Театри Украина аҳамияти худро барои Иёлоти Муттаҳида аз даст додааст. Амрико ба рӯёрӯӣ бо Чин меравад.
Нависанда: Ливон Привели, сиёсатшинос (Гурҷистон)
Дар ҳоли ҳозир, дар Ғарб се равиш (метод) – и мухталиф дар робита ба “инҷимод”-и мунозиъаи Русия – Украина вуҷуд дорад:
1 - Равиши НАТО;
2 - Равиши Иттиҳодияи Аврупо;
3 - Равиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
1 - Равиши НАТО. НАТО мухолифи “инҷимод”-и мунозиъа ва мухолифи қатъи ироаи кӯмакҳои низомӣ ба Украина аст. Ин равишро метавон комилан як роҳкори низомӣ – прагматик (амалгароёна) номид.
Бар асоси муҳосиботи доктринистҳои НАТО “инҷимод”-и мунозиъа ба Русия мавқеъ медиҳад, то модерниза сохтани амиқи қувваҳои мусаллаҳи худро амалӣ намояд ва саноеъи дифоъӣ, нерӯи резерф (қувваҳои эҳтиётӣ)-и омӯзишдидаи урдуро омода созад ва тайи солҳои 2025 – 2026 камийяти урдуи Русияро ба 2,5 миллион нафар бирасонад.
Ин роҳкор метавонад бартарии фарзии НАТО-ро зарби “сифр” созад (НАТО тайи солиёни мутамодӣ саъй кард то нерӯи низомии Русияро аз тариқи шабакаҳои агентурӣ (ҷосусӣ) аз байн бибарад).
2 - Иттиҳодияи Аврупо – ин иттиҳодия аз назарияи “инҷимод”-и мунозиъа пуштибонӣ менамояд.
Эҷоди вақфа ва азсаргирии раванди музокирот ба Иттиҳодияи Аврупо мавқеъ медиҳад то прусаи модернизасозии сиёсии Иттиҳодияи Аврупоро ба сар расонад, яъне аз сохтори конфедератсияи феълӣ ба сохтори федератсия гузор намояд, яъне амалан “Иёлоти Муттаҳидаи Аврупо”-ро бо урду ва марокизи идории хеш ба миён орад.
Дар амал, ин гузор ба маънои ташкили давлати либерал-фашистӣ дар Аврупо хоҳад буд.
Ҷанги Украина манобеъи азими Аврупоро мунҳариф месозад ва метавонад боиси таъвизи либералҳо ва сотсиал – демократҳои номаҳбуб, ки масъули буҳрони ҷорӣ дар Аврупоанд, гардад.
3 - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Дар ҳар кадом аз ривоятҳои “инҷимод” театри Украина барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дигар мавқифи асосии худро аз даст дода ва Вашингтон онро комилан як муноқишаи ҷаҳонӣ бо Чин мепиндорад. Амрико қасд дорад масъулияти тадвини стратегияро дар қиболи Украина аз шонаҳои хеш дур созад.
Амрика ба марҳалаи рӯёрӯӣ бо Чин дохил мешавад.