Сиёсати путинҳаросии Амрико ҳаммонанди эронҳаросиаш даҳшатовар аст
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ
Таблиғот ва нашароти якҷониба дар мавриди ҳаводиси доғ дар ҷаҳон дар кишварҳои аврупоӣ, мардумро дар халои маълумотии бузурге қарор дода ва сабаби шаклгирии қазоватҳои ғайривоқебинона дар миёни гурӯҳҳо ва табақоти гунагуни мардум гардидааст.
Ман ин ҳақиқатро дар миёни мардумони хушқалбу хушбовари кишвари Олмон - сарзамини илму ҳунар ва шеър, аз ҳудуди сӣ сол ба ин сӯ бор-бор ба айният ва ба чашми сар мушоҳида карда ва дарк кардаам, ки онон чӣ хушбоварона ҳар он чиро аз расонаҳои худ мешунаванд, бовар мекунанд ва ҳич гоҳе талош намекунанд то манобеъи мувассақи дигареро ҷустуҷӯ намоянд.
Аврупоиёни пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум - бахусус олмониҳои шикастхӯрда аз ҷанг, ки то ҳанӯз мизбони даҳҳо ҳазор низомии амрикоӣ дар хонаашон ҳастанд, ба буҳронҳои хунини ҷаҳон (, ки ағлабан дасти Амрико дар халқу эҷоди онҳо дахил будааст), ҳамон гуна мебинанд, ки созмони истихбороти Амрико ва Пентагон мебинад. Тавре, ки дида мешавад, таблиғот рӯи бисёрии ҳаводиси доғи ҷаҳонӣ дар Аврупо – бахусус дар Олмон, бештар ба тақлид ва табъият аз расонаҳо ва манобеъи хабарӣ - иттилоотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат мегирад, ки билтабъа ҳамвора аз коноли танги сонсури онон ҳам убур менамояд.
Арчанд нодурустии ин думболаравии иттилоотӣ - маълумотӣ аз Амрико, бор-бор ба шакли шармоваре ошкор ва бармало шудааст, аммо ба далели тасаллути қулдурмаобонаи Амрико бар давлатҳо ва равони аврупоиён, боз ҳам думболаравӣ ва бовар ба дурӯғҳои шохдори иттилоотӣ идома ёфтааст. Ман то ҳанӯз хабар ва баёнияи расмиеро шоҳид нестам, ки кадом давлати аврупоӣ ба далели ширкати беҳудаашон дар ҷангҳои Ироқ ё Афғонистон аз мардумони мазлуми ин ду кишвар, маъзарат хоста бошанд. Бо он ки расонаҳои ҷамъӣ эътироф карданд, ки Саддом Ҳусайн бомби атомӣ надошт ва ё амрикоиён Афғонистонро огоҳона ба гурӯҳи террористии Толибон* супурданд, аммо ҳеҷ давлате ба хотири дунболаравиҳои вайронгарашон аз Амрико ва ширкати марговарашон дар ҷангҳое, ки Амрико ба роҳ андохта буд, аз касе пӯзиш нахостааст.
Ман бовар дорам, ки дер ё зуд аврупоиён ба ҳақоиқи талхи ҷанги Украина ва нақши вайронгаронаи Амрико дар ин ҷанг ҳам пай хоҳанд бурд, аммо он вақт дер хоҳад буд. Чун дар он замон, ҳам Украина ба вайрона мубаддал шудааст, ҳам Русия заиф ва дармонда шуда ва ҳам Аврупо бо ҳазору як мушкил ва чолиши иқтисодӣ рӯбарӯ ва мӯҳтоҷи Амрико шудааст.
Ногуфта нагузарем, ки дар ҷанги Украина ин фақат Амрикост, ки дасти боло дошта ва аз фурӯши силоҳҳои маргбораш бар Аврупо садҳо миллиард доллар суд хоҳад бурд. Ҳамин акнун танҳо дар севумин ҳафта пас аз оғози ҷанги Украина аст, ки амрикоиён барои таҳия ва фурӯши 30 фарванд ҷети ҷангии модерни F-35 барои Олмон, 64 фарванд барои Финланд, 32 фарванд барои Лаҳистон ва 52 фарванд барои Норвегия, омодагӣ гирифта ва аз фурӯши он даҳҳо миллиард доллар ба киса хоҳанд зад.
Аврупоиён товони хушбовариҳо ва думболаравиҳояшонро то замоне хоҳанд пардохт, ки ба ҷои бовар ба Амрико ва НАТО, ки ононро ҳамвора ба душманӣ бо Русия ва Чин ташвиқ ва тарғиб менамояд, ба худ ва ба иттиҳодияи қудратманди худ (Иттиҳодияи Аврупо) такя ва бовари мустақилона пайдо намоянд.
Аврупоиён бояд ба ин ҳақиқат пай бибаранд, ки амрикоиёни судҷӯ ҳамон гуна, ки бо таҳаққуқи сиёсати эронҳаросӣ аъроби сарватмандро мутеъ ва думрави худ карда, солона даҳҳо миллиард доллар силоҳу муҳиммоти ҷангӣ бар онон мефурӯшанд, бо таҳаққуқи сиёсати путинҳаросӣ ҳам, мехоҳанд Аврупоро то абад мутеъ ва думрави худ нигаҳ дошта, аз саноат ва сарвати онон суд бурда, тавлидоти низомии гаронқиматашонро бар онон ба фурӯш бирасонанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.