Бузургтарин ниҳоди истихборотӣ ва абзори нуфузи Амрикоро чӣ шуд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Дар даврони ҷанги сард, замоне, ки ҷаҳон ба ду қутб тақсим шуда буд, бисёре аз марксистҳо медонистанд, ки дар паси пардаи дурахшони Ғарб, чӣ воқеияти талхе нуҳуфтааст. Аммо бо фурӯпошии Шӯравӣ ва якқутбӣ шудани ҷаҳон то поёни давраи риёсатиҷумҳурии Ҷо Байден, Ғарб аз абзорҳои гуногуни таблиғотӣ барои фиреби афкори умумӣ баҳра гирифт.
Глобализм на танҳо дар арсаи иқтисод, балки дар сиёсату фарҳанг низ, раҳоии башарро дар пазириши шеваи зиндагӣ ва арзишҳои ғарбӣ таблиғ мекард. Ҳазорон созмони ғайридавлатӣ (NGO) бо ҳимояти Ғарб, миллиардҳо доллар дар миёни ҷавонон тавзеъ мекарданд то онҳо ҳамчун роботҳое, мубаллиғи тӯтивори арзишҳои неолибералӣ бошанд.
USAID - абзори нуфузи фарҳангӣ ва сиёсӣ
Агентии тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) яке аз ин ниҳодҳо буд, ки бо будҷае миёни 40 то 60 миллиард доллар ва 10 ҳазор корманд дар 130 кишвари ҷаҳон фаъолият мекард. Аммо он чӣ аҳамият дорад, на омор ва арқом, балки нақши воқеии ин ниҳод дар муҳандисии афкори умумӣ аст.
Ин идора, таҳти пӯшиши ҳимоят аз расонаҳои озод, 650 ҳазор хабарнигорро дар саросари ҷаҳон барои таблиғи арзишҳои амрикоӣ дар ихтиёр дошт. Ҳазорон радио ва шабакаи телевизиониро мудирият мекард ва инқилобҳои рангинро ба номи демократия дар кишварҳои мухталиф ба роҳ меандохт. Дар Украина, 90 дарсад аз будҷаи расонаҳои, ба истилоҳ, озодро таъмин мекард.
Нақши USAID дар Афғонистон
Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар даврони ҷумҳурият, чӣ теъдод аз расонаҳои Афғонистон таҳти ҳимояти USAID қарор доштанд. Аммо як ҳақиқат ошкор аст: он ниҳод нақши басазое дар тарбияти насли вобаста ба долларҳои энҷиоӣ дошт - насле, ки на танҳо ҳеҷ тааллуқи отифӣ ва эҳсосе ба мардуми худ надорад, балки арзишҳои бумиро низ ба фаромӯшӣ сипурдааст.
Се сол пас аз султаи аҳримании толибонӣ, ҳар он чӣ аз энҷиоҳое ба мисли Агентии тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) боқӣ монда, инсонҳои дар зоҳир сиёсианд, ки сирф як баҳс доранд ва он ёфтани манобеъи молии хориҷӣ, бавежа амрикоӣ ва ҳимояти хориҷӣ. Ин фарҳангро метавон яке аз муҳиммтарин дастовардҳои USAID донист.
USAID ба таърих пайваст?
Илон Моск, Доналд Трампро мутақоид кард, ки Агентии тавсеаи байналмилали Иёлоти Муттаҳидаро, ки гӯё аз мардуми Амрико намояндагӣ мекард, мунҳал кунад. Бетардид, Амрико барои ҳифзи султаи гегемонии худ, ба ниҳоди мушобеҳ ниёз хоҳад дошт, аммо то замони эҷод ва фаъолсозии он, чизе ба номи "Агентии тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида" ба таърих пайвастааст.