Оё Эрон тавонистааст таҳоҷуми густардаро дафъ кунад?
Нависанда: Доктор Фазлулҳодӣ Вазин, сиёсатмадор ва нависанда, махсус барои “Сангар”
Тасвир: Радари тахрибшудаи Амрико дар пайгоҳи низомии Амрико дар ал-Удайди Қатар, пас аз ҳадаф қарор гирифтан аз сӯи паҳподи интиҳории Эрон.
Дар даҳумин соат аз оғози ин набарди фарогир, арзёбии майдони набард нишондиҳандаи таҳаввулоти бузург дар муодилоти минтақа аст. Он чи то кунун рух дода, фаротар аз як даргирии маҳдуд буда ва ба назар мерасад нақшаҳои аз пеш тарҳшуда барои як ҷанги барқосо, бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.
1 - Шикасти муҳосибот дар зарбаи нахуст
Бар хилофи пешбиниҳои аввалия, мавҷи аввали ҳамалот, мавсум ба "Сипари Яҳудо" ва "Зарбаи пешдастона" аз эътилофи Амрико ва режими саҳюнист алайҳи Эрон, қудрат ва шиддати пешбинишуда дар сенарияҳои қаблӣ (мисли ҷанги 12-рӯза)-ро надошт. Ин заъф дар оташи аввалӣ нишондиҳандаи омодагии баланди дифоъи Эрон ва хунсосозии бахши муҳиме аз тавони муҳоҷим пеш аз расидан ба ҳадафҳост.
2 – Маънавияти болову суръати амали бесобиқа
Заъфи зарбаи аввалӣ, мавҷе аз эътимод ба нафсро дар сатҳҳои фармондеҳии Эрон эҷод кард, ки натиҷаи он, посухи кӯбанда ва фаврӣ буд. Ҷавоби Эрон на дар соатҳо баъд, балки дар ҳамон дақиқаҳои аввал оғоз шуд. Дар мантиқи низомӣ, суръат дар посух нишондиҳандаи ҳамоҳангии фармондеҳӣ ва вуҷуди нақшаҳои амалиёти аз пеш таъйиншуда аст; муқобили тардид ва сардаргумӣ. Эрон бо ин посухи тез собит кард, ки дар мавқеъи пассив қарор надорад.
3 - Тағйири ҷуғрофиёи набард ва ҷустуҷӯи боздорандагӣ
Дар як ибтикори стратегӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон оташи худро ба 14 пайгоҳи низомии Амрико дар шаш кишвари минтақа ва ҳамчунин ҳадафҳо дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ кушоданд. Ин “тавсеъаи уфуқӣ”-и майдони набард паёми возеҳ дорад: Эрон мехоҳад муодилотро тағйир диҳад ва як низоми амниятии навро таъйин кунад. Чун қаблан пешбинӣ мешуд, Эрон пас аз таҳаммули хисоратҳо дар солҳои гузашта, ин ҷангро як имконияти тиллоӣ барои барқарорсозии мавқеъи худ ва эҷоди “бозгашти бузург” мебинад. Ба назар мерасад, тавсияи мушовироне, ки Доналд Трампро аз хатарҳои ин моҷароҷӯӣ барҳазар доштанд, нодида гирифта шуда ва акнун ҳазинаи он дар ҳоли пардохт аст.
4 - Кӯр кардани чашмҳои душман
Дар яке аз дақиқтарин ва ҳушмандонатарин марҳилаҳои амалиёт, Эрон мувафақ шуд се радари пешрафта ва стратегии Амрико дар Баҳрайн ва Қатарро нобуд кунад. Ин радарҳо, ки пӯшише ба вусъати 5000 км-ро таъмин мекунанд, нақши мағзу чашми шабакаи падофандии эътилофиро барои ҳушдори сареъ дар бораи ҳаракатҳои нерӯҳои дарёӣ ва пойгоҳҳои партоби мушакҳои Эрон иҷро мекарданд. Бо нобудии ин системаҳо, эътилофи муҳоҷим амалан бо мушкилии “кӯрии стратегӣ” рӯбарӯ шуд ва тавони назорат ва муқобила бо мавҷҳои оташи Эрон хеле кам шуд. Ин тактика ба ёд меорад иқдоми мувафақи Ҳизбуллоҳро дар ибтидои ҷанги Тӯфони Ал-Ақсо, вақте ки радарҳои режими саҳюнистро нобуд карданд ва моҳҳо бар осмони Фаластини ишғолӣ султа доштанд.
5 - Густариши соҳаи ваҳшат
Бо партоби ҳаҷми зиёди мушакҳо ва паҳподҳо дар соатҳои гузашта, Эрон на танҳо ба ҳадафҳои низомӣ зарба зад, балки саҳнаро барои фишори равонӣ бар низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ва муттаҳидони минтақаии онҳо омода кард. Ҳолу ҳаво дар пайгоҳҳои Амрико ва шаҳрҳои режими саҳюнист, тарсу сардаргумӣ аст, ки худ заминасози тасмимгириҳои иштибоҳии баъдӣ хоҳад буд.
6 - Таблиғоти пеналти барои муҳоҷимон
Эъломи расмӣ ва расонаии мақомоти Амрико ва режими саҳюнист мабнӣ бар ин ки “ҳадафи ниҳоӣ сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст”, як иштибоҳи стратегии бузург буд. Ин эъломи мавзеъ, амалан бори сангини “ҷанги вуҷудӣ”-ро бар дӯши худи муҳоҷимон андохт ва ваҳдати миллиро дар дохили Эрон беш аз пеш тақвият кард. Дар чунин шароите раҳбарии Эрон, ки аз ҳимояти густардаи мардум бархурдор аст, бо дасти бозтар ва машруияти қавитар барои дифоъи ҳамаҷониба амал хоҳад кард.
7 - Машруияти ахлоқӣ барои посухи сахт
Ҷинояти ҳавлноки режими саҳюнистӣ дар бамборони як мактаби духтарона дар Эрон ва шаҳодати даҳҳо духтари донишомӯз, эҳсосоти умумӣ дар минтақаро сахт осеб зад. Ин амали ғайриинсонӣ, на танҳо мавқеъияти раҳбариро дар дохил мустаҳкамтар мекунад, балки ба ҳар посухи низомии мутақобили Эрон эътибори ахлоқӣ ва инсонии ҷаҳонӣ мебахшад. Дигар ҳеҷ маҳдудияте дар шиддати посух наметавон мутасаввир шуд.
8 - Боз шудани “корти Танги Ҳурмуз” ба майдон
Бузургтарин барги барандаи геополитикии Эрон — Тангаи Ҳурмуз — ҳоло расман рӯйи миз қарор гирифтааст. Хабаргузории Форс ба сароҳат аз таҳдид ба бастани ин обраҳи ҳаётӣ хабар дода ва ҳамзамон, Созмони амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё аз дарёфти паёмҳои зиёде аз киштиҳои тиҷорӣ дар Халиҷи Форс мабнӣ бар баста шудани Тангаи Ҳурмуз хабар медиҳад. Ин нишон медиҳад, ки таҳдиди Эрон мустақим ва амалиётӣ шудааст. Тӯл кашидани ҷанг баробар ба пурра қатъ шудани ҷараёни энержӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ аст; ҳушдорест, ки мустақиман аз сӯи Эрон ба гӯши қудратҳои бузург расидааст.
Хулоса ин ки пас аз даҳ соат набард дар масири комилан мутафовит бо он чи муҳоҷимон интизор доштанд, дар ҳоли ҳаракат аст. Эрон бо убур аз фазаи дифоъи сифр ибтикори амалро дар даст гирифта ва муодилотро ба нафъи худ тағйир додааст. Он чи имрӯз дар ҳоли рақам хӯрдан аст, таваллуди як назми ҷадид дар минтақа нест, балки поёни як назми куҳна ва таҳмили иродаи як миллати муқовим бар иродаи мутаҷавизон аст.