Хабари рӯз

Назме, ки баъд аз 1991 ё баъд аз ҷанги сард барқарор шуда буд, имрӯз мурд.

Манбаъ: Сафҳаи “Х”-и Амрулло Солеҳ

Раисҷумҳур Путин ба бештари аҳдофи стратегие, ки дар оғози Амалиёти вежаи низомӣ алайҳи Украина таъйин карда буд, даст ёфт. Бардошти ман аз дастовардҳои ӯ:

1 - Украина узви НАТО нахоҳад буд.

2 - Бисёре аз сарзаминҳои русизабони Украина аллакай таҳти контроли Русия қарор дорад.

3 – Иттиҳоди фароатлантик мутазалзил шуд.

4 - Таҳримҳо натавонистанд иқтисоди Русия ё артиши Русияро тазъиф кунанд.

5 - Як ҷаҳони чандқутбӣ ҳоло як ҳақиқат аст, на фақат як мафҳуми интизоъӣ (абстракт).

6 - Иқтисоди Аврупо нисбат ба қабл аз ҷанги Украина ба далели таҳрими энержии Русия ва тахриби Норд Стрими 1 заифтар шуд.

7 - Артиши Русия дар сахтиҳо модерн шуду дар ҷангҳо обутоб ёфт ва таҷрибаи бебаҳоеро аз роҳи сахтӣ ва худгузаштагӣ ба даст овард.

8 - Эътимод ба аслиҳаи Русия эҳё шуд ва муштариёни бештареро ба худ ҷалб кард, зеро дар муқобили тамоми санъати ҷангии НАТО қарор дошт.

9 - Инсиҷом бо як хусусияти муҳофизакорӣ дар ҷомеаи Русия баргаштааст - либералҳо, олигархҳо ва анархистҳо амалан аз арсаи ҷомеа мафқуд шуданд. Созмонҳои ғайридавлатӣ ё энҷиоҳо низ ба шиддат аз мавқеи худ маҳрум шуданд.

10 - Фазои ҷуғрофиявие, ки маъмулан Авруосиё номида мешавад, ҳоло ба унвони як соҳаи нуфузи Русия шинохта мешавад, ки аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрика ба сурати шифоҳӣ тасдиқ шудааст.

11 - Русия вазни геополитикии кофӣ ба даст овард то дар ҳар мавзӯъи ҷаҳонӣ, бавежа дар минтақаҳое, ки Ғарб ба таври маънидор ҳузур надорад, нуфуз дошта бошад.

Мо шоҳиди тулӯъи як назми ҷадиди ҷаҳонӣ ҳастем. Назме, ки баъд аз 1991 ё баъд аз ҷанги сард барқарор шуда буд, имрӯз мурд”.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!