Хабари рӯз

Чигуна роҳбурди Трамп дар қиболи Эрон ноком шуд?

Манбаъ: "Евразия тудей" (Авруосиёи имрӯз)

“Тавофуқ” дар зоти худ ба маънои имтиёзоти мутақобил ва ёфтани нуқтаи миёна миёни ду тараф аст. Аммо ончи имрӯз Доналд Трамп ба унвони “тарҷеҳи дипломатия” арза мекунад, дарвоқеъ феҳристи мутолаботи якҷониба аст — бидуни ҳеч нишонае аз имтиёзи мутақобил.

Раисҷумҳур дар гуфтугӯ бо Ларри Кадлоу дар шабакаи Fox Business Network изҳор дошт, ки тарҷеҳ медиҳад бо Эрон ба тавофуқ бирасад. Ба гуфтаи ӯ, ин бояд “тавофуқи хуб” бошад — бидуни силоҳи ҳастаӣ, бидуни мушак ва “бидуни ину он”.

Аммо ончи зоҳиран омодагӣ барои музокира ба назар мерасад, аз манзари сиёсӣ маънои комилан баръакс дорад. Тавофуқе, ки дар он як тараф аз ҳама чиз сарфи назар кунад ва тарафи дигар ҳеч тааҳҳуде напазирад, тавофуқ нест. Номи воқеии он — таслим аст.

Ҳар мутаҷовизе дақиқан ҳаминро мехоҳад, ки тарафи муқобил бидуни даргирӣ ақибнишинӣ кунад. Аз ҳамин рӯ, такрори мудовими “тарҷеҳи дипломатия” аз ҷониби Трамп, тиҳӣ аз муҳтаво аст. Бадеҳӣ аст ки ӯ тавофуқро тарҷеҳ медиҳад. Кӣ пирӯзии бидуни ҳазинаро дӯст надорад?

Ин ки мавзӯъ бештар аз он ки дар бораи субот бошад, намоиши қудрат аст, дар бахши дигаре аз давраи раёсатиҷумҳурии ӯ низ ошкор шуд — замоне, ки Трамп ошкоро дар бораи вогузории Гренландия аз сӯи Дания сухан гуфт, гӯё бузургтарин ҷазираи ҷаҳон мулки хусусӣ бошад, ки метавонаш хариду фурӯхт. Мантиқ ҳамон буд: ақибнишинӣ беҳтар аз муқовимат аст.

Нақша рӯшан аст. Сиёсати хориҷии Трамп бар шарокати баробар бино нашудааст. Ҳадафи он султа аст, на тафоҳум; таҳқир аст, на мусолиҳа; пирӯзии рамзӣ аст, на ҳаллу фасли пойдори буҳронҳо. Музокира дар ин чаҳорчӯб абзорест барои таҳмили мутолаботи ҳаддиаксарӣ, на эҷоди тавозуни манофеъ.

Аз ҳамин рӯ, ҳангоме, ки раисҷумҳур аз тавофуқ бо Эрон сухан мегӯяд, манзураш мусолиҳа нест. Ӯ аз дикта кардани шурути якҷониба сухан мегӯяд.

Ва ин ҳақиқати талхи моҷарост: то замоне, ки Вашингтон дипломатияро бо таҳқир иштибоҳ бигирад, роҳи ҳалли пойдор шакл нахоҳад гирифт. Танҳо вақфаҳои кӯтоҳ миёни буҳронҳо мумкин хоҳад буд. Тавофуқ бидуни имтиёзоти мутақобил, тавофуқ нест, балки мутолабаи таслим аст.

Агар Трамп воқеан гумон мекунад, ки метавонад Эронро водор ба ақибнишинии комил кунад, бояд омодаи пардохти ҳазина бошад. Таърихи сиёсати мубтанӣ бар зӯр нишон медиҳад, ки ҳеч кишваре бо низоми сиёсии решадор ва эҳсоси амиқи ҳокимият, сирфан таҳти фишори лафзӣ ё таҳримҳои рӯзафзун таслим намешавад.

Эрониён мумкин аст омодаи мусолиҳа бошанд, аммо на таҳқир. Тафовут миёни ин ду мафҳумро сиёсатмадороне, ки мантиқи қудратро бо мантиқи муомилоти амлок иштибоҳ мегиранд, ағлаб дарк намекунанд. Фишори мудавом, агар ба роҳи ҳалли мутақобил мунҷар нашавад, маъмулан вокуниши мутақобил эҷод мекунад.

Ҳазинае, ки Трамп бояд интизор дошта бошад, ба музокирот маҳдуд нахоҳад шуд. Сиёсати фишори якҷониба тадриҷан абзорҳои қудрати Амрикоро низ фарсоиш медиҳад: инзивои сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дур шудани муттаҳидон, тазъиф шудани машруияти байналмилалӣ ва коҳиши короии таҳримҳо — танҳо бахше аз ин ҳазинаи сангин аст.

Агар ҳатто ин ҳазинаҳо низ Эронро ба ақибнишинӣ водор накунад, вазъият вориди марҳалаи хатарноктар хоҳад шуд: афзоиши таниши низомӣ, даргириҳои маҳдуд ё ҳатто рӯёрӯии мустақим. Дар чунин сенарияе, сиёсати фишор ҳамзамон Иёлоти Муттаҳидаро тазъиф мекунад ва хатари ҷангро меафзояд — ва ағлаб ин ду раванд ба сурати мувозӣ пеш мераванд.

Замоне, ки каналҳои сиёсӣ амдан баста мешаванд, мантиқи буҳрон ҷойгузини мантиқи гуфтугӯ мешавад. Дар чунин фазое, эҳтимоли бархӯрди низомӣ на як тасодуф, балки натиҷаи табиии фишори анбошташуда хоҳад буд. Шояд ҳеч яке аз тарафайн хостори ҷанг набошанд, аммо сиёсати таҳмилӣ гоҳе онро нохоста рақам мезанад.

Воқеъбинонатарин сенария метавонад таркибе бошад аз ҳазинаҳои сиёсии ҷиддӣ ва ташдиди низомии маҳдуд, аммо пурхазина. Таҷрибаи даҳаҳои ахир нишон медиҳад, ки Осиёи Ғарбӣ (Ховари Миёна) ба нудрат ба суръат аз лабаи буҳрон фосила мегирад — балки ағлаб бар он тавозун нигоҳ медорад то замоне, ки гусасте рух диҳад.

Агар Трамп дар пайи “тавофуқи беҳтар” аст, бояд бипазирад: тавофуқи воқеӣ ҳамвора ҳазина дорад — на танҳо барои тарафи муқобил, балки барои худи ӯ низ. Қудрате, ки омодаи пардохти ҳеч ҳазинае нест, дар ниҳоят ё шикаст мехӯрад ё даргири буҳроне мешавад, ки аз контрол хориҷ мегардад.

Дипломатияи бидуни имтиёз номи дигари фишор аст. Ва фишори бепоён, дер ё зуд посухе дар пай хоҳад дошт — дар қолаби ҳазинаҳои сиёсии сангин барои Амрико, ташдиди низомии ғайриқобили контрол ё, муҳтималтар аз ҳама, таркибе аз ҳар ду.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!