Ибни Лодан, Бағдодӣ, Масъуд, Мазорро куштанд, вале Ҳикматёр ҳамоно хутба мегӯяд, чаро!?
Нависанда: яке аз афроди барҷастаи Ҳизби исломӣ, ки номашро зикр накард
Як дӯстам бароям навишт, ки дар сафҳаи фейсбук як ҳамватан дар мавриди мувофиқат ва мухолифат, истикбор ва таблиғоти манфӣ дар мавриди як ҳизби мушаххаси ҷиҳодӣ дар кишвари Покистон чунин навиштааст:
"Дар матбуоти Ғарб дар панҷоҳ соли ахир танҳо бар зидди Ҳизби исломӣ таблиғ шуда, танҳо бар зидди Ҳизби ислоӣ!”
Ба ҳамин далел банда вобаста будани ҳизбро ба кадом марҷаъи хориҷӣ, ба шумули Покистон наметавонам таъйид кунам.
Мушкил аслии ҳизб адами навандешии динӣ аст. Манзурам ин нест, ки Ҳизб баъд аз ирсоли китобҳои Суруш тавассути банда бояд ҳатман Сурушро амиқтар мехонд ва мефаҳмид ва нақду тайъид ҳам мекард.
Манзурам ин аст, ки Ҳизби исломӣ аз навандешони динӣ аз қабили Иқбол, Сайид Қутб, Шариатӣ ва Мутаҳҳарӣ ҳам чизе наомӯхта!"
Ҷолиб аст, савол пайдо мешавад, ки чаро Ғарб бар хилофи ин ҳизб таблиғоти манфӣ мекард? Ки дар байни мардум бадном шавад ё эътибораш бештар гардад?
Покистон нӯкари Ғарб буду ҳаст!
Чӣ тавр ба Покистон иҷоза медодааст, ки ҳафтод фисад пул, силоҳ ва муҳиммот ҷангиро ба Ҳизби исломӣ бидиҳад? Ба хотрире ки Ҳизби исломӣ тазъиф гардад ё қавӣ?
Чаро ба танзимҳое, ки машҳур ба ғарбгаро буданд, камтар таваҷҷуҳ мешуд?
Толибро террорист мегуфтанд, вале тамоми васоил ва имконотро тавассути Покистон барояш мерасонданд!
Ду сол дар Дуҳа ба номи музокирот барояшон ваҷоҳати сиёсӣ доданд ва баъдан ҳам ҳукуматро бо анборҳои пур аз силоҳу муҳиммот таслимашон карданд ва моҳона ҳам харчи нону насворашонро ба миллиюнҳо доллар медоданд!?
Аҷиб нест, ки ҳамин Ҳизби исломӣ бо иддаои зидди Ғарб будан ва шинохти кофӣ аз фалсафаи вуҷудии истеъмории толиб ва куштор, вайронӣ, қатлу ғорат, барбарият, зулму ҷафо дар баробари ақвоми дигаре ва бадномии ислом, бо беҳаёӣ ва шояд ҳам буздилӣ, боз ҳам аз толиб ё дар ҳақиқат хоҷаи толиб, таъйид ва ҳамкории бидуни қайду шарт эълон карда, Ҳизби исломиро дар азҳони мардум машкук ва беэътибор сохта, муртакиби хиёнати таърихӣ шуд?
Аҷиб аст, дар зоҳир таблиғоти манфӣ ва дар хафо рафоқати мусбат?
Аҷиб аст! Ин ҳизб замоне ки ҳукумат дар дасти муҷоҳидини ҳама танзимҳо буд, тан ба сулҳ надод, аммо таҳти сайтараи яҳуду насоро силоҳ бар замин гузошт ва бо Ашраф Ғанӣ, намояндаи мустақими яҳуду насоро қавли дӯстӣ дод ва дар қасри Доруламон бо долларҳои Амрико ва шариконаш монанди дигарон дур аз мардуми ғарибу бечораи ватан ба айшу нӯш масруф шуд!
Ибни Лоданро куштанд, Бағдодӣ ва... ҷадидан Завоҳириро куштанд... Раббонӣ, Масъуд, Мазорӣ, генерал Розиқ ва...ро куштанд, вале як мухолифи аҷибу ғариб қарор кока-кока хутба мегӯяд ва аз замину осмон газ мекунад, касе ҳам нест, ки бигӯяд, болои чашмат абрӯст, чаро!?