Хабари рӯз

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Ҳузури асокир Кореяи Шимолӣ ба хотири дифоъи аз Федератифи Русия дар ҷанги Украина дигар як муаммо нест, балки як ҳақиқат аст.

Ба нақл аз хонум Чхве Сон Хи, вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ тайи сафаре дар Москва гуфтааст, ки кишвараш то рӯзи пирӯзӣ дар канори Федератифи Русия меистад.

Ҳоло мехоҳам бинависам, ки эъзоми нерӯҳои Кореяи Шимолӣ ба Украина барои кӯмак ба Федератифи Русия чӣ авоқибе дар пай хоҳад дошт?

Оё метавонад танишҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии ҷиддӣ ба ҳамроҳ дошта бошад, ки бар тамоми тарафҳои даргир таъсир бигузорад? Ман хидмати дӯстон зайлан менависам:

а) Ташдиди танишҳо байни Федератифи Русия ва Ғарб

Вуруди нерӯҳои Кореяи Шимолӣ ба ҷанги Украина ба унвони бахше аз ҳамкорӣ бо Федератифи Русия, ба эҳтимоли зиёд вокуниши кишварҳои ғарбиро бармеангезад. Ин иқдом метавонад ба афзоиши фишорҳои байналмилалӣ бар Русия ва ҳатто таҳримҳои бештар алайҳи Федератифи Русия ва Кореяи Шимолӣ мунҷар шавад.

б) Тақвияти мавзеъи Федератифи Русия дар ҷанг

Кореяи Шимолӣ артиши бузург ва ботаҷрибае дар шароити сахт дорад. Ин ҳузур мумкин аст аз назари теъдоди нерӯҳои заминӣ ба тақвияти мавзеъи Федератифи Русия кӯмак кунад ва дар манотиқе, ки Русия даргири ҷангҳои шадид аст, мӯҷиби пешравӣ ва ё ҳадди ақал муқовимати бештар шавад.

в) Таъсирот бар вазъияти дохилии Украина

Ҳузури низомиёни хориҷӣ, монанди нерӯҳои Кореяи Шимолӣ, мумкин аст азми Украина ва муттаҳидони ғарбии онро барои тақвияти нерӯҳои низомии Украина бештар кунад. Ҳамчунин, мумкин аст ин мавзӯъ боиси ташдиди ҳамбастагии миллӣ ва рӯҳияи муқовимат дар миёни мардуми Украина шавад.

г) Афзоиши мухотироти инсонӣ ва ҳазинаҳои ҷанг

Ҳузур нерӯҳои хориҷии бештар дар ҷанг метавонад ба афзоиши талафоти инсонӣ ва ҳазинаҳои ҷанг мунҷар шавад, чаро, ки бо вуруди нерӯҳои бештар, даргириҳо шадидтар ва печидатар хоҳанд шуд ва мумкин аст ба амалиёти густурдатар ва вайрониҳои бештар дар Украина мунҷар шавад.

д) Таъмиқи равобити низомӣ байни Кореяи Шимолӣ ва Федератифи Русия

Ҳоло, ки Кореяи Шимолӣ нерӯҳои худро барои ҳимоят аз Федератифи Русия фиристодааст, равобити низомӣ ва стратегӣ байни ин ду кишвар бештар таҳким хоҳад шуд. Ин равобит мумкин аст дар оянда боиси ҳамкориҳои низомии бештар ва ҳатто беҳбуди фановариҳои низомии Кореяи Шимолӣ шавад.

е) Паёмадҳои сиёсӣ барои Кореяи Шимолӣ

Ин иқдом эҳтимолан боис хоҳад шуд, ки Кореяи Шимолӣ ба унвони яке аз ҳомиёни қавии Русия шинохта шавад ва дар натиҷа, мунзавитар шавад. Ҳамчунин, кишварҳои бештаре мумкин аст ба таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ бипайванданд ва фишорҳои иқтисодии бештаре бар Пхенян эъмол кунанд.

ё) Хатари густариш даргириҳо ба манотиқи дигар

Ҳузури нерӯҳои кишварҳои дигар дар ҷанги Украина метавонад баҳонае барои дигар кишварҳо бошад то дар ҳимоят ё муқобила бо ин нерӯҳо вориди амал шаванд. Ин вазъият метавонад хатари густариши даргириҳо ба манотиқи дигарро ба ҳамроҳ дошта бошад ва ҳатто ба рӯёрӯиҳои бештари байналмилалӣ мунҷар шавад.

Ба таври куллӣ, эъзоми нерӯҳои Кореяи Шимолӣ ба Украина барои ҳимоят аз Федератифи Русия метавонад ба афзоиши печидагиҳо ва хатароти ин даргирӣ бианҷомад ва ҳатто мумкин аст ба тағйироти роҳбурдӣ дар масири ҷанг мунҷар шавад. Ҳатто хатари он вуҷуд дорад, ки ин ҷанг бузургтар ва кушандатар гардад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!