Толибон* тағйире накардаанд, аммо барои тундравӣ ва ифротият амалгаротар шудаанд ва мехоҳанд бо ҳар чӣ, ҳатто бо сарнавишти иҷтимоии занон ва духтарони Афғонистон бо кишварҳои хориҷӣ муомила кунанд.
Нависанда: Яъқуб Ясно
Аммо ин муомила барои ин аст, ки ба расмият шинохта шаванд ва фурсатсозӣ кунанд, сипас қасди худро ошкор мекунанд. Мегуфтанд, мамнуъияте дар омӯзиш ва кори занон эҷод намекунанд. Аммо омӯзиш ва кори занонро мамнуъ карданд. Барномаҳоеро, ки бист сол пеш иҷроӣ карда буданд, дар пайи таҳаққуқ ва иҷрои он барномаҳо ҳастанд.
Султаи Толибон дар Афғонистон ба нафъи ҳеҷ қавме нест. Ин ки аксарияти мақомоти онҳо аз қавми паштун ҳастанд, аммо ҳузури онҳо ба нафъи қавми паштун тамом намешавад. Чанд нар/норинаи паштун дар қудрат бошад ё набошад, ба тавсеаи иҷтимоӣ ва фарҳанги мардум паштун таъсире надорад, ҳатто сохтори иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми паштунро аз вазъияти кунунӣ низ ба ақиб бармегардонад.
Сохтори иҷтимоии мардуми паштун ва дар кул мардуми Афғонистон ниёз ба тағйир, таҳаввул ва тавсеа дорад. Аммо дар ҷомеае, ки занон омӯзиш набинанд ва кор надошта бошанд, имкон надорад он ҷомеа, озодӣ, мудоро, тавсеа ва шукуфоии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиро таҷриба кунад. Тағйир, таҳаввул, тавсеа ва шукуфоии сохтори иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаҳои модерн ва муосири ҷаҳон, иртиботе мустақим ба ҳузури пурранги башарии занон дорад.
Ҷомеае бе ҳузури занонро дар зеҳнтон тасаввур кунед, ки чӣ гуна ҷомеае метавонад бошад? Ҷомеае, ки аз мардони ваҳшии асабӣ, уқдаӣ ва ҳақир ташкил шудааст. Зеро дар набуди ҳузури занон дар ҷомеа, шикофҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ бештар мешавад, ки дар натиҷа ба асабият, уқда ва ҳақорати бештари мардон меанҷомад. Инсон (зан ва мард) дар ҳузур ва мушорикати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҳам ба воқеияти маънодор ва шукуфоии ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии башарии худ даст меёбад.
Толибон бо мамнуъияти омӯзиш ва кори занон нишон доданд, ки роҳи онҳо аз мардуми Афғонистон ва мардуми ҷаҳон ҷудо аст. Толибон занон, омӯзиши модерн, ҳокимияти сиёсӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳаққи ҳаёт мардумро ба гаравгон гирифтаанд. Ҳузур занонро аз ҷомеа ҳазф карданд. Омӯзиши илмӣ ва меъёриро мамнуъ карданд ва ниҳодҳои омӯзишии давраи мактаб ва донишгоҳро ба мадрасаҳои девбандӣ табдил карданд. Бидуни интихобот ва орои мардум бо зӯр дар пайи султа ҳастанд ва ҳокимияту машрӯъияти сиёсиро ба расмият намешиносанд. Ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва мазҳабии афрод эҳтиром надоранд ва афродро бидуни маҳкама мекушанд.
Дар ин сурат, ҳеҷ умеде барои ҳамзистӣ ва мушорикат зери султаи Толибон наметавонад вуҷуд дошта бошад. Бинобарин он чӣ ҳатман рух медиҳад ҷанг, нооромӣ, гуруснагӣ, фақр, асабият ва уқдаи густурда дар кишвар аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст