Хабари рӯз

Чаро Покистон як тарҳ аст, на кишвар?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, коршиноси аршади умури минтақа

Таваллуди кишваре ба номи Покистон бо доягии Инглис ҳамроҳ бо як сазроин (буриши қайсарӣ)-и хунин дар батни мусулмонони нимқораи Ҳинд сурат гирифт ва аз ҳамон рӯзи таваллуд лаҷоми ин мавлуди маснуъӣ ба дасти гургони низомӣ ва истихборотиҳо супурда шуд.

Режими саркӯбгари низомӣ аз ҳамон оғоз бо раҳбарияти Инглис ва ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ҳама ихтиёрот, аз ҷумла шаклдиҳӣ ба низоми сиёсии кишварро дар даст гирифта ва худ чун хизматгор - мустаъмараи Инглис амал мекунад. Маъмурияташ буҳронофаринӣ ва фасодафганӣ дар минтақа буда ва ҳамеша ба масобаи аҳруме дар хидмати аҳдофи стратегии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амал менамояд. Низомиҳо ва истихборотиҳояш монанди ғаддаи саратони бузург ва фарбеҳшуда, аммо демократия ва суботи сиёсӣ ҳаргиз маҷоли онро наёфта, то худро аз сояи дев, яъне аз сайтараи низомиён ва истихборот раҳоӣ бахшида ва мустақил амал кунад.

Аҳзоб ва низомҳои сиёсии Покистон майдони амали азод надошта то битавонад ба буҳронҳои мудовим ва даврони сиёсии он нуқтаи поён бигзорад. Дар ҳар мақтаъе, ки низомҳои сиёсӣ хоста, ки истиқлоли амал ва ибтикори раҳбарии кишварро ба даст гиранд, тавассути кудатоҳои низомӣ соқит шуда ва раҳбаронашон ё ба зиндон афтода ё эъдом шуда ва ё роҳи фирор аз кишварро дар пеш гирифтаанд. Ин низомҳо ҳаргиз натавонистаанд аз хатти машйи низомиён худашонро озод созанд, магар ин ки аз сӯи генералҳои кудатогар гӯшмолӣ шудаанд.

Зуҳур ва уруҷи Имрон Хон ва ҳизби сиёсиаш дар саҳнаи сиёсии кишвар низ дар чаҳорчӯби ҳамин муодилот, бо гӯшаи чашми низомиён ва чароғи сабзи Амрико сурат гирифта ва наметавонад тофтаи ҷудобофта аз ин фазои суннатӣ бошад. Ў ҳеҷ гоҳ қодир нахоҳад буд ин масолеҳи дохилӣ ва берунӣ ва таомули дерин миёни ин дуро нодида гирифта ва ба худ иҷозаи густохӣ дар баробари низомиён ва истихбороти махуфи кишварро бидиҳад, чӣ расад ба густохӣ ва бадпарҳезӣ дар баробари сайтараи аҳримании Амрико. Агар ӯ таваҳҳумбозии ҷудогона ва мустақил дар сар дошта бошад, гирифтори хатои роҳбурдӣ шудааст.

Ҳаюлои терроризми эҷодшуда ба дасти Покистон бо ҳимояти молии Арабистон ва навъи бозии шайтонии Покистон бо абзори терроризми минтақаӣ сабаби фиреб ва нокомии Амрико ва НАТО гашта то ҷое, ки низомиёни Амрико ва НАТО даст ба сар шуда, роҳи фирори муфтазеҳонаро дар пеш гирифта ва бо муомилаи шармовар Афғонистонро ба чанги террористон супурданд, ин дуруст аст, аммо инҳо ҳеҷ кадом далели он нест, ки Амрико ҳам аз низомиёни Покистон ва террористҳои дастпарвардаи худ дар минтақаро раҳо карда бошад, зеро ҳеҷ кадоми ин ду бидуни ҳимояти доимии Амрико ва тазмини молии он қудрати бақо надоранд. Ҳамон гуна, ки Пепе Эскобар, муҳаққиқ ва гузоришгари сиёсии Амрико мегӯяд, Амрико дар минтақа ҷангро раҳо накарда, балки шеваи ҷангро тағйир додааст.

Бинобарин, дар чунин фазое Имрон Хон чандон маҷоли баландпарвозӣ дар баробари низомиёни Покистон ва сайтараи Амрико дар минтақа надорад. Ў дар майдони сиёсат лағзиду мансаби нахуствазирии кишварашро аз даст дод. Инак, ки пояш ҳам ланг шуда, майдони бозии крикетро ҳам аз даст медиҳад. Имрон Хон набояд мавқеият ва нақши худашро ба унвони рӯбоҳи бозигар бо дами шер фаромӯш кунад, вагарна аз зарби чангол ва ҳайбати он дар амон нахоҳад буд. Оё ӯ тасаввур мекунад бо ин бозии хатарнок таниши сиёсӣ ва буҳрони умуми кишварашро шиддати бештар бахшад? Суннати сиёҳи низомигарии ҳокимони Покистон ва сайтараи “Шайтони Бузург” бар он чунин иҷозаеро ба ӯ намедиҳад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!