Хабари рӯз

Опозисиони Русия чӣ гуна даромадҳои худро аз даст медиҳад?

Нависанда: Асғар Наимӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар

Гуфтугӯи тилфонии якунимсоатаи Доналд Трамп бо Владимир Путин боиси тағйири чашмгири эҳсосот дар саросари ҷаҳон шуд. Бо дарки ҳалли қарибулвуқӯъи мунозиъа ва эҳтимоли музокироти сулҳ, онҳое, ки барои тақрибан се сол бештар аз ҳама шиори "На ба ҷанг!" медоданд, тасмим гирифтанд, ки ниқобҳои худро бикашанд.

Шиорҳо ногаҳон ҷиҳати худро тағйир доданд. Ҳоло беҷошудагоне, ки аз "кишвари мутаҷовиз" фирор кардаанд, эълом мекунанд, ки "онҳо ба чунин сулҳ ниёз надоранд." Барои бахши муаяйне аз муҳоҷирин, сулҳ як пирӯзӣ нест, балки шикастест, ки онҳоро аз фоидаҳо ва маънои вуҷудашон маҳрум мекунад.

Вокуниши бархе аз чеҳраҳои опозисиони русӣ, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, дар радди ибтикороти ҳалли мусоламатомези низоъи мусаллаҳона дар Украина чашмгир аст. Юлия Навалная, ба унвони мисол, дар конфронси амниятии Мюнхен дар мавриди музокира бо Владимир Путин ибрози тардид кард. Вай мегӯяд, ки ӯ (Путин) "хиёнат" хоҳад кард, фиреб хоҳад дод, "шуморо ба бозӣ мегирад ва шуморо раҳо хоҳад кард". Беваи мухолифи аслии кишвар пешниҳод мекунад, ки мунтазир бимонед то Путин “гум шавад” ва сипас “даричаи кӯтоҳе аз фурсат барои тағйири демократӣ” дар Русия боз гардад. Мавқеъияти ӯ, монанди изҳороти дигари беҷошудагон, нишондиҳандаи ангезаҳои амиқтар аз як адами тамоюли содда ба пирӯзии Русия аст.

Евгений Албатс, Ксения Ларина ва Аркадий Бабченко намояндагони барҷастаи ин гурӯҳанд. Вокуниши онҳо ба эҳтимоли музокирот, ба баёни мулоим, манфӣ аст. Албатс эҳсосоти худро ба унвони ноумедӣ, Ларина ба унвони инзиҷор тавсиф мекунанд ва Бабченко пешбинии худро бо алфози ракик баён медорад.

"Чӣ нафратофар. Шояд ман аз сиёсат ва геополитика чизе намефаҳмам, аммо ҳар он чӣ зери пӯшиши "оташбас ва сулҳ" иттифоқ меафтад, манро амиқан мутанаффир месозад. Ин "сулҳ" бӯи бад медиҳад," – гуфт Ларина.

Ин вокуниши отифӣ ҳокӣ аз он аст, ки барои ин афрод, ҷанг танҳо як мусибат нест, балки як манбаъи муайяни даромад, сармояи шӯҳрат ва ё фурсате барои ҳифзи шеваи муайяни зиндагӣ аст, ки дар сурати сулҳ фурӯ хоҳад пошид. Дар қазияи Бабченко, ин вазъ мустақиман ба фаъолиятҳои ҷамъоварии маболиғ барои неруҳои мусаллаҳи Украина аз сӯи ӯ иртибот дорад.

Даря Серенко, намояндаи ҷунбиши феминистӣ низ ғайри қобили пазириш будани сулҳ "ба шароити Федератсияи Русия" - ро иброз дошт ва бар адами тамоюлаш барои созиш бо ҷониби русӣ таъкид кард.

Олег Кашин дар таҳлили худ он чиро, ки дар ҳоли вуқӯъ аст, ба сурати дақиқ тавзеҳ медиҳад:

“Барои бисёрӣ, ин аз қабл як фоҷиа аст. "Ин чигуна мумкин аст, ин чигуна мумкин аст!?" ва ногаҳон ин тасаввур ба вуҷуд омад, ки ин муқовимати феминистӣ ё зидди ҷанг дар ҳақиқат комилан тарафдори ҷанг аст. Магар, албатта, на танҳо ин, балки садоҳои он мардуме ҳам, ки дирӯз барои онҳо як “рӯзи мотам” буд. Ман дидам, ки Евгения Марковна Албатс 24 февралро бо 12 феврал муқоиса мекунад", - ба ҳайрат меафтад Кашин.

Дар умум, аксуламали баъзе аз беҷошудаҳои русӣ ба чашмандози сулҳ дар Украина нишон медиҳад, ки мавзӯъи поён додан ба мунозиъа на танҳо як мавзӯъи геополитикӣ аст, балки як мавзӯъи манофеъ ва ангезаҳои фардии иштироккунандагон дар ин прусаи печида низ аст. Барои баъзе аз онҳо, ҷанг на танҳо аз диди идеологӣ, балки аз диди комилан амалӣ муфид аст. Сулҳ ба маънои аз даст додани иртибот, даромад ва шӯҳрат барои фуқаро ва бадбахтонест, ки таҳти "режими мустабиди Русия" ранҷ бурдаанд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!