Агар Саддом Ҳусайн ва Қаззофӣ баргарданд, мардум бо истиқболи шӯрангез баргашти онҳоро дар сакуи қудрат ҷашн мегирифтанд.
Нависанда: Ориф Ирфон, таҳлилгар (Лондон)
Дар Сурия набарди қудрат оғоз шудааст. Таркиби гурӯҳҳои исломгаро ва террористӣ комилан номутаҷонис буда ва ҳар гурӯҳ манофеъи кишварҳои муайянро дар Сурия таъмин менамоянд. Душвор ба назар мерасад то манофеъи яксони тамоми бозигарон дар сохтори эҳтимолии низоми оянда ва иқтидори сиёсӣ бозтоб ёбад. Тавре ки дида мешавад, ҷараёни фақр, бекорӣ, қаҳтӣ, террор ва нооромӣ ба суръати грофӣ сууди хешро мепаймояд. Ва сатҳи нафрати мардуми Сурия аз террористон афзоиш меёбад.
Ҷомеаи Сурия аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як ҷомеаи модерн ва секулар буда, аз ин хотир, мумкин ба назар намерасад то гурӯҳҳои исломгаро ва терористӣ дар он замин реша гирад. Аз тарафи дигар, гароишоти урёни гурӯҳҳои террористӣ ба сӯи Амрико ва Исроил ва сукути маргбори ин гурӯҳҳо дар мавриди ишғоли бахшҳое аз сарзамини Сурия ба василаи Исроил кисвати риёкоронаи исломии онҳоро бардошт, ҳувияти аслӣ ва маъмурияти онҳоро дар хидмати Амрико ва Исроил барҷаста сохт, ки ин худ мардуми Сурия, мусулмонони ҷаҳон ва ҷавомеъи башариро алайҳи онҳо мутанаффир месозад.
Амалкарди Урдуғон ва нақши ӯ ба масобаи пешмаргаи Исроилу Амрико дар суқути Башшор Асад ва заминасозии ишғоли хоки Сурия ба василаи Исроил на танҳо нафрати умумиро дар ҷаҳони ислом, кишварҳои араб, балки дар дохили ҷомеаи Туркия низ ба вуҷуд оварда ва фактори Туркия дар Сурия ба зудӣ дарз бардошта ва вокунишҳои ҷомеаи исломӣ, кишварҳои араб ва давлатҳои ҳавзаи Халиҷро бармеангезад ва ҳамзамон ба он нуфузи Амрико ва Исроил дар Сурия ва дар ин ҳавзаҳо басуръат коҳиш хоҳад ёфт.
Кишварҳои ҳамсоя, бавежа, ҷаҳони араб, ки аз асари заминларзаи иқтидори гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия аз бақои давлатҳояшон эҳсоси нигарони дошта, барои нобудии ҳокимияти террористҳо дар Сурия тадбири вежа иттихоз карда ва эҳтимолан дар ҷабҳаи мухолифи он ба раҳбарии Русия қарор хоҳанд гирифт.
Бегумон проекти исломгароии Сурия, ки дар бозиҳои ифротгароии муосир абъоди ҷаҳониро бозтоб медиҳад, боиси тағйири роҳбурдҳои кишварҳои мутааддид, аз ҷумла Эрону Чин низ хоҳад шуд ва дар ниҳоят як ҷабҳаи муттаҳидро дар тақобул бо "Проекти Ховари Миёнаи Бузург" ва гуруҳҳои террористӣ шакл хоҳад дод.
Мазид бар он, бесуботӣ ва сайри суудии нооромиҳо дар Сурия, буҳрони иқтисодӣ, танишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар кишвар ва фуқдони як низоми қонунманд беш аз пеш мардумро ба ҳасрати даврони Башшор Асад вохоҳад дошт ва ин факторҳо зарурати тағйирро дар Сурия беш аз пеш матраҳ хоҳад сохт.
Бар ҳукми шаҳодати таърих, ҳар гоҳ Саддом Ҳусайн ва Қаззофӣ дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯза мардум бо истиқболи шӯрангез баргашти онҳоро дар сакуи қудрат ҷашн мегирифтанд. Башшор Асад як шонси истисноӣ ба даст овард, ки ба саломат аз маърака берун шуд ва шонси баргашти худро дар оянда барномарезӣ кард.