Ҷашни Наврӯз дар хилофати Усмонӣ ва фатвои "Шайхулислом" – и ҷаҳони ислом: "Наврӯз маҷусӣ нест, султонӣ аст! "
Нависанда: Забеҳулло Соӣ
Хилофати Усмонӣ, ки дар замони худ намоди иқтидор ва маркази ҷаҳони ислом шумурда мешуд ва расман унвони "хилофат", ки нишон аз "динӣ будан" – и он давлат доштро бо худ ҳамл мекард, Наврӯзро бо шукӯҳи тамом ҷашн мегирифт. Ин рӯз ҳам дар дарбори халифа ва ҳам аз сӯи мардум дар хонаҳо ва маҳаллаҳояшон ба унвони намоди таҳаввули табиат гиромӣ дошта мешуд. Дар ин рӯз ҳакимбошиҳои дарбори маъҷунӣ бо номи "наврӯзия" таҳия карда ва ба султон, хонаводаи вай ва аҳолии дарбор мехӯронданд.
Манобеъи мухталифи таърихӣ аз иштироки хулафои Усмонӣ дар ҷашнҳои Наврӯзӣ ва қабули табрикот ва ҳадоёи наврӯзӣ аз сӯи онҳо хабар медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин амр, Наврӯз дар хилофати Усмонӣ зери унвони "Наврӯзи султонӣ " ёд шуда ва ҷашн гирифта мешуд.
Шоирони давраи Усмонӣ дар васфи Наврӯз ба забонҳои форсӣ ва Усмонӣ дар қолабҳои мухталиф, ба вежа қасидаву шеър суруда ва ба халифа/султон тақдим менамуданд ва дар иваз подошҳои дархӯре дарёфт мекарданд. Аз ин шеърҳо, ки бо номи "наврӯзия" ёд мегардид, имрӯза намунаҳои фаровоне, ба вежа дар забони Усмонӣ барҷой мондааст. Наврӯз дар ин давра вориди мусиқӣ низ гардид ва мақоми мусиқии зер номи "мақоми Наврӯз" шакл гирифт.
Дар паҳлуи рӯнамоӣ аз тақвими ҷадиди соли хуршедӣ, ки ба гунаи расмӣ дар дарбор сурат мегирифт, дар ин рӯз ҳадоёи гаронбаҳое ба халифа ба вежа аз сӯи садриаъзам пешкаш мегардид, ки аз он бо номи "наврузия пешкаши" (пешкаши Наврӯзӣ) ёд мешуд.
Дар ҷоиз шумурдани бузургдошт аз Наврӯз ва адами мунофоти он бо ислом, фатвоҳое чанд низ дар давраи Усмонӣ аз сӯи "Шайхулислом", ки олитарин мақоми динӣ ва марҷаъи фатво дар хилофати исломӣ шинохта мешуд, содир гаштааст, ки аз ин миён яке аз намунаҳои он фатвои маъруфтарини шайхулисломи давраи Усмонӣ Абулсауд Афандӣ аст. Мавсуф шайхулисломи давраи султон Салими Аввал, султон Сулаймон Қонунӣ ва султон Салими Дувум буда ва фатвои хешро бо ин мӯҳтаво содир намудааст:
"...Наврӯз маҷуси декулдур, Наврӯз султони дер..."
Яъне: "... Наврӯз маҷусӣ (дар тақобул бо ислом) нест, Наврӯз султонӣ (марбут ба салтанат/давлати Усмонӣ буда ва як одат ё расме мавҷуд дар урф) аст."