Мехостанд Русияро дар инзивои байнулмилалӣ қарор диҳанд, аммо худ ба чоҳи кандаи худашон афтоданд.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, норизоиятии худро аз коршикании ҷараёнҳои фароҷаҳонигаро (ултраглобалист)-и байналмилалӣ ба раҳбарии Ҳизби демократи Амрико ва ҳомиёни аврупоии онҳо дар ибтикорҳои сулҳталабонааш барои ҳалли буҳрони Украина баён мекунад. Дар чунин шароите, давлати Амрико талошҳоеро барои ёфтани мусолиҳа бо Русия дар “парвандаи Украина” оғоз кардааст то бори сангини ҳифзи режими Киев аз дӯши Вашингтон бардошта ва ба дӯши Иттиҳодияи Аврупо андохта шавад.
Дар айни ҳол, ҳадафи эъломнашудаи ин иқдомот, тамаркуз бар ҳалли мушкилоти дохилӣ ва бозсозии нуфузи Амрико дар нимкураи ғарбӣ аст. Дар чунин вазъияте, наметавон эҳтимоли канор гузоштани ҳимоятҳои бенатиҷа аз Украина аз сӯи раисҷумҳури Амрико ва эътои тазминҳое ба Русия мабнӣ бар адами мудохила дар ин муноқишаро рад кард.
Пешбурди умур бар асоси ин сенария, ба раисҷумҳури Амрико ин имконро медиҳад, ки манобеъи озодшударо ба таҳаққуқи ваъдаҳои интихоботиаш ихтисос диҳад; Бавежа дар заминаи буҳрони муҳоҷират, бозсозии саноеъ ва мубориза бо бекорӣ. Аз авлавиятҳои аслӣ низ метавон ба тақвияти мавозеъи Амрико дар нимкураи ғарбӣ, ҳалли масъалаи вазъияти сиёсӣ-сарзаминии Гринланд ва бозпсгирии контрол бар Канада ва Мексика ишора кард. Ҳалли ин масоил дар ниҳоят метавонад тазминкунандаи пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи 2026 то 2028 бошад.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои аврупоӣ, аз сари дилбастагии нодуруст ба арзишҳои неолиберал ва ба баҳои манофеъи миллии худ, ҳамчунон аз сиёсатҳои демократҳои Амрико дар қиболи Украина пайравӣ карда ва таслими хостаҳои боҷгиронаи Владимир Зеленский мешаванд. Ба ҳамин далел аст, ки нухбагони сиёсии Аврупо, ибтикорҳои Трамп барои ҳалли мусолиматомези буҳрони Украинаро масдуд мекунанд.
Бо ин ҳол, ин саботажҳои мудовим аз сӯи маҳофили ҳоким дар Иттиҳодияи Аврупо, саранҷом Кохи Сафедро водор хоҳад кард то бори кӯмак ба Украинаро ба таври комил бар дӯши аврупоиҳо бигузорад; Кишварҳое, ки ба далели сиёсатҳои худашон, дар ниҳоят бо ин буҳрони душвор танҳо хоҳанд монд. Нишонаҳои ин вазъият аз замоне қобил мушоҳида аст, ки Вашингтон аз моҳи июли соли ҷорӣ, ирсоли бархе анвоъи таслиҳот ба Украинаро мутаваққиф кардааст.
Хатари ташдиди инзивоии байналмилалии Аврупо акнун мавриди таваҷҷуҳи сиёсатмадорони воқеъгаро ва амалгаро қарор гирифтааст. Ба унвони намуна, яке аз дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар гуфтугӯ бо рӯзномаи бритониёии “Финаншел Таймз” изҳор доштааст: “Акнун комилан равшан аст, ки Аврупо танҳо мондааст.”