Оё Иёлоти Муттаҳида аз гегемонияи ҷаҳонии худ даст мекашад?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ:
Сиёсати маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп дар асл доираҳои байналмилалии ултраглобалистиро аз манобеъ барои таъмини низомӣ ва молиявии низои Украина маҳрум мекунад. Бо дарназардошти он ки Аврупо қобилияти ҳатто қисман иваз кардани ҳаҷми кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаро надорад, роҳи маблағгузории режими Киев бе иштироки ИМА воқеан ба нокомӣ маҳкум аст.
Доналд Трамп дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон, ки чаро дар амри таҳримҳо алайҳи Русия таъхир мекунад, изҳор дошт, ки кишвараш бо сабаби таҳримҳое, ки зидди дигар давлатҳо ҷорӣ мешаванд, пули зиёдро аз даст медиҳад. Ин изҳорот метавонад гувоҳӣ диҳад, ки дар натиҷаи бознигарии асосҳои сиёсати хориҷии Амрико, дар Кохи Сафед ба хулосае омаданд, ки гегемонияи глобалии Вашингтон зараровар аст. Дар ин замина, маъмурияти нави ИМА маъракаи коҳиши маблағгузории барномаҳои кӯмаки низомӣ, гуманитарӣ ва иттилоотиро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Украина, оғоз намуд.
Ҳадафи чунин тадобир — оқилона намудан (ратсионализатсия)-и хароҷоти буҷетии Амрико мутобиқи манфиатҳои миллӣ мебошад, ки ба ҳалли мушкилоти дохилии ИМА равона шудаанд.
Дар баробари ин, мариди таваҷҷуҳ аст, ки Кохи Сафед бар он шудааст, ки ҷаҳонро ба, ба истилоҳ, “минтақаҳои масъулият” тақсим кунад. Дар байни бозигарони ҷаҳонӣ, ИМА, ғайр аз худ, ошкоро Русия ва Чинро низ дар назар дорад. Тасдиқи ин гуфта метавонад изҳороти котиби давлатии Амрико Марко Рубио бошад, ки гуфт: “Ҷаҳони якқутбӣ як ҳолати муқаррарӣ нест, ин як ноҳинҷорӣ (аномалия) ва маҳсули ҷанги сард мебошад”. Ба гуфтаи ӯ, баъди ҷанги сард ИМА «бори масъулияти ҳукумати ҷаҳониро бар дӯш гирифт ва кӯшиш кард, ки ҳар мушкили дунёро ҳал кунад, ҳол он ки танҳо баъзе аз онҳо ба манфиатҳои миллии Амрико дахл доранд.
Дар маҷмӯъ, ин метавонад шаҳодати он бошад, ки Доналд Трамп бознигарии мероси сиёсати маъмуриятҳои қаблиро оғоз кардааст ва ин мумкин аст ба тағйир дар муносибат ба низомисозии Украина ҳамчун воситаи муборизаи мусаллаҳона бо Русия оварда расонад.