Хабари рӯз

Маҳв кардани тасвири Эрон ба унвони як қудрати вежаи минтақаӣ дар айни ҳол абзоре барои сохтани тасвире аз иморати Толибон ба унвони як ҳамтои геополитикии Теҳрон, балки ба унвони як маркази ҷадиди қудрат дар минтақа аст.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия

 

ДАР БОРАИ РӮЙДОДҲОИ 27 МАЙИ 2023 ДАР МАРЗИ ЭРОНУ АФҒОНИСТОН

1 - Алорағми ин ки қаблан даргириҳои байни Толибони Афғонистон ва марзбонони эронӣ рух дода буд, аммо рӯйдоди 27 май дар сатҳи болотре аз ташдиду хушунат аз тарафи Толибон бо онҳо мутафовит аст.

2 - Даргирии дирӯз як ҳодисаи ногувор ва маъмули "ҷанҷоли ҳамсоягон" набуд: Толибон як намоиши қудрати таҳоҷумиро анҷом доданд, ки ҳадафи он афзоиши фишори сиёсӣ бар Теҳрон буд (ба вежа дар ҷараёни музокирот сари "мушкили об” ва истирдоди шахсиятҳои мазҳабии Балучистони Эрон, ки дар “иморат”-и Толибон паноҳандагӣ гирифтаанд). Ҷанги 27 май нишон дод, ки Толибон қасд дорад стратегияи ҷомеъи “музокира-тирандозӣ”-ро дар равобит бо Теҳрон думбол кунад.

3- Чунин стратегияи Толибон шомили тахриби тадриҷии имиҷи Эрон, "кам омаданд/фурӯ рехтан"-и он дар назди кишварҳои минтақа ва афкори умумии мусулмонон аст. Маҳв кардани тасвири Эрон ба унвони як қудрати вежаи минтақаӣ дар айни ҳол абзоре барои сохтани тасвире аз иморати Толибон ба унвони як ҳамтои геополитикии Теҳрон, балки ба унвони як маркази ҷадиди қудрат дар минтақа аст, ки метавонад Эронро водор ба ақибнишинӣ ва таслим шудан кунад.

 4 - Ин аҳдофи Толибон ба таври айнӣ бо манофеъи мухолифон ва руқабои геополотикӣ ва минтақаии Эрон - Амрико, Исроил, Арабистони Саудӣ, Қатар - мунтабиқ аст. Наметавон рад кард, ки истихбороти ин давлатҳо дар иҷрои стратегияи Толибон барои “барандозӣ”-и Эрон даст дошта бошанд ва шояд иморати Толибон умедвор аст, ки раванди ба расмият шинохтани он тавассути теъдоде аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ суръат хоҳад гирифт.

5 - Теҳрон бояд ба суръат як стратегияи вокуниш ба чолиши Толибон эҷод кунад. Раҳбарии Эрон, ки ҳеҷ таваҳҳуме дар мавриди моҳияти террористии режими Толибон надорад, то кунун саъй карда аз рӯёрӯии низомии мустақим ё ниёбатӣ бо он худдорӣ кунад. Вақоеъи 27 май мумкин аст Теҳронро маҷбур ба таҷдиди назар дар ин рӯйкард созад. Ташдиди бештари танишҳо дар марз, ҳамроҳ бо намоиши қудрат аз сӯи Толибон, ногузир Теҳронро маҷбур ба анҷоми як амалиёти пешгирона барои ҷилавгирӣ аз авоқиби фоҷиабор барои эътибори худ ва тавозуни қувваҳои минтақаӣ хоҳад кард.

6 - Ба назар мерасад, беш аз пеш ин воқеият бармало мешавад, ки Теҳрон ба самти ҳимояти фаъолтар аз проекти ҷанги ниёбатӣ алайҳи режими Толибон ҳаракат кунад ва ин кор метавонад бо кӯмаки нерӯҳои муқовимати зидди Толибон ва ҳимояти Тоҷикистон имконпазир аст. Иттилооте вуҷуд дорад, ки истихбороти Эрон мамнуъияти омӯзиши размандагони муқовимати зидди Толибони мустақар дар хоки Эронро коҳиш додаанд. Дарвоқеъ сӯҳбати мо ин аст, ки (монанди Русия дар Украина) Теҳрон як амалиёти вежаи низомӣ алайҳи Толибон дар бахше аз хоки Афғонистон тавассути нерӯҳои мусаллаҳи муқовимати зидди Толибон ба роҳ андозад.

7 - Бадеҳист, ки Теҳрон саъй хоҳад кард аз "шиасозӣ"-и амалиёти вежаи низомии худ дар баробари Толибон худдорӣ кунад то аз таъбири ин рӯёрӯӣ ба "ҷанги шиаву суннӣ" ҷилавгирӣ намояд. Барои Теҳрон, тасвири беҳинаи амалиёти вижаи низомӣ, муборизаи озодибахши ватанпарастон афғон аз миёни сарбозони собиқи артиши Афғонистон дар баробари зулми террористҳои ишғолгари Толибон аст.

8 - Иҷрои амалиёти вижаи низомии Эрон алайҳи Толибон дар охири тобистон ва аввали тирамоҳи 2023 - имконпазир аст. Замони ин амалиёт мустақиман ба шиддати таҳрикоти Толибон ва иҷрои стратегияи фурӯпошии имиҷи Эрон тавассути раҳбарони Толибон дар тобистони имсол бастагӣ дорад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!