Покистонро ҳамон вазъе пеш меояд, ки Афғонистон тайи ним асри гузашта таҷриба кард.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Покистон изофатар аз чаҳор даҳа аст, ки душманони қасамхӯрдаи мардуми Афғонистонро таҷҳиз, тамвил ва тарбият карда ва сарнавишти мардуми Афғонистонро ба хоку хун кашидааст. Акнун, бори дигар ин террористҳо ва ин одамкушони ҳирфаӣ ва ҷинояткорони таърих ба сӯи Покистон ҳаракат кардаанд. Ба бовари ман, ҳаводисе, ки пас аз ин бар Покистон таҳмил хоҳад шуд, паёмадҳои амиқ хоҳад дошт. Он чи ки ман бар он боварамандам, мехоҳам бо шумо дар миён бигузорам.
Натоиҷи мавҷи ҳамалоти ҷангӣ дар Покистон метавонад паёмадҳои густурда ва мутанаввеъе дар абъоди инсонӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта бошад. Нахустин паёмади ин ҳамалот, кушта ва захмӣ шудан бисёре аз ғайринизомёну нерӯҳои низомӣ аст.
Илова бар ин, бисёре аз афрод мумкин аст маҷбур ба тарки хонаҳои худ шаванд ва буҳрони паноҳандагиву оворагии дохилӣ шиддат ёбад. Афзоиши танишҳои қавмӣ, мазҳабӣ ё минтақаӣ метавонад ҷомеаи Покистонро дучори шикофҳои амиқтар ва ноҳамгунии бештаре кунад. Ҳамалоти ҷангӣ ҳамчунин ба тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ монанди ҷодаҳо, пулҳо, бемористонҳо ва мадорис мунҷар хоҳад шуд.
Бесуботии ношӣ аз ҷанг метавонад мӯҷиби коҳиши сармоягузориҳо ва ихтилол дар тавлиди иқтисодӣ шавад. Зимнан даргириҳо метавонанд фаъолитҳои иқтисодиро дар манотиқи ҷангзада мутаваққиф карда ва бекории густурдаеро эҷод кунанд.
Даргириҳои шадид ва бесуботии сиёсӣ метавонад эътибори давлатро коҳиш дода ва мӯҷиби заъф дар контроли кишвар шавад. Гурӯҳҳои ифротӣ мумкин аст аз вазъияти бесуботӣ ба нафъи худ баҳрабардорӣ карда ва нуфузи худро тақвият кунанд. Ҳамчунин, кишварҳои дигар мумкин аст барои ҳимоят аз ҷиноҳҳои мухталиф ё таъмини манофеъи худ вориди даргирӣ шаванд.
Ҷанг дар Покистон метавонад бесуботиро ба кишварҳои ҳамсоя густариш диҳад ва мӯҷиби буҳронҳое дар ин кишварҳо шавад.
Мавҷи паноҳҷӯён мумкин аст кишварҳои дигарро низ таҳти таъсир қарор диҳад. Ҷанг дар Покистон метавонад бозигарони ҷаҳониро даргир карда ва рақобатҳои геополитикиро шиддат бахшад. Ин даргириҳо метавонад ҷароҳату осебҳои равонии тӯлонимуддат ба мардум, ба вежа кӯдакон, ворид кунад. Маконҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мумкин аст дар асари ҳамалоти ҷангӣ нобуд шаванд.
Дар ниҳоят, мавҷи ҳамалоти ҷангӣ дар Покистон таъсироти амиқе хоҳад дошт ва ин кишвар ниёз ба талошҳои густурда барои мудирияти буҳрону бозсозӣ хоҳад дошт.
Дар як калом, Покистонро ҳамон рӯзи сиёҳе дар интизор аст, ки ба сари Афғонистон омада буд, аз ҷумла бо ширкати мустақими Покистон.