Гурӯҳе, ки ҳазораро такрим мекунад ва қатли ӯро мубоҳ медонад, дар маснади қудрат аст. Агар интернет ва расона қатъ шавад, Худо медонад, ки ин гурӯҳи саффок ва муздур болои қавми ман чӣ зулмеро раво хоҳад дошт. Танҳо роҳи бақо барои ҳамаи ақвом дар шароити кунунӣ Аҳмади Масъуд аст
Нависанда: Алӣ Ҳусайн Ҳазора
Ман як ҳазора ҳастам ва ин навиштаро бо чашмони пур аз ашк ва ҷигари пур аз хун менависам, лутфан то ахир бихонед.
Ҳазораҳо мардумони сахткӯш, боистеъдод, халлоқ, аммо дар айни ҳол мардумони хеле соддадил ҳастанд. Аз ҳамин рӯ, онҳо зуд фиреби шиорҳои миёнтиҳии раҳбаронро хӯрдаанд ва саранҷом ба ин бадбахтӣ гир афтодаанд.
Ман замоне, ки дар Кобул будам, борҳо бо рафтори табъизомези як гурӯҳи хос сар хӯрдаам. Умқи шақоват ва пиндори таассуббори онҳо ҳаргиз фаромӯшам намешавад. Ман ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард, ки аз адвори Абдурраҳмонхони ҷобир то кунун ба чӣ сон ва ба чӣ миқдоре болои қавми мазлуми ман ситам раво доштаанд. Ҳоло хотири ман парешонтар аз қабл аст, зеро гурӯҳе, ки ҳазораро такрим мекунад ва қатл ӯро мубоҳ медонад, дар маснади қудрат аст.
Ин ки чанд моҳ баъд, пас аз ин ки интернет ва расона дар Афғонистон қатъ шавад, Худо медонад, ки ин гурӯҳи саффок ва муздур болои қавми ман чӣ зулмеро раво хоҳад дошт.
Дар канор ин ҳама дарду андӯҳ, дар канори ин ҳама зулмату торикӣ ман умедворам. Умедворам бар ҷавони ҳамосаофарин Аҳмади Масъуд. Ӯ дар ин шабҳои торики диёрам, хуршеде шуда дар ҳоли тулӯъ, ноҷӣ шуда барои тамоми ақвоми дарддидаи меҳанам.
Тоҷикҳо дар канори намозҳои панҷгонаашон, намозҳои шукрона низ бояд адо кунанд, зеро онҳо ноҷӣ доранд ба масобаи кӯҳпояҳои Ҳиндукуш, ман бо тааҳҳуд ва ормони Аҳмади азиз аслан машкук нестам, чун медонам ӯ ҳаргиз ормони падари қаҳрамоншро фаромӯш нахоҳад кард. Ман имон дорам, ки ӯ дар сурати пирӯзӣ ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва паштунҳоро ҳамчу ҷон худ дӯст хоҳад дошт. Чашмони ӯ гувоҳи ин садоқат аст.
Ман ба унвони як ҳазора болои тамом ҳамтаборони худ садо мезанам, ки бо ин киштии наҷоти Ҳазрати Нӯҳ (алайҳиссалом) бипайванданд ва аз доияи барҳаққи ин қаҳрамонзодаи навзуҳур ҳимоят кунанд, танҳо роҳи бақо барои ҳама ақвом дар шароити кунунӣ Аҳмади азиз аст.
Ман имон дорам, ки дер ё зуд ӯ пирӯз мишавад, ӯ ноҷӣ ва қаҳрамони ин диёр хоҳад шуд. Ӯ намегузорад, ки сарзаминаш лонаи ором барои гурӯҳҳои саффок бошад.