Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Сафари Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Федератсияи Русия ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо раҳбарони Толибон, аз ҷумла Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазир, барои Толибон, барои Амрико ва барои Москва чӣ паёме дорад?
Дар қадами аввал ташдиди рақобат байни Амрико ва Федератсияи Русияро дар минтақа хоҳад дошт. Чун ҳама медонанд, ки Афғонистон ба далели мавқеияти ҷуғрофиёии муҳими худ, дар гузашта низ қурбонии кашмакашҳо буда ва дар ҳоли ҳозир низ ба унвони нуқтаи калидӣ дар рақобати Амрикову Русия дар минтақа шумурда мешавад.
Аммо барои Толибон чӣ паёме дорад?
Толибон аз ин дидор ба унвони абзоре барои тасбити ҳукумати худ ва касби машрӯъияти байналмилалӣ истифодаи шоёне мекунанд. Онҳо ба думболи ҷалби сармоягузориҳо равобити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятии хориҷиҳо ҳастанд ва талош мекунанд, ки Афғонистонро ба унвони пули транзитӣ дар минтақа муаррифӣ кунанд. Ҳамчунин Толибон бар тааҳҳуди худ ба адами истифода аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар таъкид мекунанд, то эътимоди кишварҳои минтақа ва фароминтақаро ба даст оваранд.
Аммо барои Амрико чӣ паёме дорад?
Бидуни тардид Амрико аз дидори ҳайати баландрутбаи Русия ба Афғонистон хушнуд нахоҳад буд, чун Амрико медонад, ки ин дидор нишондиҳандаи афзоиши нуфузи Федератсияи Русия дар Афғонистон ва минтақа аст ва Русия талош дорад барои пур кардани халаъи қудрат, ки ношӣ аз хуруҷи қувваҳои Амрико ва рӯйкарди бахше аз рақобати геополотикии Федератсияи Русия бо Ғарб дар Осиёи Марказӣ ва Ҷануби Осиё аст.
Аммо барои Русия чӣ дастоварде дорад?
Ин сафар нишондиҳандаи тамоюли бидуни қайду шарти Маскав ба тақвияти равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ, бахусус, мубориза бо терроризм бо Толибон аст. Русия ба думболи фурсатҳое барои тақвияти равобит бо Толибон чӣ дар буъди иқтисодӣ, сиёсӣ ва чӣ мубориза бо терроризм аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Маскав қасд дорад, то дар ояндаи начандон дур номи Толибонро аз феҳристи сиёҳи худ хориҷ кунад, то масири равобити расмитар байни Москва ва Толибон ҳамвор шавад.
Дар маҷмӯъ, ин сафар тавре, ки ҳамкориҳои минтақаӣ гуфта шудааст, аммо дар ақиби он арзишҳо ва меъёрҳои сиёсӣ низ мадди назар гирифта шудааст.
Ман умедворам, ки дастандаркорони сиёсат ва қудрат дар Афғонистон эҳтиёт ба харҷ диҳанд ва нагузоранд як бори дигар Афғонистон қурбонии рақобатҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа гардад.