Хабари рӯз

Пригожин чӣ як ватанпараст воқеӣ бошад ва чӣ як хоин, дар ҳар сурат як таҳдид боқӣ мемонад, зеро ӯ якрав ва ғайри қобили пешбинӣ аст.

Нависанда: Неъматуллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор (Тоҷикистон)

Акнун, пас аз танишзудоии авзоъ дар Русия, ҳар касе метавонад ҳар чизе бигӯяд, ҳатто Евгений Пригожин, раиси ширкати хусусии низомии “Вагнер”, ки сабаби воқеии ақибнишинии худро адами тамоюл ба "рехтани хуни рус" хонд.

Ин қазия дар Русия ва хориҷ аз он хеле доғ шуд. Ҳеҷ кас наметавонист пешбинӣ кунад, ки "марши адолат" – и вагнериҳо чӣ гуна ба поён мерасад. Ғарб бо ҳаяҷону умеди фаровон интизор дошт, ки саранҷом он чӣ мехост муҳаққақ мешавад. Ва ба таври ғайрмунтазира. На шӯриши мардум, ки барномарезӣ карда буданд, ба вуқуъ пайваст, балки низомиён даст ба балво заданд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, бо ҳисоб рӯи ин воқеият, ки дар суфуфи мудофеъони сарзаминҳои ишғолӣ (барои дигарон, сарзаминҳои илҳоқшуда) метавонад сардаргумӣ ва ҳарҷу марҷ оғоз шавад, ба шиддат фаъол шуд, аммо сарбозони русӣ монанди қабл истодагӣ карданд, гӯӣ аз он чӣ дар ақибгоҳ иттифоқ меафтод, ҳеҷ хабар надоштанд. Шояд, дарвоқеъ, бисёриҳо чизеро намедонистанд. Мухолифон, душманони Русия, русофобҳо аз эҳтимоли як рӯёрӯии мусаллаҳона хушҳол ҳам шуданд. Аммо ҳеҷ кас интизори як тағйири сареъро надошт. Шояд касе тасаввур намекард, ки дӯстии ду шахсият битавонад Русияро аз хунрезии бесобиқа наҷот диҳад.

Агар қатлиоме дар наздикии Маскав рух медод, маълум набуд, ки чӣ иттифоқоте дар ҷабҳа ё дар марзҳои Харкову Курск пеш меомад. Аммо ҳама чӣ гузашт. Бо шарофати ибтикори раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко, ки тавонист Евгений Пригожинро ба авоқиби фоҷиабори бархӯрди ширкати “Вагнер” бо воҳидҳои омодаи истиқбол аз ширкаткунандагони марши низомӣ мутақоид кунад.

Оё далоили дигаре барои ақибнишинии Пригожин вуҷуд дошт?

Фикр мекунам, бале. Аввалин. Шояд Евгений Пригожин интизор надошт Путин иқдоми ӯро як хиёнат талаққӣ мекунад, балки интизор дошт, раисҷумҳур барои ҳалли дипломатии мушкил талош мекунад, ҳатто то ҳадди бароварда сохтани хостаҳои фармондеҳи “Вагнер”.

Дувумин. Аз эҳтимол дур нест, ки тасмими вай барои мутаваққиф кардани "марши адолат" дар пайи ин воқеият гирифта шуд, ки аксар "вагнериҳо" ба иқдомоти иштибоҳии фармондеҳи худ пай бурданд ва тасмим гирифтанд бештар аз ин пеш нараванд ва довталабона ба маконҳои истиқрори доими худ бозгарданд. Дарки ин ки ширкати хусусии низомӣ дер ё зуд шикаст хоҳад хӯрд, ӯро маҷбур ба пайдо кардани роҳе барои созиш кард.

Севум. Қатъан Пригожин як хоин нест, ӯ як ватандӯсти воқеӣ аст, аммо як ҷангҷӯи якрав, ҷоҳталаб ва озурда ҳам ҳаст, ки тавоноиҳои худро беш аз ҳад баровард кардааст. Ақли ӯ шояд пас аз гуфтугӯ бо як сиёсатмадори бисёр ботаҷриба ва зирак, ки чашмони ӯро ба дидани воқеиятҳо боз кард ва фаҳмонд, ки агар хун рехта шавад, номаш барои ҳамеша доғдор мешавад, дубора ба сараш баргашта бошад. Ӯ метавонист аз як қаҳрамон ба хоине, монанди Власов, табдил шавад.

Чаҳорум. Бо ин ҳол, шояд ҳисси ватанпарастии ӯ бар ҷоҳталабиҳояш боло гирифт ва дар гирифтани тасмими охиринаш нақши аслиро бозӣ кард.

Мо дар ҳоли ҳозир дар мавриди ин ки Пригожин куҷост, аз марзи Русия ва Беларус убур карда ва бо чӣ касе, иттилооте надорем. Тасаввури ин душвор нест, ки бо бархе аз ҷанговарон ва таҷҳизоти низомии ширкати “Вагнер” - бахше аз тазмини амният ӯ – аз Русия рафта бошад. Ин бад-он маънӣ аст, ки ҷанговарони ӯ дар ниҳоят метавонанд ба суфуфи неруҳои мусаллаҳи Беларус бипайванданд.

Ин савол матраҳ мешавад, ки дар чӣ шароите Лукашенко ва Пригожин бар сари тағйир дар вазорати дифоъи Русия ба тавофуқ расиданд, зеро ин Шойгу ва Герасимов буданд, ки вазъиятро то ба як фоҷиаи эҳтимолӣ расонданд? Чӣ иттифоқе бо худи Пригожин хоҳад афтод?

Фикр мекунам, як зарурат ба тағйири чеҳраҳои аслӣ вуҷуд дорад. То замоне, ки Пригожин қудрати низомӣ дорад, фирқе намекунад куҷо бошад - дар Русия ё Белорус, ӯ як хатар аст. Агар Лукашенко ваъдаи Путинро мабнӣ бар иҷрои бархе аз шартҳои Пригожин тазмин кунад, дар ояндаи наздик тағйироте хоҳад омад. Агар Пригожин шартҳои Лукашенкоро пазируфт, ки амнияти ӯро тазмин мекунад ва тавониста буд ӯро мутақоид кунад, ки дар ҳар сурат дар як бархӯрд, бигзор ба қимати хуни зиёде, кушта хоҳад шуд, пас бояд мунтазири посухи саволи дигар бошем: оё Путин чунин густохиро ба Пригожин хоҳад бахшид ва ӯро хоин намедонад?

Пригожин чӣ як ватанпарасти воқеӣ бошад ва чӣ як хоин, дар ҳар сурат як таҳдид боқӣ мемонад, зеро ӯ якрав ва ғайри қобили пешбинӣ аст. Илова бар ин, як тангназар ҳам буда метавонад, агар ҷоҳталабӣ бар хирадаш боло гирифта бошад. Дигар ин ки инҳидоми як ҳавопаймо, чандин чархбол, кушта шудани 15 нафар аз паёмадҳои "марши адолат" ӯст, ки бояд посухашро диҳад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!