Хабари рӯз

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Хонандагони огоҳ аз миёни сиёсатмадорони хирадманд Афғонистон мутмаинанд, ки нашри мусоҳибаи ҳангомадори нашрияи амрикоии «Ню-йорк Таймз», ки бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ анҷом шудааст, бидуни шак, як иқдом сиёсиест, ки дорои чанд буъд аст.

Назар ба тахминоти онҳо, бозии расонаӣ бо Ҳаққонӣ бо истифода аз «Ню-йорк Таймз» мумкин чандин мухотиб ва сатҳи фитна дошта бошад. Аз ҷумла онҳо иборатанд аз:

1 – Сигнали қабл аз интихобот ба мухотибони амрикоӣ. Ин мусоҳиба дар авҷи муборизоти интихоботии раёсатиҷумҳурии Амрико мунташир шуд ва бидуни шак, ба он иртибот дорад. «Ню-йорк Таймз», ки барои Ҳизби демократи Амрико кор мекунад, талош дорад то ба демократҳо кӯмак кунад то сарзанишҳои таҳоҷумии ҷумҳуриятхоҳонро, ки онҳоро ба инъиқоди тавофуқи иштибоҳӣ бо Толибон дар соли 2020 ва ҳамчунон созмони шармовари хурӯҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон дар августи 2021 муттаҳам мекунанд.

Бо нишон додани тасвири ҷадиди Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба унвони раҳбари яке аз ҷиноҳҳои Толибон, ки барои ҳамкорӣ бо Вашингтон комилан қобили қабул аст, «Ню-йорк Таймз» ба урдугоҳи Ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳида кӯмак мекунад то як истидлолро дар дифоъ аз тавофуқи Доҳа ва ҳамчунон ба нафъи масири ҳимояти молӣ ва сиёсии давлати Байден аз режими Толибон дар Афғонистон пешниҳод кунад.

2 – Сигнал ба Ҳаққонӣ ва “Толибони мӯътадил”. Ин мусоҳиба дар «Ню-йорк Таймз», дарвоқеъ, як сигнали боз ба ҳаводорони “ҷиноҳи миёнарав” дар Толибон ва шахси Сироҷуддин Ҳаққонӣ мефиристад, ки Вашингтон аз онон интизор дорад, ки бо сарнагунии амири Толибон Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд, фитнаро такмил кунанд. Ва ин, ки агар ин кудато билохира иттифоқ биёфтад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо идораи ҷадиди Толибон ба раҳбарии Ҳаққонӣ ҳамкори карда ва густурдатарин ҳимоятро аз он хоҳад кард.

Нозирон мегӯянд, хонаводаи Ҳаққонӣ таҷрибаи ҳамкории чандин даҳа бо СӣАйЭй-и Амрикоро дорад. Ба вежа дар авоили даҳаи ҳаштод Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, падари Сироҷуддин Ҳаққонӣ, аз миёни муҷоҳидини афғон нахустин касе буд, ки алайҳи нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон меҷангид, кӯмаки молии созмони СӣАйЭй-ро дарёфт мекард.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!