Хабари рӯз

Созмоне, ки аз корманди худ дифоъ карда наметавонад, аз мардуми оми Афғонистон чӣ гуна дифоъ кунад?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон)

Теъдоде аз дӯстон махсусан аҳзоб ва ниҳодҳои сиёсиву иҷтимоии Афғонистон таваққӯъ доранд, ки музокироти байнулафғонӣ таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид агар доир шавад, натиҷаи мусбатеро барои наҷоти Афғонистон аз ин бунбаст хоҳад дошт. Аммо иддаи дигаре аз афғонҳои азиз хусусан хоҳарони мӯҳтарами мо аз иҷроот ва амалкардҳои Созмони Милали Муттаҳид норозианд ва ҳатто мегӯянд, ки ин созмон ба ҳимоят аз Толибон қарор доранд, ки ҳақ ба ҷониб ҳам ҳастанд.

Ман бовараманд нестам, ки Созмони Милали Муттаҳид битавонад кореро дар мавриди Афғонистон, ки лоиқи мардум бошад, анҷом диҳад. Созмони Милали Муттаҳид, бахусус, ҳамин оқои Гуттереш тавони онро надорад то дарди мардуми Афғонистонро даво кунад.

Ман нуқоти зайлро мехоҳам бо шумо шарик созам ва қазоватро ба ҳукми виҷдон ба шумо вогузор мекунам.

Оё Созмони Милали Муттаҳид медонад, ки Афғонистон тайи изофатар аз чаҳор даҳаи ҷангҳои хунини ҳуҷуми абарқудратҳо як мартаба Иттиҳоди Шӯравӣ ва бори дигар бо созу барги Амрико ва ҳампаймононаш бар сари мардуми Афғонистон чӣ ҳолате омад?

Оё Созмони Милали Муттаҳид медонад, ки дар Афғонистон дар миёни ин ду ҷанг, яъне дар замони шӯравиҳо ва дар замони амрикоиҳо изофатар аз як миллиону ҳаштсад ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафари дигар захмӣ ва маълул шуданд?

Ҳамин лаҳза дар Афғонистон фақр истибдод ва беадолатӣ бедод мекунад ва зери ҳокимияти Толибон дар ҳудуди изофатар аз 20 миллион нафар зери хатти фақр қарор доранд.

Тайи ҳамин чиҳил соли ҷиноёт, ки дар Афғонистон сурат гирифта ва дар ҳоли ҳозир низ ин ҷиноёт идома дорад. Оё кадом ҷинояткор аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар маҳкамаи байнулмилал муаррифӣ шуда, ё умеде ҳаст, ки муаррифӣ шавад?

 Оё дороиҳо ва сармояҳое, ки аз хуни мардуми Афғонистон ба даст овардаанд, вопас гирифта шуда? Оё касе муҷозот шуда? Бидуни шак, ки нашуда...

Ҳақиқат ин аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ба ҳеҷ сурат кореро карда наметавонад. Созмоне, ки ҳатто маншури худро татбиқ карда натавонистааст. Толибон кори хонумҳоеро, ки дар дафотири Созмони Милал кор мекарданд, манъ карданд. Аммо Созмони Милал бо гардани каҷ ҳар рӯз узр мекунад, ки Толибон онҳоро иҷоза кор бидиҳад, дар ҳоле ки усулу маншури худро зери по кардааст! Созмоне, ки аз корманди худ дифоъ карда наметавонад, ки худ маош медиҳад, чӣ расад ба ҳоли мардуми оми Афғонистон.

Ҳоло мардуми Афғонистон чӣ гуна интизор доранд, ки Милали Муттаҳид по пеш мегузорад ва кореро ба мо анҷом медиҳад?

Ман бовар надорам, ки ин Созмони Милали Муттаҳид битавонад доруе шавад барои дарду ранҷи мардуми Афғонистон, чун ин созмон таҳти таъсири абарқудратҳост. Аз тариқи абарқудратҳо тағзия мешавад ва ба дастури абарқудратҳо амал мекунад. То абарқудратҳо бо якдигар дар мавриди Афғонистон тафоҳум накунанд, ин Созмони Милали Муттаҳид агар садҳо ҷаласаи дигарро доир кунад, кореро анҷом дода наметавонад.

Ҳамин Созмони Милали Муттаҳид буд, ки дар Афғонистон ду-се маъмурияти бузург дошт ва миллионҳо доллари ҷаҳонро ба номи кӯмак инсонӣ ба масраф расонид. Натиҷаи он чӣ шуд?

Афғонистон вайронтар шуд. Усул, қонун, муқаррарот ва низом аз байн рафт. Мардум зиёдтар муҳоҷир шуданд ва як бори дигар Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифт. Ин аст сарнавишти иҷрооти Милали Муттаҳид. Ин аст боварҳо ва ақоид, ки дунё ба абарқудратҳои ҷаҳонӣ доранд.

Агар мо бо ҳамин амалкардҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар ҷаласаи Доҳа сурат гирифт ва ба ҳамин амалкардҳое, ки эъломия содир мекунад ва аз ҳуқуқи занҳо дифоъ мекунад, дил бубандем ва бовар кунем, мутмаинан ба сарманзили мақсуд нахоҳем расид.

Ин боварҳо, ки Созмони Милали Муттаҳид моро аз ин бадбахтиҳо наҷот медиҳад, “хоб асту хаёл асту маҳол асту ҷунун”...

Фақат бояд як миллати воҳиду ҳамдаст шуд дар роҳи наҷоти ватани худ то қурбонгоҳ гом бардошт, дар ғайри он чорае вуҷуд надорад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!