Хабари рӯз

Агар тамоми неруҳои Толибон интиҳорӣ шаванд ва агар тамоми мадориси Покистонро интиҳорипӯш кунанд ва ё чеҳраи Сироҷуддин Ҳаққониро ҳазор бор сиёҳу сафед кунанд, камтарин тарсе барои Ҷабҳаи муқовамат таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Афғонистон ва он сӯи Амударё Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон эҷод нахоҳад кард.

Нависанда: Муҳаммад Усмон Наҷиб

Амалкардҳои таҳрикомези Ғарб аз нишонии Афғонистон ба сӯи Осиёи Миёна ва Русия коромади чандоне надошт. Империализм муштоқона дар фикре буд, то ба навъе пойи Русияро ба буҳронҳои фаромарзии худаш бикашонад ва Русияро дар ҷуғрофияи чаҳор атрофаш масруф созад, то ба навъе дар дохили як ҷанги фарсоишӣ тазъиф шавад ва фурӯпошии Русияро ба дасти Путин рақам бизанад. Чунон иқдомот натиҷаи баръакс дод ва Русияи замони Путин ва Медведев дубора ба як қудрати маҳорнопазир табдил ва ҳоло дардисари бузурге барои Ғарб шудааст. Пиндорҳои мутахассисони фикрии утоқҳои фикрии ҷанг дар Ғарб ҳама ғалат аз об дар омаданд.

Ғарб ҳатто агар ҳаводиси Украинаро ҳам бахше аз муваффақиятҳои худаш дар кашонидани пойи Русия ба ҷанг вонамуд кунад, боз ҳам Ғарб бозанда аст. Ҳамла ба Украина коре набуда, ки Русия пайи ояндаи манфӣ ва мусбати онро насанҷида бошад.

Аммо дар ҳар ду ҳолат ин мардуми Украинаанд, ки мисли мардуми мо бори ҷангро ба шонаҳояшон ҳамл мекунанд. Мо шоҳиди мавзеъгириҳои хасмонаи Зеленский дар муодилоти ҷаҳонӣ ба нафъи Ғарб будем. Инҳо фаромӯш намешаванд. Ҳоло агар барномаи ҷанги истихборотии ниёбатӣ аз сӯи Афғонистон ба сӯи Осиёи Миёна дар дастури кори СиАйЭй (CIA) ва Эм Ай Сикс (МИ6) ҳам бошад ва толибони малишаии покистонӣ, ҷанубӣ ва хайбриро аз сӯи Афғонистон он сӯи Омударё гусел кунанд, ҷуз шикаст ва сиёҳрӯӣ ба чизи дигаре намерасанд.

Мо ин ҷо дар пайи тавҷеҳи ҳамлаи рус ба Украина нестем ва ҳар таҷовузеро маҳкум мекунем. Аммо раҳбарони ҷаҳон аввлавиятҳои худ ва кишварҳои худро тарҷеҳ медиҳанд. Путин ҳам чунон мекунад. Ман мӯътақид ҳастам, ки таблиғоти вобастагии Путин ба Амрико бештар як барномаи санҷидашудаи истихбороти Русия барои мағшуш сохтани азҳони омма аст, то он ки барномае аз сӯи  CIA бошад.

Амрико ва муттаҳидонаш осори шикаст бо Толибонро аз соли 2009 эҳсос карда ва аз ҳамон замон дар пайи роҳёбӣ ба ҳалли сулҳомези низоъ бо Толибон буданд. Аз диди ин қалам барномаи ҳазфи Толибон аз аввал дар дастури кори Амрико набуда, балки истимрори ҳимоят аз Толибон дар пушти парда будааст. Натиҷаро ҳамаи мо дидем, ки чӣ гуна якшаба гурӯҳи террористии таҳти пайгардро ба мақоми раёсати давлат дар кишваре чун Афғонистон расониданд. Пинҳоннамоӣ ва ҳоло зоҳирнамоии чеҳраи Сироҷуддин Ҳаққони дар буҳбуҳаи ҷанҷоли Украина ҳама ва ҳама барномаҳои танзимшуда аз сӯи созмонҳои ҷосусии Ғарбанд ва беиртибот нестанд.

Шояд замони он расида, ки ғарб мехоҳад муҳраҳои ҷосусии худро ба унвони пешмаргаҳо вориди корзори ҷанги фарсоишӣ вориди Осиёи Миёна кунанд. Аммо ин муҳосибаро накардаанд, ки зимомдорони ҳар кишвар мисли Карзай -  Ғанӣ - Абдуллоҳ ҷосус ва хоин ба ватан нестанд. Агар тамоми неруҳои Толибон интиҳорӣ шаванд ва агар тамоми мадориси Покистонро интиҳорипӯш кунанд ва ё чеҳраи Сироҷуддин Ҳаққониро ҳазор бор сиёҳу сафед кунанд, камтарин тарсе барои Ҷабҳаи муқовамат таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Афғонистон ва он сӯи Амударё Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон эҷод нахоҳад кард.

Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ҳама кишварҳои ҳошияи дарёи Ому ва ё ҳам шомилони паймони кишварҳои муштаракулманофеъ (ИМА) ҳам оқилона медонанд, ки бақояшон дар иттиҳоди минтақаӣ аст на фаросӯҳо. Дар ғайри он ҳоли беҳтаре аз Украина нахоҳанд дошт.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!