Хабари рӯз

Маънои "қиёми якрӯза"-и Пригожин барои ояндаи Русия чист?

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили минтақа ва ҷаҳон, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

- Дар чанд моҳи ахир, бавежа аз моҳи май, ҳамалоти лафзии Евгений Пригожин, маъруф ба раиси “«Вагнер»” алайҳи вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Русия баланду баландтар мешуд.

- Пас аз хатми амалиёти Бахмут, нерӯҳои “Вагнер” аз ҷабаҳоти ҷанг ба шакли фаъол берун шуданд.

- Вазъияти ҷангӣ тағйироти зиёд надошт ва талафоти Русия рӯ ба афзоиш будааст.

- Талафот ва воқеияти ҷангро вазорати дифоъ таҳриф мекард.

- Пригожин ба ҳайси шахсе, ки ба шиддат натсионалист, ватандӯст ва вафодор ба Путин аст, масъулияти баланд сохтани садои эътирозро ба ӯҳда гирифт.

Вай арчанд шахси мавриди эътимоди Путин будааст, ки ҳатто ба вай ғизо мепухт, ё ширкати хусусии “Вагнер” ба мувофиқаи Путин эҷод шуд, аммо дар солҳои ахир, бавежа аз замоне, ки ҷанг оғоз шудааст ва вай вазорати дифоъро интиқод мекард, ҳеҷ гуна имкону роҳе барои расидан ба Путин барои додани гузориши воқеиятҳои ҷангро надошт.

- Аксарияти иттилоот, ки ба Путин ироа мешавад, дасткорӣ шуда ва бо воқеияти ҷабҳаҳо ҳамхонӣ надоранд.

- Низомиёни сутӯҳи поин медонанд, ки фармондеҳони аршад ба ҳамроҳии афрод дар атрофи Путин ва бавежа алигархҳои бузург, дохили муомилаҳои бузурги молӣ ва иқтисодӣ бо Украинаву Ғарб аз масири Украинаанд.

- Дар ниҳоят Кремл ирода барои ҷанг надорад, вале фарзандони мардум талаф мешаванд.

- Ин вазъият, норизоиятии шадидро ҳам дар ҷабҳа ва ҳам миёни мардум падид овард.

- Интиқодҳои Пригожин ба садои мардум мубаддал шуд ва маҳбубияти ӯро афзоиш дод.

- Баракс, атрофиёни Путин, ӯро аз хатари Пригожин метарсонданд.

Натиҷа:

- Ба бовари ман, Пригожин ба машвараи касоне роҳи “Ҳуго Чавез”-ро дар пеш гирифт.

Ҳуго Чавез дар соли 1992 кудато ба роҳ андохт. Шикаст хӯрд ва роҳии зиндон шуд. Пеш аз зиндонӣ шудан ба мардумаш гуфт: иқдомаш барои ҳоло номуваффақ буд.

Сипас аз зиндон ба сарбозонаш паём фиристод: ман аз шумо барои вафодориатон, баҳоятон, ва поймардиатон ташаккур мекунам, ва ман, дар баробари кишвар ва дар баробари ҳама шумо, масъулияти ин ҳаракати низомии боливариро бар ӯҳда мегирам.

- Пригожин мутобиқи улгуи Чавез алайҳи режими фосиди Русия иқдом намуд.

- Иқдоми Пригожин Путинро такон дод.

- Тасарруфи бидуни муқовамати шаҳри Ростов ва фирори раиси ситоди артиш аз маркази фармондеҳӣ ва пеш аз он фирори вазир дифоъ аз ҳавзаи амалиёт нишонаи нопойдории раҳбарони низомии Русия мебошад.

 - Пригожин дарвоқеъ “қалби фурӯзони Данко” достони маъруфи Максим Горкий шуд, ки худашро қурбонӣ намуд, то шоҳи Кремлро, ки ба вай хеле вафодор аст, мутаваҷҷеҳи вазъияти вахим намояд.

- Вай, ки натавонист ҳарфҳояшро мустақим ба Путин бирасонад, бояд аз тариқи Александр Лукашенко тавониста бошад чашмони Путинро аз воқеиятҳо боз кунад.

- Муомилаи суратгирифта нишон медиҳад, ки бояд чунон шуда бошад.

- Сергей Шойгу, ки дарвоқеъ пеш аз Путин бунёнгузори ҳизби “Русияи воҳид” аст, акнун нопадид аст.

- Ҷанги 50-солаи истихборот ва вазорати дифоъи Русия дохили давраи ҷадид мешавад.

- Дида шавад, ки Путин пас аз ин рӯйдодҳо такон мехӯрад ва тасфиякории шабеҳи 1937-ро дар атрофаш оғоз мекунад, ё худаш низ дар афсуни атрофиён ғарқ шудааст.

- Бидуни баргаштондани “Смерш” роҳи Русия ба сӯи фурӯпошӣ аст.

ТАВЗЕҲ: 19 апрели 1943, бо қарори маҳрамонаи Шӯрои комиссарони халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, дар Идораи бахшҳои вежаи НКВД, се созмони зиддиҷосусии мустақил эҷод шуд, ки "Смерш" (мухаффафи "Марг бар ҷосусон!" - "Смерть шпионам!") номида мешавад. Яке аз онҳо шахсан тобеъи Иосиф Сталин буд (Википедия).


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!