Амрико дар ҳоли муомилаи ақиби парда бо Русия аст?!
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури байнулмилал, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Расонаҳои амрикоӣ чанде пеш хабар доданд, ки Ҷо Байден дар як сӯҳбати тилфонӣ дар моҳи июл ё август болои Владимир Зеленски фарёд зада буд, ки вай ҳеҷ гоҳ як шахси сипосгузор дар баробари ҳимояти Амрико набуда ва пайваста тақозои кӯмак мекунад.
Мардуми Амрико аз ҷанги Украина хаста шудаанд ва хостори қатъи кӯмак ба Украина ва расидагӣ ба вазъияти иқтисодии кишварашонанд. Рукуди иқтисодии Амрико дар 40 соли ахир бепешина будааст.
Дар тағйири сиёсатҳои идораи Байден фишори афкори умумии Амрико ва ба вежа нақши сиёсатгарони ҷумҳурихоҳ ва низ номаи 30 тан аз демократҳои тарафдори Сандерс бетаъсир набудааст.
Давлати Байден музокироти пинҳонӣ гӯё дар бораи Солт (Strategic Arms Limitation Talks – Музокироти маҳдудияти таслиҳоти стратегӣ) 3-ро бо Русия оғоз намудааст, ки дар асл баҳс дар бораи Украина ва ақибнишинӣ дар баробари Русия мебошад.
Амрико дар ҷанги Русия бо Украина ба аҳдофи муҳимми стратегӣ ноил гардид ва онҳо иборатанд аз:
1 - тазъифи Аврупо ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ,
2 - вобаста сохтани Аврупо ба маводи энергетикии Амрико,
3 - фирори сармоя ва технология аз Аврупо,
4 - вайрон сохтани равобити Аврупо бо Русия,
5 - ворид сохтани зарба корӣ ба Олмон ба ҳайси локомотиви иқтисоди Аврупо.
Ҷанги Украина Аврупоро аз маркази иқтисодии муҳим поин кашид ва шигофи қавиро барои бақои Иттиҳодияи Аврупо ба вуҷуд овард.
Иттиҳодияи Аврупои оянда як калби заифи вобаста ба доллари қавӣ ва инҳисороти низомии Амрико хоҳад буд.
Девори оҳанин аз Финланд то Руминия бар меҳварияти Полша эҷод мегардад, ки бештар амнияти Олмонро таҳдид хоҳад намуд.
Вазоиферо, ки Зеленский ба ҳайси ҳунарпеша бояд анҷом медод, дар ҳоли поён ёфтан аст.
Бинобарин сарусадоҳо ва паёмҳои музокирот барои баргашт ба мизи музокира ҳам аз сӯи Киев ва ҳам Вашингтон баланд шудааст.
Дар Амрико низ эҳтимол қурбониҳо вуҷуд дорад, ки якеи он мумкин вазири хориҷа Блинкен бошад.
Ӯ, ки аз тими ҷангафрӯз бар меҳварияти хонаводаи Клинтон аст, натавонист муҷрии хуб бошад.
Шонси Ҷейк Салливан ба ҳайси номзад ба мақоми вазорати хориҷа дар оянда баланд шудааст, зеро вай ба гурӯҳи реалистҳо дар сиёсати хориҷӣ тааллуқ дорад ва дар тамоми даврони буҳрон бо Русия ва Чин ҳамеша паёмҳои мудаббирона бо мавозеъи миёна фиристодааст.
Идораи Байден пас аз интихоботи миёндавраии Конгресс, монанди пеш аз интихобот нахоҳад буд.
Тағйироти зиёдро дар он кишвар бояд интизор дошт.