Хабари рӯз

Гуруҳи мустақар дар маркази вилояти Бағлони Афғонистон марбути ДОИШ* аст ва аз “Шабакаи Ҳаққонӣ”* фармон мебарад

МАСКАВ - КУНДУЗ, 01 март – “Сангар”, Толиб Алиев, Ҷамшед Бадахшӣ. Қаблан хабаргузории Sputnik Тоҷикистон аз ҳузури ҳудуди 220 ҷангии хориҷӣ бо аҳли хонаводаашон дар шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон хабар дода буд.

Хабарнигори “Сангар” дар Кундуз низ аз қавли манобеъи худ дар Бағлон ин хабарро таъйид карда, мегӯяд, теъдоди онҳо бештар аз ин буда, ин ҷангиён марбути гуруҳи ба ном “ДОИШ-и Хуросон”-анд ва онҳоро як шаҳрванди Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Акс: Дарвозаи Инҳисорот (акс аз як ҳамлаи террористии ду соли қабл)

“Ӯро ба лақаби Абӯ Умар Тоҷикистонӣ муаррифӣ мекунанд. Номи аслиаш маълум нест. Дар ин гуруҳ ӯзбекҳову қирғизҳо ва қазоқҳои Осиёи Марказӣ ва ӯйғурҳои Чин ҳам ҳастанд. Дар замони ҳукуматҳои пешин онҳо дар Дандиғурӣ, як минтақаи кӯҳистонии Бағлон будубош доштаанд ва пас аз омадани Толибон аввал ба корхонаи нони Пули Хумрӣ ва сипас ба Инҳисорот интиқол ёфтанд, зеро маҳалли корхонаи нон барояшон амн набудааст. Хонаҳои “Инҳисорот” дар пушти меҳмонсарои фармондеҳи маъруфи маҳал Ҳабиб Андаробӣ (мутаваффои октябри 2020) ва рӯбарӯи кӯчаи Андаробиҳои шаҳри Пули Хумрӣ воқеъ шудааст ва сохтимонҳои зиёди чандтабақаӣ дар ин ҷо сохта шудаанд.”, - гуфт манбаъ.

Манбаъи “Сангар” мегӯяд, ихтилофи ДОИШ-у Толибон як дурӯғи маҳз аст, балки аввалиҳо таҳти назорати “Шабакаи Ҳаққонӣ” мебошанд, ки раҳбараш Сироҷуддини Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохили Иморати исломӣ аст.

Қаблан Sputnik Тоҷикистон дар такя ба аксу видео навиштааст, ки хонаводаҳои террористон дар минтақаи маскунии Силуи шаҳри Пули Хумрӣ дар блокҳои истиқоматии марбути Раёсати нафти ин вилоят ҳудуди ду моҳ ба ин сӯ зиндагӣ мекунанд.

“Ин баландманзилҳо дар миёни мардум ба номи «Инҳисорот” маъруф буда, дар чаҳор бинои чаҳорманзилаи он хонаводаҳои террористон ҷобаҷо шудаанд. Ин биноҳо дар замони ҳукуматҳои Карзай – Ғанӣ сохта шуда, бояд ба мардум тавзеъ мешуд, ки ин иттифоқ науфтод. Дар ҷараёни буҳрони куруно, яке аз ин биноҳо ба унвони бемористони вежа таъйин шуд. Ин ҷо қаламрави давлатӣ аст. Дар ҳудуди 2.5 - километрии сари чавк - маркази Пули Хумрӣ қарор дорад ва яке аз манотиқи марказии шаҳр ба шумор меравад”, - навиштааст Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, мардум ин хориҷиҳоро "чеченӣ" ва биноҳоро "хонаҳои чеченӣ" меноманд, аммо зоҳиран онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ё ӯйғурҳои Чин ҳастанд, ки қаблан дар хонаҳои маъруф ба Силу зиндагӣ мекарданд, ҷое, ки девору амният надошт ва ба ҳамин далел ба “Инҳисорот” мунтақил шудаанд.

“Ин макон қалъаеро мемонад, ки аз чаҳор тараф баста ва дорои деворҳои баланди симхордору системаи амниятӣ аст. Як дарвоза ҳам дорад. Фақат хонаводаҳои ҷангҷӯён дар дохил зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ кас намефаҳмад он ҷо чӣ иттифоқе меафтад. Ҳеҷ кас наметавонд ворид шавад, магар касоне, ки дорои иртибототи хос ҳастанд ва асосан афроди Толибонанд”, - навиштааст Sputnik Тоҷикистон.

Манбаъи ин расона афроди хориҷиро аксар онҳо қавҳайкалу қадбаланд, бо рӯйи гирду риши баланд тасвир мекунад, ки мӯйлабҳои тарошида, гунаҳои сурх ва чашмони борик доранд ва зоҳиран шабеҳи ӯзбекҳо, қирғизҳо ва қазоқҳои Осиёи Марказӣ ё ӯйғурҳои Чин ҳастанд.

“Онҳо дар маҳалли зисташон бидуни силоҳ сайр мекунанд. Танҳо як фармондеҳашон рӯзҳои ҷумъа қабл аз намоз пайдо мешавад, ки як туфанги баста дар камар ва чанд нигаҳбон бо худ дорад. Масҷид дар ҳавлии биноҳо ҷойгир аст. Онҳо боре ба ҳамсояҳояшон дар ин тарафи девор ҳушдор додаанд, ки мусиқӣ нагузоранд, вагарна муҷозот мешаванд. Онҳо тоҷикии форсиро дуруст намедонанд, монанди хориҷиҳо ба сахтӣ ва лаҳҷа сӯҳбат мекунанд”, - гуфт манбаъ.

Ҳузури алании ҷангиёни хориҷӣ дар Афғонистон иддаоҳои Толибон дар бораи адами ҳамкории онҳо бо созмонҳои террористии хориҷӣ ва байнулмилалӣ, назири Ал-қоъда ё ДОИШ, таҳти суол қарор медиҳад. Бино ба гузоришҳо, Толибон дар ин миён ба тамоми ҷангиёни хориҷӣ шиносномаҳои афғонӣ дода, ҳамаро ба шаҳрвандии Афғонистон қабул кардаанд.

Қаблан мақомотҳои Русияву Тоҷикистон аз ҳузури 6 ҳазор террористи хориҷӣ дар шимоли Афғонистон хабар дода буданд. Нигарониҳои кишварҳои шимол аз ин аст, ки ҳузури онҳо дар марзҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ таҳдиди билқувва ба амнияти минтақа аст. Толибон борҳо ваъда супурдаанд, ки ҳеҷ хатаре аз қаламрави онҳо мутаваҷҷеҳи кишварҳои шимоли Амударё нахоҳад шуд.

Бағлон аз вилоятҳои марказии Афғонистон ба шумор омада, дар ҷануби вилояти Кундузи бо Тоҷикистон ҳаммарз ҷойгир аст. Ҷангиёни хориҷӣ дар манотиқи дурдасти ин вилоят ҳанӯз аз замони ҳукуматҳои Карзай – Ғанӣ мустақар буданд ва касе, аз ҷумла нерӯҳои амрикоии мустақар дар вилоят, ба онҳо кор намегирифтанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!