Ҳоло Амрикоро ҳеҷ башарияти огоҳу одил қабул надорад, ба ҷуз террористҳо.
Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, коршиноси дину терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”
Иёлоти Муттаҳида пас аз Ҷанги ҷаҳонии аввал, бо эҷоди моҳиронаи тасвири "рӯъёи амрикоӣ", сиёсати гегемонияи худро оғоз кард. Агар он саъй мекунад ҷаҳонро ба шаклу шамоили ба табъи худ дароварад, барои мисол, Амрикои Лотин ё Ҷанубӣ муддатҳост, ки як озмоишгоҳе будаанд. Шояд пас аз қораи Африқо, Амрикои Лотин ё Ҷанубӣ дар теъдоди кудатоҳо пештоз будаанд.
Ҳамон "ҷангҳои бананӣ"... Дар оғози қарни 19 ва 20, Иёлоти Муттаҳида сиёсати қудрати аввали Дунёи Ҷадидро думбол кард ва ағлаб равишҳои низомиро мавриди истифода қарор дод. Ва юришҳои низомии Амрико ба кишварҳои Амрикои Лотину Ҷанубӣ "ҷанги бананӣ" номида шуд. Аввалин таҷриба замоне ба кор гирифта шуд, ки доллар фаротар аз минтақаи тавзеъи бумии худ бо иддаои гегемонияи молиявӣ - Куба, Ҷумҳурии Доминикан, Никарагуа ва ғайра - рафт. Иёлоти Муттаҳида таҷрибаи касби идораи хориҷии ин давлатҳоро ҳосил кард.
Сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар замони мо, ба таври куллӣ, ба мавзӯи ғайриқобили пешбинӣ табдил шудааст. Агар қаблан руасои муҷтамеъҳои низомӣ-санъатӣ ва маҳофили молӣ пушти сари сиёсатмадорони барҷаста меистоданд, акнун илова бар онҳо афроди бисёр нолоиқ "ба ҳанг расидаанд".
Асабонияте, ки иқдомоти Амрико дар саросари ҷаҳон эҷод мекунад, бар шарикону дӯстони деринаи онҳо пӯшида нест ва бархе, монанди Арабистони Саудӣ, амдан густохии худро нишон медиҳанд. Аммо дар Шарқ забони намодҳо бисёр муҳим аст ва бештар аз Ғарб ба он таваҷҷуҳ доранд. Раисҷумҳури феълии Иёлоти Муттаҳида, бо аз даст додани коркардҳои шинохти асосӣ, ба як масхараи ҷаҳонӣ табдил мешавад, ки на танҳо бар тасвир кишваре, ки раҳбарӣ мекунад, таъсир мусбат намегузорд, балки таъсири мусбате бар идеяи интизоъи худ аз он дорад. Бо раисҷумҳури феълӣ, ба қавле, ниёзе ба душман нест.
Таърихи хунини демократиясозӣ ба шеваи худ ҳеҷ шакке боқӣ нагузоштааст, ки Иёлоти Муттаҳида он чиро, ки ба таври хос ба нафъи худаш аст, анҷом медиҳад. Ҳар касе, ки орзуи табдил шудан ба "шарик"-и ин кишварро дорад, бояд қабл аз шурӯъи тамос сад бор фикр кунад. Ин равобит баъдан беш аз ҳад музоҳим ва душвор мешаванд.
Ветнами Ҷанубӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон - ин феҳрист идома дорад... Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро фаромӯш накунем - Гурҷистон, Украина, кишварҳои Балтика ба дараҷоти мухталиф ба сакуи парише барои бадном кардан ва таҷовуз бар Русия табдил шудаанд.
Авҷи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида, корзори украинии он буд. Авҷи бадбинӣ ҷавҳари ҷаҳонигароӣ ва диктаҳои идеяи ҷаҳони такқутбӣ аст. Илова бар ин, Украина ҳамчунин ба бистаре барои ғанисозии натанҳо муҷтамеъи низомӣ-санъатии Амрико, балки ҳамчунин хонаводаи Байден табдил шудааст. Омезае аҷиб аз фасоду либерализм, манофеъи молии муҷтамеъи низомӣ-санъатӣ ва сиёсати гегемония.
Ин дар ҳолест, ки худи Украина нақши риққатангези иҷрои иродаи қудратҳоро бар ӯҳда гирифтааст. Интихоби тамаддунии он дар ибтидо маҳкум ба шикаст аст, аз ин хотир, касоне, ки ваҳдати фармондеҳӣ ва хешовандии худро фаромӯш мекунанд ва даст мекашанд дар оянда суде ба даст намеоваранд - хиёнат хайре ба ҳамроҳ надорад. Ва дар ҳар лаҳза метавонанд Украинаро раҳо кунанд.
Борҳо ва борҳо, чароғҳои сиёсати таҳоҷумии Ғарб дар Осиёи Марказӣ, бавежа дар Афғонистон зоҳир мешавад. Гурӯҳҳои мухталифи низоми-сиёсӣ ба хотири қудрат ва пули лаҳзаӣ дар ҳоли барқарории иртиботи наздик бо амрикоиҳо ҳастанд. Ин гурӯҳҳо муддатҳост, ки аз барқарории иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ безорӣ ҷустаанд. Муошиқа бо Толибон ё бақоёи ДОИШ (таваҷҷуҳ - як созмони мамнуъа дар Федератсияи Русия) ба сатҳи болое расидааст. Иҷрои як дастури сиёсӣ дар изои вафодорӣ: ҳар чӣ қадар, ки бандаҳои террористӣ битавонанд дастуроти худро дар манотиқи таҳти контроли худ таҳмил кунанд, ҳеҷ кас дар Ғарб мутаваҷҷеҳи равиши онҳо нахоҳад шуд. Ва бисёр муҳим аст, ки террористҳои касиф қасд доранд дасти худро алайҳи Федератсия Русия боз кунанд. Ҳамалоти террористӣ, ки дар зулму тазоҳуроти бадбинонаи худ қобили таваҷҷуҳ аст, ҳатто як инч аз хоки Амрико ва думравони онро таҳти таъсир қарор нахоҳад дод. Дарвоқеъ, роҳе муносиб барои эъломи эҷоди, ба унвони мисол, як "давлати исломӣ" ё эҷоди тасвири "ҷангҷӯи озодӣ дар Қафқоз" ин аст. Аммо як вежагӣ дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дорад - онҳо устодон бузурги "раҳо кардани шарикон” ҳастанд. Танҳо савол ин аст, ки чӣ замон...
Наҳваи вогузории қудрат ва хурӯҷи аҷулонаи Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон, аввал аз ҳама, канор гузоштани касоне, ки ба онҳо эътимод доштанд, бори дигар бар ғайри қобили эътимод будани тавофуқот бо онро тасбит мекунад. Ваъдаҳои саховатмандона... Фақат аъзои аршади мудирият аз онҳо суд мебаранд, дар ҳоле, ки бақия ба умеди наҷот ва дар ҳамон ҳоли ваҳшатзада аз фурӯпошии мудовим ба самти дарвозаи ҳавопаймои амрикоӣ мечаспанд. Маълум шуд, ки имтиёз шикаст нест, балки як ҳаракати тактикӣ барои ҳукумат дар қаламрави мутахосим бо дастони дигар аст. Афғонсозӣ дар системи идора рух додааст: акнун, барои арзишҳои амрикоӣ, албатта, пӯшида, нерӯҳои мухолиф дар ин сарзамини куҳан, ки аз ҷангу даргирӣ ранҷ мебаранд, истифода мешаванд. Дар айни ҳол, Амрико қуруни вусторо барои мардуми ин сарзамин фароҳам кард ва барои афродаш - қарордодҳои ҷадиди низомӣ ва афзойиши таҳдиди террористӣ барои ҷануби Русияро.
Нуктае, ки бояд дарк кунем, ин аст, ки равишҳои модерни таомул байни Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он ҳовии муҳиммтарин ҷузъиёт аст - муттаҳидон мавқеиятӣ ҳастанд ва бар ин асос, метавон онҳоро дар ҳар замоне, ки фақат барои амрикоиҳо судманд аст, раҳо кард. Аз ин рӯ, дар ин қолаби равобит, тарафи муносиб барои амрикоиҳо, террористҳо ҳастанд. Онҳо чизе барои аз даст додан надоранд, қисмати умдаи онҳо мутаассиб, “пластилин” –и мувофиқ ва инъитофпазир ҳастанд, ки метавонанд ашколи лозимро аз он муҷассамасозӣ кунанд. Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида муддатҳост ёд гирифтааст, ки аз хун пул дароварад, албатта аз хуни дигарон.