароии  Афғонистон метавонанд баста кунанд. Дар чунон низоми фақат аҳзоби сиёсии миллӣ ҳаққи ширкат дар интихоботи нахуствазирӣ, шӯрои миллӣ, шӯроҳои вилоятӣ, шаҳристонҳо ва шаҳрдориҳо бо сохтори мушобеҳи низоми салтанатии Бритониё хоҳанд дошт ва Афғонистон ҳам бар вифқи сиёсати Бритониё бояд ба ҳашт иёлати қисмат шавад ва таҳти давлати марказӣ бо қувваи иҷроияи мунтахаб идора гардад.

Ҳоло шоҳкалиди шаклгирии низоми подшоҳӣ садоратӣ дар Афғонистон ҳамоно ҳимояти низомиён аз ин тарҳ аст. Ин ки чаро Бритониё бар хилофи Амрико аз сиёсати таъсиси салтанати садоратӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад, баҳси равшан аст. Бритониё аз даҳшатгароиҳои Амрико хаста шуда, ки мӯҷиб дубора қудратманд шудану матраҳ гаштани Русия ва зуҳури Чин ба сифати такабарқудрати тавлидии иқтисоди ҷаҳон гардидааст.

Бритониё ва дували узви Иттиҳоди Аврупо бақои султаи худ бар ҷаҳони ислому Африқо ва истимрори ҳаёти тамаддуни Ғарбро дар маҳор кардани Амрико пеша кардаанд. Аврупо хоҳони тавозуни қудрат ва нерӯи тавлиду хариди коло аз Чину Амрико аст ва мехоҳад ба таксултагирии Амрикову таҳдидоти иқтисодии Чину пешравиҳои низомии Русия поён бахшад. Аммо Аврупо бовараманд аст, ки баргашти низоми шоҳии садоратӣ дар Афғонистон гилеми даҳшатафгании ниёбатии мавҷуд дар ин кишварро бархоҳад чид ва заминаи мушорикати миллии ҳама таборҳо ва ақвоми Афғонистон дар зери чатри як низоми мавриди қабули мардуми ин кишварро фароҳам хоҳад кард.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!